Бештари мубталоёни бемории СПИД мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам ҷомеа барои пазируфтани онҳо омода нест.
Таҳмина, як ҷавонзани тоҷик, танҳо пас аз таваллуд ва марги тифли нахустинаш фаҳмидааст, ки мубтало ба бемории Вич/СПИД мебошад.
Вай мегӯяд, дар 21-солагӣ оиладор шуда, пас аз ду соли зиндагӣ бо ҳамсараш фарзанди нахустини худро ба дунё овард, аммо ӯро зуд аз даст дод. Табибон ба ӯ гуфтаанд, ки бемории СПИД аз шавҳараш ба Таҳмина ва ҳамин тавр ба тифлаш сироят карда, боиси марги ин навзод шудааст.
Таҳмина мегӯяд, “вақте кӯдакам бемор шуд, табибон ҳам нафаҳмида дору гузарониданд. Тифлро аз даст додем. Баъдан фаҳмидем, ки дар хуни ӯ вируси СПИД будааст. Ба шавҳарам занг задам, вай ҳам тасдиқ кард, ки аз моҳи январи соли 2010 мубтало ба бемории СПИД мебошад. Инро шунида аҳли хонавода дигар бо ман рӯ ба рӯ шудан намехостанд. Ҳатто хусуру хушдоманам маро ба ошхона даромадан намемонданд.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳоло хонаводаи онҳо дарк кардаанд, ки бемории СПИД бо суҳбат кардану якҷоя нишастан намегузарад ва аз ин рӯ дубора муносибати худро бо Таҳмина “барқарор” кардаанд.
Аксар беморони мубталои Вич/СПИД дар назди мардум аз бемории худ ҳарф намезананд ва ифшо кардани ин “сир”-ро ҳам дӯст намедоранд. Зеро ба гуфтаи Таҳмина, баробари шунидани ин хабар хешу табор ва дӯстону ҳамсояҳо аз онҳо рӯ мегардонанд ва ба қавле “радди маърака” мекунанд.
Таҳмина мегӯяд, “гоҳ-гоҳе ба деҳа меравам, аммо кӯшиш мекунам, ки дар чашми мардум намоён нашавам. Зеро мардуми мо омода нест, ки нафари гирифтори бемории СПИД-ро бо табъи хуш қабул кунад ё бубинад.”
Манижа Ҳайитова, раҳбари маркази саломатии рӯҳӣ ва Вич/СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло бисёре аз гирифторони ин беморӣ фаъол шуда, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мубориза мебаранд. Ҳоло дар кишвар шабакаи занони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан низ фаъол аст, ки ин шабакаро соли гузашта як гурӯҳ занони мубтало ба ВИЧ таъсис додаанд.
То ба имрӯз ин созмон беш аз 100 нафар занони фаъоли беморро муттаҳид сохтааст ва интизор меравад, ки ин созмон дар ояндаи наздик дар Вазорати адлия расман сабти ном шавад ва дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи аъзояш талошҳои бештаре ба харҷ бидиҳад.
Ин дар ҳолест, дар тӯли шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемории Вич/СПИД беш аз 500 нафар афзуда, сафи мубталоёни ин бемориро ба беш аз севуним ҳазор нафар расонидааст.
Зимнан, аз теъдоди умумии мубталоёни бемории Вич/СПИД дар Тоҷикистон беш аз 700 нафари онҳоро занон ташкил мекунанд, ки онҳо аз 16 то 30-сола ҳастанд. Ҳамчунин дар ин муддат беш аз 25 тифл олуда ба бемории СПИД ба дунё омадаанд, ки таҳти муроқибати табибон қарор доранд.
Аммо Манижа Ҳайитова, раҳбари як маркази мубориза бо ВИЧ/СПИД, мегӯяд, маблағҳое, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ ва табобати афроди сироятшуда ихтисос медиҳад, кофӣ набуда ва онҳо ниёз ба сармоягузории созмонҳои байнулмилалии маблағгузор доранд.