Гуфтугӯи ихтисосии радиои Озодӣ бо Умед Бобохонов, рӯзноманигор ва мудири гурӯҳи иттилооти "Азия Плюс".
Суол: Назари Шумо ба амалкарди мақомоти Тоҷикистон дар бӯҳрони марбут ба халабонон ва фишори баъдии Русия ба муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна аст?
Бобохонов: Қазияи халабонҳо бори дигар ба мо ва ҳамчуни ба ҷаҳониён мушкилоти Тоҷикистонро нишон дод. Ин мушкилот ҳамешагӣ шудааст –бесалоҳиятии ниҳодҳои ҳукумат, сарфи назар кардан аз қонун дар ҳама ҷабҳаҳо, набуди ҳокимияти додгоҳии мустақил. Бале, ширкати «Ролкан» бо роҳҳои «сиёҳ» фаъолият мекард. Вале дар ин қазия гунаҳкоронро ҷазо додан даркор буд. Лекин таҳқиқ ва муҷозоти халабонҳо дар кишвари мо комилан бесалоҳиятона буд. Барои чӣ? Ман фикр мекунам, ки ин ҳавопаймоҳо ба ягон шахси бисёр қудратманд маъқул шуда буданд. Аз афташ, маҳз барои ҳамин лозим шуд, ки ба халабонҳо аз бандҳои шадиди кодекси ҷиноӣ истифода карда, онҳоро ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карда ва ҳавопаймоҳоро мусодира намоянд. Бо фишоре касе маҳз ҳаминро додситон талаб ва додгоҳ ҳамин гуна ҳукмро содир кард. Мо дар Тоҷикистон одат кардаем, ки додгоҳ бо қарори касе ҳукм мебарорад. Ва агар яке аз маҳкумшудагон шаҳрванди Русия намебуд ва Маскав дар арафаи интихоботи парлумонӣ намебуд, ин чизҳоро ҳеҷ кас гӯё намедид. Ба кадоме аз «калонҳо»-и мо ин ҳавопаймоҳо лозим шуданд?
Дар матбуоти рус номи мансабдорони баландпояи мақомоти Тоҷикистон зикр мешуд. Ман намедонам, ки то куҷо ин ахбор воқеият дорад. Вале ба ҳар сурат, хасисӣ, чи тавре тоҷикон мегӯянд «нафси бад" барои садҳо муҳоҷири тоҷик кулфат овард, ки онҳоро имрӯз аз Русия ихроҷ карда ва ҳамчунин фоҷиае шуд барои бархе дигар аз шаҳрвандони мо, ки аз ҷониби скинҳедҳо кушта шуданд. Гап дар сари шахсиятҳои дақиқ намеравад, ки маҳз ҳамин ҳавопаймоҳоро мехост ва таниши байни давлатиро ба вуҷуд овард. Гап дар сари он, ки ҳамин гуна иштибоҳот дар кившари мо вақтҳои ахир хеле зиёд шудаанд. Ин шаҳодат медиҳад, ки бӯҳрон дар ниҳодҳои ҳукуамати Тоҷикистон системавӣ мешавад ва он ба оромии ҷомеаи мо таҳдид мекунад. Ва ҳукумат бояд инро дарк кунад. Ақаллан барои ҳимояи худаш.
Дар мавриди «ҷавоби номутаносиб»-и Русия. Амалкарди Кремл ин барои ҳаргуна кишвар, чун Русияи бузург ва пурқудрат шармандагӣ аст. Фикр мекунам, ки барои рейтинги пешазинтихобӣ, ҳукумати Русия ба иштибоҳи бузург роҳ дод. Лекин ин мавзӯи гуфтугӯи алоҳида аст.
Суол: Баъзе аз намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳар кас ба кори худаш бояд машғул шавад. Ва хабарнигорон ва рӯшанфикронро нашояд ба кори ниҳодҳои давлатӣ мудохила кунанд. Ҳамчунин гап дар бораи номае меравад, ки дар шумораи ахири "Азия-Плюс" нашр шудааст, ки Гурӯҳи мусоидатро танқид намудаааст. Ба назари Шумо, нақши ВАО ва ҳамчуни АП-ро дар ин низоъ чӣ гуна мебинед.?
Ҷавоб: Вақте дар хонавода мушкилот ҳаст, онро бо кӯшишҳои ҳамаи аъзои оила ҳал мекунанд. Дар ҳамин ҳолат ҳам, ки ба қадри тавони худашон олимон, хабарнигорон, сиёсатмадрон ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ талош мекунанд, комилан як иқдоми табиӣ аст. Ба қазовати ман, ин ба кӯшишҳои мақомоти дахлдор халал намерасонад. Баръкс онҳоро комил ва пурра месозад. Лекин гап ҳоло дар сари муҳоҷирон аст. Бисёриҳо ҳоло савол медиҳанд: Чӣ бояд кард, ки фардо мо боз гаравгони хасисӣ, аблаҳӣ ва амали ғайриҳирфаии касе нашавем? ВАО мекӯшад, ки ҳамин бонги изтироби ҷомеаро ба гӯши ҳукумат расонад. Ин яке аз вазифаҳои аслии мо аст. Мо нооромиҳои нав ва танишҳоро дар кишвари худ намехоҳем. Ҳамин танишҳо рух намедиҳанд, агар мушкилоти Тоҷикистон сари вақт ва масъулон ҳал шаванд. Мо умед дорем, ки ҳукумат ин ҳушдорро мешунавад, хулоса мебарорад ва барои рушди кишвар ва ҷомеаи мо чораҳои зарурӣ меандешад. Ин ҳушдорро ҳокимияти додгоҳӣ ва парлумон ҳам бояд шунавад. Аммо аз ҳама асосӣ, имрӯз ҳокимияти иҷроия - ҳукумат ва президент, ки аз онҳо ҳалли мушкилоти «ҷамъшуда» вобастааст, зарурати ислоҳотро дарк кунанд. Ҷойивазкунини январии маъмулӣ дар ҳукумат мушкилро ҳал намекунад.
Суол: Дар ҳафтаҳои ахир яку якбора бархе аз рӯзномаҳои Тоҷикистон бо далели ноӯҳдабароии кобинаи кунуни ҳукумат, ки наметавонад мушкилоти ҷиддиро ҳал кунад, дар бораи иваз кардани кадрҳои ҳукумат навиштанд. Вобаста ба ин назарҳои мухталифро шунидан мумкин аст. Яке гӯшзад мекунад, ки қувваҳои муайяни сиёсӣ паси ин даъвоҳоянд, қувваҳое, ки талоши расидан ба ҳокимиятро доранд. Назари шумо дар ин бора чист?
Ҷавоб: Ҷомеаи шаҳрванди ва ВАО дар бораи зарурати ислоҳот на барои он мегӯянд, ки онҳоро гуруҳҳои муайяни сиёсӣ таҳрик додаанд. Ин гуна шакку гумонҳо хандаовар ҳастанд. Шумо бинед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна баҳсҳо рафта истодааст. Дар бахши тоҷикии Фейсбук. Дар онҷо ҳолати кишвари моро ҳазорҳо шаҳрвандони ҷавон ва на он қадар ҷавон баҳс мекунанд. Ногуфта намонад, ки раванди ин гуна баҳсҳо ду соли ахир сахт тағйир хӯрдааст. Ин баҳсҳо тамоюли сахт танқидӣ касб кардааст. Оё ин «изи пой»-и нерӯҳои мухолиф аст? Албатта не, ин вокуниши табии мардум ба воқеият, қанотаманд набудан аз ҳолати мавҷудаи сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра мебошад. Лекин фаразан ба даъвоҳои ислоҳотхоҳии ягон нерӯи мухолифи сиёсӣ истода бошад ҳам, ҳукумат дар ихтиёри хеш як роҳи хеле самараноки бартараф кардани ин даъвоҳоро дорад. Ислоҳотро гузаронида ва ҳаёти мардумро беҳтар кардан. Бо сухан ин корро кардан хеле осон аст, вале барои дар амал татбиқ кардан иродаи калони сиёсӣ лозим аст. Вале ман мутмаин нестам, ки раҳбарони мо чунин иродаро дошта бошанд.