Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Осиёи Марказӣ минтақаи бидуни мина эълон карда шавад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ин ибтикори давлатро дар иҷлоси вузарои хориҷии САҲА дар шаҳри Вилнюс матраҳ кард.
Аммо чаро маҳз Тоҷикистон чунин пешниҳодро ироа кардааст?
Ҷонмаҳмада Раҷабов, раиси Маркази минарубӣ дар Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо дар Тоҷикистон маркази минарӯби фаъол аст ва онҳо дар ин замина таҷрибаи ҳаштсола доранд. Ба илова Тоҷикистон бо ниҳодҳои минарӯбӣ дар дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ робитаи хуб дорад.
Ҷаноби Раҷабов ҳадаф аз ин пешниҳоди Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: «Айни ҳол САҲА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ростои ҳамкорӣ дар ҳалли ин мушкил дар гуфтугӯ ҳаст, ки хатари минаҳоро дар якҷоягӣ ҳал кунанд. Ба ин далел пешниҳод шудааст, ки як ниҳоди муштарак таъсис дода шавад ва маркази он дар Душанбе бо пуштибонии САҲА арзи вуҷуд кунад.»
Бино ба иттилои Маркази минарӯбии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир беш аз 800 нафар сокинони ҷумҳурӣ бар асари инфиҷорӣ минаҳо осеб дида бештар аз 350 нафар ҷони худро додаанд. Ва зиёда аз 170 нафар маъюб шудаанд, ки қобилияти ҷисмонии худро аз даст додааанд. Боқимондаҳо захми нисбатан сабуктар бардоштаанд.
Раиси Маркази минрӯбии Тоҷикистон гуфт, ки то имрӯз беш аз 22 ҳазор мина ва маводи тарканда безарар карда шудааст. Вале то ҳол беш аз 9 миллион метри квадратии хоки Тоҷикистон аз минаҳо пок нашудааст. Ва мушкили аслӣ ба гуфтаи вай, минаҳо дар марзи Узбакистон будааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, аз минаҳои гузоштаи Узбакистон беш аз 150 нафар сокинони Тоҷикистон осеб дидаанд. Вай дар бораи ҳалли ин мушкил миёни Тоҷикистон ва Узбакистон гуфт: «Вазъ таврест, ки то ба ҳол бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ хатти марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон таъйин нашудааст. Ва ба ин далел мардуми ноогаҳ аз минтақаҳои минакоришуда убур мекунанд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи харита мо ин минтақаро меомӯзем то минаҳои дар хоки Тоҷикистон бударо тоза кунем.»
Узбакистон марзаш бо Тоҷикистон ва қисман Қирғизистонро авохири солҳои 90-ум бо иддаои аз эҳтимолӣ убури гуруҳҳои террористӣ аз қаламрави ин ду кишвар минакорӣ кард. Аммо аз ин амал танҳо
шаҳрвандони оддии ду кишвар, ҳатто худи Узбкаистон зиён диданд, ки нохудогоҳ ба рӯи минаҳо по гузоштанд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки пешниҳоди вазири хориҷиро бо онҳо матраҳ мекардам, аз он ки даъват аз минбари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо садо дода ва нигаронии мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён расонидааст, изҳори хушнудӣ карданд. Онҳо мегӯянд, хуб мешуд агар ин даъват пеш аз дигарон ба гӯши кишвари ҳамсояи Узбакистон бирасад.
-«Покӣ аз мина ва таъмини амнияти мардум беҳтарин пешниҳод аст. Дар сурате, ки созмонҳои байнлумилӣ кӯмак кунанд»
-«Ин як масъалаи сиёсист ва агар ҳадафи Тоҷикистон воқеан таъмини амнияти мардум бошад, ман ҷонибдор, вале ҳадаф чизи дигар бошад, не.»
Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз минаҳо пеш аз ҳама Афғонистон ва Тоҷикистон дар минтақа зарар дидаанд. Ва ҳадаф аз пешниҳоди Тоҷикистон, шомил шудани Афғонистон ба ин минтақаи озод аз минаҳо аст. Аз сӯи дигар Тоҷикистон мехоҳад ин мушкил бо Узбакистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳал кунад.