Баёнияи Шӯрои уламо. Даъват ба иттиҳод ё тафриқа?

Дар акс: Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин дар масҷиди "Муҳаммадия"

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри баёнияе аз хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо интиқод кард.
Дар ҳоле ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими барои аҳли суннат "бегона"-и азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад намуд.

Шӯро дар баёнияи худ навишт, “баъзе маросиме, ки ба ақидаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат бегонаанд, аз ҷониби баъзе ашхоси ба ном рӯҳонии иғвоангез таблиғ карда мешаванд.” Дар идомаи ин ҷумла омадааст, ки қабл аз намози ҷумъаи 2 декабр дар масҷиди “Муҳаммадия” Эшони Нуриддин суханронӣ карда ва дар ҳаққи ҳазрати Муовия, халифаи мусулмонон, алфози қабеҳ гуфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯраҷонзода: "Мо танҳо аз марги фоҷиабори Имом Ҳусейн ёдоварӣ кардем..."



Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Вале Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин иддаои Шӯрои уламои Маркази исломиро беасос ва иғвоангез хонд. Вай гуфт, “азбаски Имом Ҳусейн набераи пайғамбар буда, даҳуми моҳи муҳаррам ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст, мо низ ҳалокати ӯро ёдоварӣ мекунем. Ин кор имсол сар нашудааст, балки даҳ сол ба ин сӯ идома дорад.”

“Пештар аз ин ҳам, солҳое буд, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки аз номи эшон ҳам иқтибос овардаанд, дар манзили мо даъват мешуданд ва ҳамон шабҳои Ошӯро аз таърих сӯҳбат мекарданд, оби чашм мерехтанд ва бар қотилони Имом Ҳусейн лаънат мефиристоданд”,-- таъкид кард ӯ. Оқои Тӯраҷонзода ҳамчунин гуфт, бародари ӯ дар мавъизаи худ ҳаргиз сухани бадеро дар ҳаққи саҳобаи паёмбар -- ҳазрати Муовия раво надидааст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар баёнияи худ аз ҳамаи рӯҳониёни кишвар даъват кардааст, то аз ҳар гуна маросими барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ бегона ҷилавгирӣ бикунанд. Ва инчунин дар ин баёния аз “баъзе бародарони хориҷии ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин” ҳам интиқод шудааст, ки “бидуни эҳтиром ва арҷгузорӣ ҳаққи ҳафтуним миллион мардуми мусулмони тоҷикро ба назар намегиранд ва берун аз одоби намояндагӣ мусулмонони Тоҷикистонро ба иғво андохта, назари мо ва дӯстони дигарро нисбаташон коста ва заиф мегардонанд.”

Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам дар онҷост...

Дар ин баёнияи Шӯрои уламо, ки дар он аз номи гурӯҳи бузурги рӯҳониёни тоҷик сухан меравад, ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ишора шудааст, ки ахиран ба ҳайси муовини Шӯрои Ҳаракати бедории исломӣ дар Эрон пазируфта шуд.

Ҳарчанд дар поёни баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имзое мавҷуд нест, вале хабаргузории давлатии “Ховар” навишт, ки эшони Абдулхалилҷони Ҳисорӣ, домулло Маҳмадии Қумсангирӣ, домулло Холмуроди Кӯлобӣ, Алломаи Регарӣ, домулло Муҳаммаднабӣ, домулло Бурҳонуддин, домулло Одинабек аз ноҳияи Рӯдакӣ ва инчунин 24 имом-хатиби масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе аз мавқеи Шӯрои уламо ҳимоят кардаанд.

Бо ин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ин як баёнияи сохта ва фармоишӣ барои паст задани шаъну эътибори онҳост, ки дар робита ба масоили муҳими сиёсиву динӣ ва иқтисодӣ назару мавқеи худро баён медоранд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки Шӯрои уламо дар мавриди ҳама маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар сукут ихтиёр карда буд, онро чӣ водор кардааст, ки ба муқобили онҳо изҳорот бидиҳад.