Нимирӯзии 8-уми декабри соли 1991 раҳбарони Русия, Украина ва Беларус (Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич дар ҷангали Беловеж бо ҳам мулоқот ва қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро эълон карданд. Онҳо инчунин аз таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ хабар доданд. Воқеа чӣ гуна ба амал омад? Нақли Леонид Кравчукро дар ин бора ин ҷо бубинед, ки мегӯяд, Горбачёв аз мулоқот хабар надошт ва худи онҳо низ намедонистанд, ки чӣ хоҳанд кард:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
СССР чӣ хел барҳам хӯрд? Посухи Леонид Кравчук
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба барканории ҳизби коммунист аз раҳбарият, озодиҳои иқтисодӣ, истиқлолияти ҷамоҳир ва қаламравҳо ва ҷангу хушунатҳои байниқавмӣ сабаб гардид. Дар соли 2005, Владимир Путин, ки он вақт раисиҷумҳури Русия буд, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро “бузургтарин фалокати геополитикӣ”-и садаи бистум номид.