Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии самбо барои дарёфти ҷоизаи Ашот Маркарян, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва Аврупо, ду медал ба даст оварданд.
Ин мусобиқаи пурнуфуз бо ширкати варзишгарони Арманистон, Гурҷистон, Беларус, Исроил, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Укроин барои бори ҳаштум дар шаҳри Армавири кишвари Краснодари Русия баргузор шуд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт гуштигир намояндагӣ кард ва ду нафари онҳо барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд. Неъматуллоҳ Асронқулов дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 90 килограмм ҷойҳои сеюмро касб карданд. Ба онҳое, ки дар ин мусобиқа ғолиб шуданд, мукофотпулӣ ба маблағи 2 ҳазор долларӣ, барои ҷойҳои дуюм 1200- долларӣ ва барои ҷойҳои сеюм 600- долларӣ супурда шуд.”