Баҳси ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ҳузури сафири ИМА

Дар акс: Сафири Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс (аз тарафи чап)

Сафири Амрико дар Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавзӯи ҳуқуқи башарро баҳс кард.
Ҳар сол 10-уми декабр ба унвони рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи башар дар ҷаҳон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, Кен Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон нишастеро бо бархе аз хабарнигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон баргузор кард.

Дар поёни ин нишаст сафир аз мусоҳибон хост, то муҳимтарин мушкилоти феълии Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башарро матраҳ кунанд.

Ин буд, ки Наргис Зокирова, раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, монеаҳо дар роҳи густариши озодии баён, бахусус дар ин авохир афзудани мурофиаҳои додгоҳӣ нисбати нашрияҳои мустақил ва таъқиби рӯзноманигоронро аз нигарониҳои марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон номид.

Ӯ гуфт, “фурсати он фаро расидааст, то бандҳое, ки омили таъқиби журналистон мешавад, аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон бардошта шавад. Зеро маҳз вуҷуди чунин бандҳо дар қонуни ҷиноӣ густариши озодии баёнро ба шиддат маҳдуд мекунад.”

Манзури хонум Зокирова мурофиаҳои додгоҳӣ нисбати нашрияҳои мустақили “Азия-Плюс”, “Озодагон”, “Фараж”, “Миллат” ва ба додгоҳ кашонда шудани чанд тан аз рӯзноманигорон, аз ҷумла Урунбой Усмонов, Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Рамзия Мирзобекова аст, ки тавассути ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорон дар як соли ахир ба мушоҳида мерасад.

Ҳамчунин Зиннатулло Исмоилов, раиси Шӯрои васоити ахбори умум адами дастрасӣ ба манобеи иттилоот, яъне мақомоти давлатиро аз дигар мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар арзёбӣ кард. Ин хабарнигори тоҷик гуфт, “мушкил, албатта, бисёр аст, аммо дар соҳаи ВАО кор хеле душвор шудааст. Қаблан дар се моҳ як бор нишастҳои раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бо хабарнигорон баргузор мешуд, аммо ҳоло ин кор дар шаш моҳ як бор дар назар гирифта шудааст.”

Афзун бар ин иддае дигар аз хабарнигоронро он чӣ ба ташвиш меорад, ки мақомоти ниҳодҳои давлатӣ дар ин авохир барои додани иттилоот аз расонаҳои хабарӣ номаи расмӣ бо матраҳ кардани саволҳоро талаб мекунанд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди хабарнигорон, ин гуна амалкард, фаврияти хабарро зери суол мебарад ва кори онҳоро дар ҷиҳати анҷоми рисолати журналистиашон душвор мегардонад.

Дар ин гуфтугӯи сафири Амрико дар Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, мавзӯи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ баррасӣ шуд.

Илова ба ин таъкид шуд, ки дар заминаи риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мушкилоти фаровоне аст, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ шавад. Дар ин радиф метавон вуҷуди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздоштшудагону маҳбусон тавассути маъмурони интизомӣ, маҳдудият дар озодиҳои мазҳабӣ, реша давондани фасоду ришва дар муассисаҳои давлатӣ, афзоиши хушунат ва ғайраро ном бурд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мушкилоти умдаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кадом аст?