Алмосбек Ҳотамбоев – шоир, ромишгар ва... президент

Алмосбек Ҳотамбоев, ки рӯзи 1 декабр ба курсии раёсати Қирғизистон нишаст кист?
Раёсати Ҳотамбоеви амалгаро, ё худ прагматик аз давраи кӯтоҳи раҳбарии Отунбоеваи идеалист бо чӣ фарқ хоҳад кард?

ҚАСАМ БА НОМИ МАРДУМ ВА БА НОМИ ХУДО

“Ман, Ҳотамбоев Алмосбек Шаршенович, пеши Худо ва мардум савганд мехӯрам, ки вазифаи раҳбарии давлатро одилона иҷро карда, ҳуқуқи инсону озодиҳои шаҳрвандиро ҳимоят хоҳам кард...”

Алмосбек Ҳотамбоев нахустин раисиҷумҳури Қирғизистон аст, ки на фақат ба номи мардум, балки ба номи Худо ҳам қасам хӯрд. Иқдоме, ки дар ҷомиаи умдатан дунявигарои Қирғизистон вокунишҳои зиддунақизе ба бор овард. Аммо яке аз дӯстони Ҳотамбоев - шоири мардумии Қирғизистон ва вакили парлумони ин кишвар - Эгамбердӣ Эрматов мегӯяд, ин иқдом аз пойгоҳи ақидатии ӯву эътиқодаш ба Худо маншаъ мегирад: “Ӯ одами диндор аст. Намоз мехонад. Ду масҷид ҳам сохтааст- яке дар зодгоҳаш – совхози ба номи Стрелникова ва якеи дигар - дар маҳаллаи шашуми Бишкек. Чанд сол боз машруб наменӯшад. Агар имкон ёфт, дар намози ҷумъа ҳам ширкат мекунад. Ӯ як мусалмони асил аст.”

АЗ ТАРҶУМАИ "КУҲИ ТИЛЛОӢ" ТО ХАРИДАНИ "ҚИРҒИЗАВТОМАШ"

Алмосбек Ҳотамбоев 55 сол дошта, зодаи рустои Арашани вилояти Чу ва хатмкардаи Донишкадаи идории ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Маскав аст. Дар замони шӯравӣ то мақоми муовини раиси кумиҷроияи ноҳияи Якуми майи пойтахт “сабзид.” Аммо соли 1989 аз кори давлатӣ канор рафт ва ширкати “Форум”-ро таъсис дод. Ин ширкат батадриҷ ба як гурӯҳи бузурги саноатӣ табдил ёфт, ки корхонаҳои муҳиме, чун “Қирғизавтомаш”-ро мечархонд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алмосбек Ҳотамбоев – шоир, ромишгар ва... президент



Худи Ҳотамбоев дар ҳолномааш бо ифтихор менависад, ки сармояи аввалия барои оғози тиҷораташ азҳаққи қалами тарҷумаи осори адибони қирғиз ба забони русӣ буд. Эгамбердӣ Эрматов, дӯсти солҳои донишҷӯии Ҳотамбоев дар Маскав мегӯяд, ки ӯ аз ҳамон айём ба адабиёту фарҳанг алоқаи хосе дошт: “Ӯ дар донишкадаи идорӣ таҳсил мекард ва ман дар донишкадаи адабии Горкий. Алмосбек аввал китоби "Кӯли “тилоӣ”-и Илҳомбой Отимчиевро ба русӣ баргардонд. Тарҷумаи дувуми ӯ, ки дар нашриёти “Советский писател” нашр шуд, романи “Рӯзҳо”-и Саъдибақасов буд. Ӯ соли 1983, дар синни 27 узви Иттиҳодияи адибон шуд. Дар солҳои донишҷӯӣ шеър ҳам мегуфт, мусиқӣ менавишт ва гиторро низ хеле олӣ менавохт. “

ДАР МАЙДОНИ СИЁСАТ ВА ДАР САНГАРИ ДУ "ИНҚИЛОБ"

Баъди чанд соли тиҷорати муваффақ, Алмосбек Ҳотамбоев рӯ ба сиёсат овард. Соли 1993 ҳизби сотсиал-демократро таъсис дод ва дар интихоботҳои солҳои 1995 ва 2000 вакили парлумон интихоб шуд.
Ҳотамбоев аз раҳбарони “инқилоби лолаҳо”-и баҳори соли 2005 буд. Дар пайи суқути ҳукумати Аскар Оқоев дар кобинаи Қурмонбек Боқиев вазири саноат шуд. Соле баъд канор рафт ва соли 2007 ба ҳукумат баргашт, вале ин бор ҳамчун сарвазир. Аммо алакай дар поёни соли 2007 ба мухолифини Боқиев пайваст.

Ӯ дар ошӯбҳои хунини баҳори соли 2010, ки мунҷар ба барканории Боқиев шуд, низ хеле фаъол буд ва сипас дар ҳукумати муваққат муовини сарвазир шуд. Баъди интихоботи парлумонӣ ҳизби сотсиал-демократи ӯ бо ду ҳизби дигар эътилофи ҳокимро ташкил дод ва дар кобинаи эътилофӣ сарвазир шуд.

РОҲИ ПУРПЕЧУТОБИ АҒБАИ СИЁСАТ

Алмосбек Ҳотамбоев аз соли 2000 ба ин сӯ дар ҳамаи 4 интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон вориди рақобат шудааст, вале танҳо дар интихоботи моҳи октябри соли ҷорӣ пирӯз шуд. Ва он ҳам дар даври аввал бар 16 номзади дигар ва бо касби 62 дарсади оро.

Пирӯзӣ дар як интихоботи пуррақобат ва ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ эътирофшуда ва инак ба мақоми раёсат нишастани Ҳотамбоев нахустин мавриди таҳвили қонунӣ ва осоиштаи қудрат дар таърихи пасошӯравии Қирғизистон, балки тамоми Осиёи Марказист. Ду раҳбари қаблии Қирғизистон – Оқоев ва Боқиев – дар натиҷаи ошӯби мардум барканор шуданд ва аз тарси таъқиб аз кишвар фирор карданд.

Мавриди савуми табдили раҳбар дар Осиёи Марказӣ соли 2006 дар Туркманистон сурат гирифт, вале ба иллати фавти раҳбари вақташ Сафармурод Ниёзов. Ҳокимони 3 кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Узбакистон ва Тоҷикистон – зимоми қудратро тақрибан аз замони суқути шӯравӣ ба ин сӯ дар панҷаҳои худ маҳкам нигоҳ дошта, давраҳои мумкини раёсати худро дар ин муддат чандин бор бо тағйири Қонуни асосиву баргузории интихоботҳои таҳти контрол тамдид кардаанд.

ЗОҒИ САФЕД ДАР БАЙНИ УҚОБҲОИ ПИР

Ҳотамбоев зимоми умури Қирғизистонро аз ҳамсангараш Роза Отунбоева гирифт, ки дар маҳфили раҳбарони пасошӯравӣ ба мисли Михаил Саакашвилӣ як зоғи сафедро мемонд. Ҳокимони аксаран худкомаи ин паҳно раҳбарони нави Қирғизистонро, ки дар натиҷаи ошӯби мардум ба қудрат расидаанд, чандон хуши дидан надоштанд.

Сиёвуш, шоири тоҷики муқими Бишкек, ки таҳаввулоти Қирғизистонро аз дохил пайгирӣ мекунад, мегӯяд, барои мисол, дар муқоиса бо расми адои савганди Нурсултон Назарбоев, рӯзи 1 декабр ҳеҷ кадоме аз раҳбарони пасошӯравӣ, ба истиснои Саакашвилӣ ба табрики Алмосбек Ҳотамбоев ба Бишкек нашитофт: “Ин ҳам як навъ танҳо гузоштани давлати нави Қирғизистон аст, ки феълан бошед, то бубинем, ки коратон ба куҷо мерасад ва ба чӣ дастёб хоҳед шуд?”

ЗАБОН ЁБӢ, ҶАҲОН ЁБӢ

Аммо ба эътиқоди соҳибназарон, Ҳотамбоев бо он таҷриба ва маҳорате, ки дар ёфтани забони рақибонаш дорад, дар ҳалқаи ҳамтоёни дигари худ аз паҳнои шӯравии собиқ ба монанди Саакашвилӣ ё Отунбоева зиёд бегона нахоҳад монд, балки бо сӯҳбатҳои мукаррараш аз дӯстиву мушорикат бо раҳбарони Русия ва аз ин роҳ бо дигар ҳамтоёни пасошӯравии худ як забони муомила ҳатман пайдо хоҳад кард.

Дар баҳори соли 2010, вақте Роза Отунбоева ба қудрат расид, нахустин ваъдааш тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Манаси Бишкек – як нуқтаи муҳими таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон – буд. Иттифоқан нахустин изҳороти Ҳотамбоев баъди таъйиди пирӯзиаш дар интихобот низ роҷеъ ба ҳамин пойгоҳ буд, вале ӯ гуфт, ки Бишкек баъди соли 2014 замони ҳузури ин пойгоҳи низомиро тамдид намекунад, балки бояд дар заминаи он як маркази ғайринизомии транзитӣ сохта шавад.

Сиёвуш, шоири тоҷики муқими Бишкек мегӯяд: “Эшон тайи муддати тӯлоние ки дар сиёсат аст, дар хеле мавридҳо коршиносонро бо изҳороту иқдомоти ғайриинтизораш сари кор гузоштааст. Бо ин вуҷуд, ки ҳизби сотсиал-демократ аз оғози вуҷудаш ҳамеша таъкид ба ғарбгароӣ дошт, Ҳотамбоев дар нахустин баёнияаш ҳарф аз хуруҷи пойгоҳи Амрико зад. Вале ин ҳам чистони хеле печидае нест ва бо вуҷуди ин қавлу қарорҳо, фикр накунам, ки тайи раёсати Ҳотамбоев тағйири ҷиддие ба вуҷуд биояд. Ва ин ҳама боз ҳам бармегардад ба таҳаввулоте, ки дар дунё хоҳад гузашт.”

ҚИБЛАИ МО – КРЕМЛ? АММО ҚИБЛАЕ, КИ СУД БИОРАД

Таҳлилгарони қирғиз мегӯянд, Ҳотамбоев дар шароити кунунӣ илоҷе ба ҷуз аз пайгирии сиёсати рӯ ба Маскав надорад. Аз як сӯ, артиши бузурги муҳоҷирони қирғиз дар Русия аст, ки ҳарсол ба ватан маблағи қариб баробари будҷаи давлатиро мефиристад. Аз сӯи дигар, дилсардии Бишкек аз Ғарб аст, ки ҳокимони ислоҳталаби қирғизро чандон ёрие накард, ки интизор мерафт. Дар Бишкек аз ҷумла аз он гила мекунанд, ки аз 1 миллиард доллар мадади ваъдагии анҷумани донорҳо то имрӯз ба онҳо ҳамагӣ 56 миллион доллар расидааст.

Худи Ҳотамбоев низ дар нахустин суханрониаш баъди расидан ба мақом гуфт, дар сиёсати хориҷиаш дар мадди аввал манофеъи Қирғизистонро мегузорад, вале бештар ба Маскав такя хоҳад кард: “Албатта, шарики стротегии мо Русия аст. Мо мехоҳем узви комилҳуқуқи Иттиҳоди гумрукӣ шавем. Мо бо Русияву кишварҳои ҳамҷавор таърихи муштарак ва ҳам ояндаи муштарак дорем.”

Таҳлилгарон мегӯянд, Ҳотамбоев тавонист сӯҳбати мушорикат бо Русияро ба як асбоби судовари тиҷорат ва касби имтиёз табдил кунад. Ӯ, барои мисол, ба фарқ аз мақомоти тоҷик дар муддати камтар аз як соли сарвазирӣ ба лағви боҷу хироҷи гумрукии эъмолшуда ба содироти маводи нафтии Русия барои кишвараш ноил шуд, барои муҳоҷирони қирғиз дар Русия имтиёзҳое ба даст овард, Тошкандро моил ба пойинтар бурдани нархи газ барои Қирғизистон кард, аз Қазоқистон ҳам барои Бишкек имтиёзҳои муҳими иқтисодӣ гирифт.

ПРАГМАТИК БА ҶОИ ИДЕАЛИСТ

Қодиршоҳи Мурувват, таҳлилгари тоҷики муқими Бишкек мегӯяд, омадани Ҳотамбоев амалан ба маънои хатми давраи интиқолӣ дар Қирғизистон буда, ҳамон хатти ислоҳталабии Отунбоева ҳамчунон идома хоҳад ёфт, вале бо баъзе тағйирот дар самтгириҳо ва шеваи раҳбарӣ.

Ба бовари Қодиршоҳи Мурувват, Ҳотамбоев бештар прагматик ё амалгарост, то идеалисте, ки Роза Отунбоева буд: “Тағйиротҳое, албатта, хоҳанд шуд бо таваҷҷӯҳ ба назари Ҳотамбоев дар масъалаи пойгоҳи Манас, ки аз дидгоҳи Отунбоева фарқ мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба онки Ҳотамбоев барои 6 сол интихоб шуд ва давраи интиқолӣ ҳам паси сар шудааст, фикр мекунам, иқдом ва дастурҳои ӯ қотеътару пурпаҳлутар хоҳанд шуд. Хонум Отунбоева ба масоили иқтисодӣ зиёд даст намезад, вале Ҳотамбоев, ба назари ман, ба фаъолияти ҳукумати оянда бештар мудохила хоҳад кард.”

НОҲИЯИ АСОСИИ ХАТАР

Аммо оё Ҳотамбоев ҳам кори Боқиевро, ки низ дар натиҷаи эътирозҳои мардум ба чавкии қудрат нишаст, вале баъдан киштии давлаташро ба ҳамон дарёи қадими фасоду худкомагӣ ронд, такрор нахоҳад кард? Эгамбердӣ Эрматов, аз дӯстони қадими Ҳотамбоев мегӯяд, ки ӯ аз тиҷоратҳои қаблиаш сармояи кофие ба даст овардааст, ки ба ҷайби давлат чашм ало накунад.

Сиёвуш, шоири тоҷики муқими Бишкек мегӯяд, сарнавишти ду раҳбари қаблии Қирғизистон - Оқоев ва Боқиев –ва ҳам таҷрубаи ду инқилобе, ки мардуми қирғиз дар 6 соли охир ба по кард, ҳамеша пеши чашми ӯст ва Ҳотамбоевро аз ҳар навъ фикри пой гузоштан ба чунин вартаи хатарнок нигоҳ хоҳад дошт.

Аммо як хатари ҷиддӣ барои субот ва ҳатто якпорчагии Қирғизистон ихтилофи байни шимол ва ҷануб боқӣ мемонад. Ҳотамбоев аз шимоли Қирғизистон намояндагӣ мекунад ва акнун муҳимтарин масъала барои ӯ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба гунае, барои мисол, бо ироаи мақоми сарвазир ба ягон номзади ҷануб қаноат додани элитаҳои ин қаламрав аст. Суботи ҳукумати Ҳотамбоев низ бастагӣ ба ҳифзи ин тавозуни то ҳол осебпазире дорад, ки дар тобистони соли 2010 қариб буд Қирғизистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ бикашонад.