Ҳамзамон вакили ӯ мегӯяд, бо вуҷуди дархостҳои зиёд натавонистааст, Садриддин Тошевро аёдат кунад.
Дар сӯҳбати телефонӣ ба вакилаш Тошев, шикоят кардааст, ки мақомот талош доранд, ба ҳар роҳ, ки бошад ӯро ба қатъи гуруснашинӣ водор кунанд. Аммо, гуфтааст, Тошев, вай эътирози худро идома хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳоле ки маълум шудааст, дар як номаи пешинаи Кумиссариати ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ӯ дифоъ кардааст.
Бинобар бад шудани вазъи шахси
зерҳимояаш Бузургмеҳри Равшан вакили мудофеъи Садриддин Тошев, кӯшиш кард як баста доруворро ба ӯ ва пизишки ӯ расонад, аммо иқрор кард, ки талошҳояш ноком будаанд: «Ба фарқ аз давраҳои пештара ҳоло маҳбус ариза медиҳад, ки бо кӣ мехоҳад мулоқот кунад. Ин бори чандум аст, ки Садриддин Тошев ариза додааст, ки ман вакили мудофеаш ба назди ӯ дароям, лекин иҷоза намедиҳанд. Инак панҷ рӯз аст, ки вай ҳеҷ чиз нахурдааст ва мақомоти додситонии кулл гуфтаанд, ки шояд парвандаи ӯро мусбат ҳал кунанд, вале ҳануз хабари дақиқ нест».
Дар ҳамин ҳол муовини раиси Раёсати ислоҳии Маҳбасҳои Тоҷикистон Илҳом Маҳкамов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи Садридидин Тошев дар Додситонии кулл мавриди баррасист ва ниҳоди беҳдоштии маҳкама вазъи саломатии ӯро таҳти назорат дорад: «Ҳоло масъалаи ӯро баррасӣ доранд, лекин саломатии ӯро раёсати маҳбас назорат дорад, он гапҳое, ки байни мардум мебурояд, гапи беҳуда аст.»
Додситони масъули бознигарии парвандаи Тошев дар Додситонии кулл Раҷабалӣ Пираков ҳозир нашуд, ба ҷараёни ин бозбинӣ рӯшанӣ андозад.
Аммо Бадриддин Тошев падари Садриддин мегӯяд, ки чаҳор моҳ қабл ӯро
ба Додситонии кулл давъат намуда номаи Кумисир ҳуқуқи башари созмони милалро нишон додаанд, ки алъон дар баррасии Додситонии кулл ҳасту фарзандаш дар рузҳои афв озод хоҳад шуд: «Дар нома гуфта шудааст, ҳукумати Тоҷикистон гузориш додааст ки фарзанди шуморо озод кардааст, лекин чаҳор моҳ мегузараду вай ҳоло ҳам озод нашудааст. Гуруснанишинӣ кардаасту аҳволаш дар ҳамин чаҳор моҳ бисёр бад аст,1 1 сол мешавад, ки азият мекашад. »
Вакили мудофеъ мегӯяд, ки ба ақидаи ӯ, озод нашудани Тошев дар маъракаи афв метавонад, ангезаи сиёсӣ дошта бошад, чунки зерҳимояи ӯ дар гузашта аз фармондеҳони мухолифони пешин буд.
Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар давраи ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифон дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд. Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо иттиҳоми гаравгонгириву терроризм ва ҳамчун ҷосусӣ ба суди Маҳмуд Худойбердиев аввал ба қатл маҳкум шуд ва сипас барои 25 сол зиндонӣ гардид. Ҳамакнун ӯ 10 солро дар маҳбас паси сар кардааст, вале ҳамаи ин муддат борҳо аз нодурустии ин ҳукм ба мақомот шикоят карда, ду сол пеш низ дар маҳбас даст ба як гуруснашинии эътирозӣ зада буд.
Бинобар бад шудани вазъи шахси
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад