Убайдуллоев: "Фаъолияти имомхатибонро санҷиш кунед"

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе

Раиси Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии порлумон, ба санҷиши савияи дониши имомхатибон таъкид намуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, аз Шӯрои уламои маркази исломӣ хостааст, то фаъолияти имомхатибони масоҷиди пойтахти Тоҷикистонро мавриди санҷиши доимӣ қарор бидиҳад.

Ин таъкиди оқои Убайдуллоев рӯзи даҳуми декабр дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз пойтахт, намояндагони Кумитаи дин, Шӯрои уламо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта ва намояндагони дигар институтҳои шаҳрвандӣ баргузор гардид, садо додааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз “унсурҳои бегонаву тафриқаангез” дар миёни намозгузорон ва "таҳкими фазои диниву мазҳабӣ" дар пойтахти Тоҷикистон гирифта шудааст.

“Бо ин мақсад дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки баҳри таҳкими минбаъдаи фазои ваҳдати динӣ ва мазҳабӣ дар шаҳр, касбияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе ба таври доимӣ аз ҷониби Шӯрои таъсисгардида таҳти раёсати раиси Шӯрои уламо, имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе Саидмукаррами Абдулқодирзода, мавриди таҳлил қарор гирад”,-навишта шудааст дар торнамои расмии шаҳрдорӣ.

Санҷиши савияи дониш ва касбияти имомхатибони масоҷиди Душанбе дар ҳоле пешниҳод шудааст, ки ахиран Шӯрои уламо хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро барои ёдоварӣ аз ҳазрати Ҳусейн дар масҷиди "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдат муттаҳам карда ва кори онҳоро "тафриқаандозӣ" хонд.

Дар оғози соли ҷорӣ масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам ба санҷиши фаъолият ва савияи дониши имомхатибони кишвар пардохта буданд.

Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, бино ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, аз 327 сархатибу имомхатиби масҷидҳои ҷомеи кишвар 39 нафари онҳо аз санҷиш нагузашта, мақоми худро тарк карданд. Ҳамчунин аз 2 ҳазору 900 имоми масҷидҳои панҷвақта, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, 67 нафари онҳо баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд.

Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон, ки санҷиши савияи дониши имомхатибонро бар ӯҳда доштанд, мегӯянд, ки аксар имомхатибону имомони масоҷиди кишвар дониши кофии динӣ надоранд.