Се шаҳрванди Қирғизистон ба ивази як маҳбуси фирорӣ?

Истирдоди се шаҳрванди Қирғизистон аз Тоҷикистон ба кишварашон, ки ба даст доштан дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла қатл муттаҳам дониста мешаванд, дар рӯзҳои наздик сурат хоҳад гирфт.
Генерал Ҷӯрахон Зоиров, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфта ва ё УБОП-и Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) зимни таъйиди ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, “мунтазири омадани ниҳодҳои марбутаи Қирғизистон ҳастем, то ин ҷинояткоронро ба дасти онҳо супорем.”

Ин се нафар -- Қодирбек Досанов, мулаққаб ба “Ҷинго”, Чингиз Ҷумагулов ва Мирлан Шоқулиев мебошанд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони умури дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе боздошт шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон ин се нафарро дар қатли Мадад Содирқулов, раиси пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон муттаҳам медонанд. Чанд моҳи пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки истирдоди ин се нафар ба Қирғизистон дар ҳоле мумкин хоҳад буд, ки агар мақомоти амниятии кишвари ҳамсоя Низомӣ Абиев, шаҳрванди Русияро, ки дар 23 августи соли гузашта аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллиии Тоҷикистон фирор карда ва дар Қирғизистон боздошт шудааст, ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Низомӣ Абиев, яке аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Аммо генерал Ҷӯрахон Зоиров, гуфт, дар ҳоли ҳозир масъалаи ивази ин се шаҳрванди Қирғизистон ба мавзӯи истирдоди Низомӣ Абиев иртибот надорад. Ин дар ҳолест, ки Низомӣ Абиев аз мақомоти Қирғизистон паноҳгоҳи сиёсӣ талаб карда ва ин талаби ӯ то ҷое масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистонро мушкил намудааст. Аммо ба гуфтаи оқои Зоиров, Тоҷикистон дар мавриди истирдод пофишорӣ хоҳад кард ва талош хоҳад кард, то Низомӣ Абиевро ба Тоҷикистон баргардонад.

Дар мавриди истирдоди шаҳрвандони Қирғизистон суоле матраҳ аст, ки чаро Тоҷикистон ба осонӣ шаҳрвандони дигар кишварро истирдод мекунад, вале ҷинояткорони тоҷикистониро аз дигар кишварҳо кам дар кам бармегардонад. Ин раванд бар чӣ пояе сурат мегирад? Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, “истирдоди ҷинояткорон бар асоси тавофуқ миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) сурат мегирад. Аз ин иттиҳод берун мо бо кишварҳои дигар қарордодҳои дуҷониба имзо кардаем.”

Бо вуҷуди ин, Абдусаттор Холиқов, муовини раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумон таъкид кард, ки дар воқеъ Тоҷикистон дар бархе аз маворид ба истирдоди шаҳрвандони худ аз дигар кишварҳо муваффақ намешавад. Вай гуфт, “шаҳрвандони мо, ки ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешаванд, ба Тоҷикистон баргардонда намешаванд. Вале афроди ҷиноятҳои сабуксодиркардаро саъй мекунанд, ки баргардонанд.”

Маҳмуд Худойбердиев

Ба гуфтаи бархе дигар аз таҳлилгарон истирдоди ҷинояткорон бештар ба тавони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳирфаӣ тартиб додани асноди дархост аст, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба чунин кормандони ҳирфаӣ ниёз дорад. Барои мисол, ҳоло масъалаи истирдоди “Қорӣ Восит” ва Низомхон Ҷӯраев аз Русия ба Тоҷикистон матраҳ аст. Амсоли он ки аз чанд сол бад-ин сӯ Тоҷикистон талаби истирдоди Маҳмуд Худойбердиев аз Узбакистонро дорад ва то ба ҳол натавонистааст, маҳбуси фирорӣ - Низомӣ Абиев аз Қирғизистонро ба Тоҷикистон баргардонад.

Дар тайи чанд соли ахир аз чеҳраҳои ошно, ки гӯиё ҷинояти сангин содир кардаанд, аз Русия ба Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва Зубайдулло Шоевро баргардондааст, ки ҳоло дуи аввал дар зиндон ба сар мебаранд..