Чаҳор голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Вахш”

Тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4 бар сифр ғалаба кард.
Ин бозии мавқуфмондаи даври 28-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Юсуф Рабиев дар нимаи авали бозӣ, дар дақиқаи 39-ум, ҳисобро боз кард. Танҳо баъди 3 дақиқа ӯ голи дуввумро ба самар расонд. Ду голи дигари мизбононро Фарҳод Тоҳиров ва Давронҷон Эргашев дар нимаи дуввуми дидор заданд.

Бояд гуфт, ки Юсуф Рабиев дар дақиқаи 29-ум аз ҷаримаи 11-метра тӯбро ба нишон расонида натавонист. Тӯби задаи ӯро Умед Давлатов, дарвозабони дастаи “Вахш” баргардонд.

Ҳамин тариқ, футболбозони “Истиқлол” дар ду бозии мавқуфмондаи мусобиқот ба даврвозаи “Вахш” шаш голи беҷавоб заданд.

Дастаи “Вахш” бозиҳои мусобиқоти имсоларо ба анҷом расонд. Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи "Вахш", ба Озодӣ гуфт: "Бо вуҷуди он ки соли гузашта 18 бозигари ҳайати асосӣ ба дастаҳои дигар гузаштанд, “Вахш” бо футболбозони ҷавони худ тавонист бо 50 имтиёз дар байни ҳашт дастаи беҳтарин ҷой бигирад. Ҳайати дуюми “Вахш”, ки се бозии мавқуфмонда дорад, муборизаро барои медалҳои мусобиқот идома медиҳад."

Бозии мавқуфмондаи даври 39-уми мусобиқот рӯзи 3-юми декабр дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик” баргузор шуд. Бозӣ ба фоидаи душанбегиҳо, бо ҳисоби 3 бар 1, поён ёфт.

Акмал Авазов, бозигари "Энергетик", дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Шодибек Ғаффоров ва Абдусамад Ҳоҷибоев дар нимаи дуввум боз тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карданд. Як голи дастаи "Хуҷанд"-ро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои охири бозӣ ба нишон расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони шаҳри Кӯлоб ду бозии охиринашонро бо дастаи “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.

“Регар-ТадАЗ” бо 86 имтиёз дар ҷои дуввум аст ва чаҳор бозии мавқуфмонда дорад. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бо дастаҳои “Хуҷанд”, “Истиқлол”, “Энергетик” ва ССКА “Помир” бозӣ хоҳанд кард.

“Истиқлол”, ки бо 84 имтиёз дар ҷои саввум мебошад, ба ҷуз ду бозӣ бо “Равшан”, бо дастаҳои ССКА “Помир”, “Гвардия” (2 бозӣ), “Шодмон”, “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ” дар Душанбе вориди рақобат мешавад.

Ҳамин тариқ, мубориза барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 22 гол ба ҷои аввал баромад. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои дуввум аст. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

2.

"Регар-ТадАЗ"

36

27

5

4

100-24

86

3.

"Истиқлол"

32

27

3

2

92-15

84

4.

"Энергетик”

37

21

3

13

77-60

66

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

38

16

4

18

64-62

52

7.

"Хуҷанд"

39

15

6

18

55-69

51

8.

"Вахш"

40

15

5

20

43-51

50

9.

"Парвоз"

39

11

4

24

44-76

37

10.

"Шодмон"

39

7

2

30

44-107

23

11.

"Гвардия"

38

3

3

32

32-135

12


Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 40-ум. 6 декабр (сешанбе)
«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ»

7 декабр (чоршанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»

Даври 30-юм. 7 декабр (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Истиқлол»

Даври 32-юм. 9 декабр (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Гвардия»

Даври 35-ум. 10 декабр (шанбе).
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 34-ум. 12 декабр (душанбе)
«Истиқлол» - «Шодмон»

14 декабр (чоршанбе)
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 35-ум. 15 декабр (панҷшанбе)
«Гвардия» - «Истиқлол»

Даври 24-ум. 18 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе).
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00