Чаро 10 ҷавони тоҷик худро барои пиёда шудани аҳдофи Ҳаракати исломии Узбакистон қурбон карданд?
Дар як соли гузаштаи ҳиҷрӣ дастикам 10 ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ва аксар дар Афғонистону Покистон ҷон бохтаанд. Ин ҷавонони ҳанӯз бӯе аз шириниҳои зиндагӣ набурдаро чӣ далоиле ба сангари “ҷиҳод” андохт, ки дар сарзаминҳои бегона тан ба куштан диҳанд? Ва чӣ аҳдофест, ки ин мардум ба дунболаш бо сарзаминҳои қабиланишини Вазиристон мераванд?
Додар аз Тоҷикобод, Ҳусайн аз Қӯрғонтеппа...
ҲИУ бо пахши як изҳорот дар Интернет эътироф кард, ки тайи як соли гузаштаи ҳиҷрии қамарӣ дар ҷангҳо дар Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон 87 ҷангиашро аз даст дод, ки 10 тани онҳо аз Тоҷикистон будаанд. Дар ин хабар аксу ҳолномаи кӯтоҳи ҳар кадом ва маҳалли кушта шудани ин ҷангиён низ зикр шудааст.
Устоз Аҳмад Абдуллоҳу Додар ва қумандон Аббос аз Тоҷикобод, Абдулқайюм аз Кӯлоб, Умар ва Муҷоҳидин аз Язғулом, Ҳикматуллоҳ ва Ҳусайн аз Қӯрғонтеппа... Ин номҳо шояд мустаор бошанд, вале аксари ин кушташудаҳо, тавре аз аксашон дида мешавад, ҷавонони навхатеанд, ки ба истиснои чанд қурбонии нооромиҳои водии Рашт аксар дур аз ватан - дар мулкҳои бегонаи Афғонистону Покистон ҷон бохтаанд. ҲИУ бо ифтихор мегӯяд, ки дар ин як сол ҷангиёнаш дар паҳнои бузурге аз Вазиристони Покистон то вилоёти шимоли Афғонистон ҷангида, дар 121 “амалиёти ҷиҳодӣ” 227 сарбози Покистон, 17 техникаи низомӣ ва 3 тонкро аз байн бурдаанд.
87 кушта барои 3 тонк?
Оё тахриби ин 3 тонки артиши Покистон кирое дошт, ки 10 ҷавони тоҷик дар ғурбат ва дур аз ватан кушт шаванд? Фарзандони Тоҷикистонро чӣ ғараз ба созмоне оварда, ки як гурӯҳи террористӣ ва муттаҳиди Ал-Қоида шинохта мешавад? Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили амниятӣ, ки фаъолияти гурӯҳҳои ҷангӣ дар минтақаро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, ҷабҳаи муборизаи гурӯҳҳое, чун ҲИУ, маҳдуд бо ин ё он кишвар нест: “Ба чунин ҳаракат бештар ҷавононе мепайванданд, ки ақидаи исломӣ доранд ва мақсади зиндагӣ дар ҷомиаи исломиро доранд. Чун инро дар ватани худ пайдо намекунанд, мераванд ва дар ҳар ҷое ки барояшон амр шавад, дар ҳамлае шаҳид мешаванд.”
Давлати Усмон, ки дар солҳои 1990 раҳбари дафтари Наҳзати исломии Тоҷикистон дар Пешовар буд, мегӯяд, ин афроди тоҷик дар оғоз ба далоили мухталиф ба ҲИУ пайвастаанд, аммо пас аз оғози ҷанги зидди террор дар Афғонистон натавонистанд, ба ватан баргарданд. Амруллоҳи Собир мегӯяд, бархе размандагони тоҷик, ки шароити сулҳи соли 1997-ро напазируфтанд, бо Ҷумъаи Намангонӣ ба он сӯи Омӯ рафтанд.
100 ҷавоне ки Ҷумъа бо худ бурд
Намояндаи собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик Маҳмудҷони Файзраҳмон мегӯяд: “Як гурӯҳи хурде аз Тоҷикистон, ҳудуди 100 нафари аксар кӯдакро оварда буданд ва дар ҳамон ҷо бо онҳо кор карданд. Вақте ин атфол ба воя расиданд, ҳамон ақидаву идеологияи ҷангиро қабул карданд. Аз муҳассилине, ки дар Покистон буд, адади андаке ба онҳо пайваст. Баъди ҳамлаҳои 11 сентябр ҲНИТ бо кӯмаки Сафорати Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои СММ толибилмонашро аз Покистон пас хонд ва дар 4 ё 5 ҳавопаймо қариб ҳамаашро овард.”
Дар тирамоҳи соли 2010 мақомоти Тоҷикистон низ ҳудуди 2000 толибилми тоҷикро аз мадориси хориҷӣ пас оварданд. Асосан ба ҳамин далел ки мабодо ба доми гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ гирифтор шаванд. Зубайдуллоҳ Зубайдов, аммо гумон меравад дар Вазиристон то 30-40 тоҷик ҳаст.
Мулло Абдуллоҳ дар рӯйхат нест
Дар наворҳои таблиғии ҲИУ, ки зоҳиран аз ҷараёни тамринҳои ҷангист, метавон дид, ки чӣ ҷангиён ва чӣ мураббиёни онҳо ба тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва амру фармон медиҳанд. Аммо дар феҳрасти ҷангиёни дар як соли охир кушташудаи ҲИУ исми худи Мулло Абдуллоҳ ё Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки низ дар як соли гузашта кушта шуданд, нест. Ин дар ҳолест, ки мақомот дар ҷараёни саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи ин ду фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт ҲИУ-ро айбдор карда буданд.
Амруллоҳи Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, гароиши ин ду фармондеҳ бештар ба пойгоҳи ақидатии домулло Амриддини Табарӣ буд, ки бовар меравад, низ дар Покистон паноҳ бурда бошад: “Домуллоҳ Амриддин низ сулҳро намехост ва паймони ӯ бо Мулло Абдуллоҳ ва Алии Бедакӣ буд. Ӯ пайрави ҷараёни такфир аст. Такфириҳо ҳар чизеро, ки заррае ба Ислом шакк биорад, қабул надоранд ва як Исломи “ноб” мехоҳанд. Мулло Абдуллоҳ ва Алӣ ҳам ба такфириҳо алоқа доштанд ва мақсади онҳо таъсиси шӯъбаҳои ибтидоӣ дар Тоҷикистон буд.”
Амриддин Табарӣ дар пайи як баҳс бо марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз Афғонистон ба Покистон рафт, дар як даргирии байни гурӯҳҳои мутахосими мазҳабӣ дар Пешовар як фарзандаш кушта шуд ва аммо баъд ба Тоҷикистон баргашт. Давлати Усмон мегӯяд: “Гашта омад ва солҳои 1998-2000 дар зодгоҳаш –Нуробод ба сар мебурд.Мегӯянд, ки дар соли 2000 баъди як ҳамла ба манзилаш яке аз ҳамлагарон кушта шуд ва худи Амриддин Табарӣ ҳам фирор кард. “ Баъди саркӯб шудани ошӯби Мулло Абдуллоҳ ва Алии Бедакӣ дар водии Рашт хабари боздошти писари ӯ Муқим Табарови 38-сола нашр шуд, вале маълум нест, қазия бо чӣ анҷомид?
Умқи стратегии Покистон то куҷост?
Таҳлилгари тоҷик Фаррух Умаров мегӯяд, таҷаммӯъи густардаи чирикиҳои хориҷӣ дар хоки Покистон бидуни мусоидати мақомоти он кишвар имкон надошт. Ӯ мегӯяд, дар Покистон, ки даъвои лидерӣ дар минтақаро дорад, ҳанӯз аз оғози солҳои 90 ба тарбияи ҳадафмандонаи фарзандони муҳоҷирони тоҷик пардохта буданд, то баъдан аз онҳо ба ҳайси абзори сиёсатҳои Исломобод истифода шавад.
Аммо артиши Покистон дар солҳои охир таҳти фишори байналмилалӣ маҷбур шуд, шароити ҳузур дар сарзаминҳои қабиланишинро барои ҷангиёни хориҷӣ тангтар кунад. Ин гурӯҳҳо дар роҳи эъзоми афроди худ ба Осиёи Марказӣ ва пайдо кардани пойгоҳ дар шарқи Тоҷикистон низ талафоти зиёд доданд. Давлати Усмон шонси бозгашти ҷангиёни ҲИУ ба Осиёи Марказиро хеле ночиз меҳисобад, зеро як роҳи аслии вуруди онҳо ба минтақа -- шарқи Тоҷикистон буд, вале ҳукумат дар ду соли охир қариб ҳамаи фармондеҳони бонуфузи дар гузашта ҳамсангари ин гурӯҳро аз байн бурд ё ба зиндон андохт.
“Бозӣ” аз шимол шурӯъ хоҳад шуд
Амруллоҳи Собир аммо мегӯяд, ҲИУ шуморе аз тарафдорони худро дар ҷомаи муҳоҷирони корӣ дар Русия ҷобаҷо кардааст ва имкони бозгашташ ба минтақа аз самти шимол бештар шудааст, то аз самти Вазиристон. Аммо Фаррух Умаров мегӯяд, бо чӣ равиш дубора дар Осиёи Марказӣ ба бозӣ даромадани гурӯҳҳое, чун ҲИУ ба бозиҳои байни қудратҳо дар ин минтақа бармегардад ва дар сурати лозим Русия ҳам метавонад аз онҳо ба ҳайси абзори фишор истифода кунад.
Бо ин ҳол, Маҳмудҷони Файзраҳмон аз таҷрубаи инқилобҳои “Баҳори араб” намуна меорад ва мегӯяд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои тундрав аз роҳи террору хушунат то ҳол дар ҷое муваффақ нашудаанд, аҳзоби исломӣ дар Тунису Марокаш ва Миср аз роҳҳои сулҳомез ва дар интихобот ба пирӯзӣ расиданд. Вай меафзояд, ин барои пайравони гурӯҳҳое, чун ҲИУ, низ сабақе омӯхтанист: “Такфириҳо ва гурӯҳҳои ҷангҷӯ далел меоварданд, ки тағйири ҳукуматҳо бо роҳҳои осоишта ва сиёсӣ имкон надорад. Баҳори араб ин далели онҳоро аз байн бурд ва мавзеъи тундравони мазҳабӣ акнун заиф мешавад. Ва ин шояд ба он тоҷикҳое, ки ба ҲИУ пайвастаанд, низ таъсири хубе дошта бошад.”