Кобул, сароғози моҷарои ду халабони ширкати русӣ

Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул

Достони ду халабони як ширкати русӣ аз пойтахти Афғонистон оғоз ёфта ва дар Тоҷикистон ба поён расид.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ ду ҳавопаймои АН-72, ки якеро Владимир Садовничий ва дигареро Алексей Руденко идора мекарданд, шитобкорона аз фурудгоҳи Кобул бархоста, ба шимол, ба сӯи Тоҷикистон, парвоз намуданд. Сабаби ин тасмим ва қатъи кори ширкати онҳо дар Афғонистон дертар ошкор шуд.

Аввали соли ҷорӣ Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон тафтиши асноди ширкатҳои ҳавонавардиро оғоз намуд. Ҳангоми тафтиши ширкати Rolkan Investments, ки ҳавопаймоҳояш озими Тоҷикистон шуданд, маълум гардид, ки ин ҳавопаймоҳо ҳеҷ гуна санади мушаххас надоранд.

Собиқаи ширкати русии Rolkan ҳам хеле печидааст. Сарварони расмии он мегӯянд, бо фармоиши ширкати ҳолландии Supreme Foods ба Афғонистон маовди ғизоӣ интиқол медоданд. Ҳоло дар фурудгоҳи Кобул як ҳавопаймои АН-74 ва як чархболи, эҳтимолан, Ми-8, боздошт шудаанд, ки ҳарду ба ширкати Rolkan тааллуқ доранд. Вале ширкати Supreme Foods эълом дошт, ки ин ҳавопаймоҳо дар интиқоли маводи он истифода намешуданд.

Ҳавопаймоҳои нодир, беаснод ва ҳам чархболе, ки собиқаи шубҳанок дорад – ҳамаи ин наметавонист, мақомоти афғонро мутаваҷҷеҳ накунад. Зоҳиран, ҳамин аст, асли воқеа дар Кобул. Аммо ҳавонавардон аз хадамоти махфӣ дида пешдастӣ карданд. Ҳақиқати фаъолияти халабонҳои рус дар Афғонистон гумон аст, акнун замоне рӯйи об барояд. Онҳо озод шуданд. Фишори шадиди Кремл бар талоши додгустарии тоҷикӣ пирӯз омад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро халабонҳо аз Кобул фирор карданд?