Таваҷҷӯҳи обуначиён ба рӯзномаҳои ғайритоҷикӣ, ба мисли «Дустлик», «Халқ овози» ва «Новий Хатлон» дар минтақаи Кӯлоб афзоиш ёфтааст.
Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб мактаб ё муассисае нест, ки ду ё се кормандаш ба ин рӯзномаҳо обуна набошанд. Дар ҳоле, ки сокинон рӯзномаҳо бо забони давлатиро намехонанд, ин омор тааҷубовар ба назар мерасид. Аммо сӯҳбат бо ду се нафаре, ки ба ин нашрияҳо обуна шудаанд, хулосаи моро комилан дигар кард.
Шаҳзода Раҳимова, як омӯзгори мактаби миёнаи шаҳри Кӯлоб соли дуввум аст, ки ба нашрияи узбакзабони «Дустлик» обуна мешавад. Ӯ
узбакзабон нест, ягон калимаи узбакиро намедонад ва боре ҳам ин нашрияро ба даст нагирифтааст. Интихоби ӯ барои обуна шудан, ки барои омӯзгорон маҷбурист, ба он хотир рӯи ин нашрия ҳаст, ки аз ҳама қимати паст дорад.
Шаҳзода мегӯяд: «Рости гап, маҷбур мекунанд, ки бояд ба як рӯзнома обуна шавем ва ман «Дустлик»-ро ба он хотир интихоб мекунам, ки бо 40-45-сомонӣ ба он обуна мешавӣ. Рӯзномаҳои дигар 70 то 90 сомонӣ арзиш доранд. Бе ин ҳам ягон газетае, ки обуна мешавӣ дастрас намекунӣ.»
ДАЛЕЛИ ЗАБОНДОНИИ ОМӮЗГОРОН!!!
Аммо масъулини Идораи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳар як омӯзгор ҳадафмандона ба нашрияе обуна мешавад ва ҳатман онро мутолиа мекунанд. Абдулафиз Мазарипов, муовини мудири маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, обуна ба нашрияҳо русӣ ва узбакӣ аз забондонии омӯзгорон шаҳодат медиҳад.
Барои мисол, ҷаноби Мазарипов мегӯяд, худи ӯ ба нашрияи «Кулябская Правда» обуна шудааст ва ҳар ҳафта ҳар шумораи ин нашрияро бесабарона интизорӣ кашида мутолиа мекунад: «Фарз кардем, худи ман «Кулябская Правда»-ро меписандам. Чунки ин беҳтарин рӯзнома дар шаҳр аст ва бо мазмуни баланд мақолаҳо чоп мекунад. Ҳар шумораи онро бесаброна интизорӣ кашида, ҳар ҳафта мутолиа мекунам. Бисёр мақолаҳои ҷолиб дорад.»
Муҳаббати муовини мудири маориф ба нашрияи «Кулябская Паравда» дар ҳолест, ки ин нашрия тайи се моҳи ахир аслан нашр намешавад ва дар гузашта моҳе дар 8 саҳифа танҳо як маротиба нашр мегардид.
Нашрияҳои «Дустлик», «Новий Хатлон» ва «Халқ овози» нашрияҳои ҳукуматӣ буда, бо забонҳои русиву узбакӣ матлаб нашр мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, онҳо ҳеҷ хонандае надоранд, вале дар руйхати обунаи ҳатмиву маҷбурӣ шомил ҳастанд.
Ҷалмет Алматов, як сокини узбактабори деҳаи Олтоули ҷамоати Даҳани Кӯлоб мегӯяд, на танҳо ӯ, балки тамоми сокинони деҳаи онҳо бо чунин ном рӯзномаҳоеро бо забони узбакӣ надидаанд.
Ҷаноби Алматов мегӯяд, дар замони шӯравӣ тамоми узбакзабонҳои деҳаи онҳо бо забони тоҷикӣ рӯзнома мехонданд, вале пас аз пошхӯрии шӯравӣ ягон нашрияро ба даст нагирифтаанд: «Ҳозир дигар мо узбакҳо ҳама дар фикри зиндагӣ ҳастем. Як ҷо молу гов мекунем, як заминро ҷуфт мекунем, ки зиндагӣ пеш равад. Дар давраи шӯравӣ мо ҳамин рӯзномаҳои тоҷикиро гирифта мехондем, вале паз аз барҳам хӯрдани шӯравӣ ягон газетаро на ба тоҷикӣ на ба узбакӣ надидаем.»
Феълан, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб мавсимӣ обунаи маҷбурӣ ба поён мерасад. Тибқи иттилои расмӣ, обуна ба нашрия «Халқ овози» ва «Дустлик»-ро аз ҳама беш дар ноҳияи Мӯъминобод, яъне беш аз сад фоиз иҷро кардаанд.