Ҷоизаи Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо дар “Big Apple”

Дар акс: Ҷӯрабеки Мурод ҳамроҳи писараш Ҷонибек дар ҷашнвораи "Big Apple Awards 2011" дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷӯрабеки Мурод, овозхони саршиноси тоҷик ва писараш Ҷонибек ҷоизадори ҷашнвораи “Big Apple” гардиданд.
Ҷӯрабеки Мурод, раҳбари гурӯҳи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, ҷоизаи “Достони зинда”-ро дар ин ҷашнвора ба даст овард.

Ҷонибеки Мурод, фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, ки тақрибан 10 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад, “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” эълон шуд.

Беҳрӯз Зеваров, раҳбари иҷроияи ширкати продюсерии “JМ” мегӯяд, Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо барои дарёфти ин ҷоиза ҳанӯз 25-уми ноябр ба Иёлоти Муттаҳида рафта буданд.

Оқои Зеваров мегӯяд, ин танҳо ҷоизаи Ҷонибек дар соли ҷорӣ набуд. Бино ба гуфтаи ӯ, имсол Вазорати фарҳанг ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ба Ҷонибек муносиб дониста ва ӯ ҷоизаи “Беҳтарин клип”-ро ҳам соҳибӣ кардааст.

http://www.youtube.com/embed/hk5dYY93REs?rel=0

Ҳарчанд Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, барои нахустин бор ба озмуни “Big Apple” рафт, аммо писари ӯ барои дуввумин бор аст, ки ҷоизадори ин ҷашнвораи байнулмилалӣ мешавад. Ду сол пеш аз ин, дар моҳи ноябр, низ ӯ “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон” эълон гардида буд.

Соли ҷорӣ дар баробари Ҷӯрабеки Мурод ва писараш Ҷонибек, овозхонҳои дигари шинохта -- Таркан, Андӣ, Шаҳзода, Ди-ҷей Аллигатор низ соҳиби ҷоизаҳои ҷашнвораи “Big Apple” шудаанд.

Ҷӯрабеки Мурод ва писараш – Ҷонибек дар ҳоле соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи байнулмилалии “Big Apple” шуданд, ки аввалӣ дар оғози моҳи ноябр даҳсолагии ансамбли “Нури Хуҷанд”-ро таҷлил ва дуввумӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ консерти нахустинаш дар Душанберо доир карда буд.