Вокуниши мақомот- бозгӯи равобит миёни Душанбе ва Маскав?

Куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия иттифоқи тозае нест, вале вокуниши раиси МН иттифоқи нодир ва бесобиқа аст.
Ҳаргиз то кунун ҳеҷ як парлумони гузашта ва ягон вакил дар мавриди вазъияти муҳоҷирон изҳори назар накарда буд. Ва на танҳо вакилони парлумон, балки ҳаргиз ҳеҷ як узви баландмақоми ҳукумати Тоҷикистон чунин кореро накарда буд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Фақат баъди ба курсии вазорати хориҷӣ нишастани Ҳамроҳхон Зарифӣ, чанд маротиба ин ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон, номаи эътирозӣ ба Русия роҷеъ ба бархӯрди номуносиб ба муҳоҷирон ирсол кардааст. Ҳатто дар ду ҳафтаи пеш, вақте дар Русия як компанияи умумии зидди тоҷикӣ оғоз шуд ва садҳо шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки ҳанӯз ҳам дар боздошт ба сар мебаранд, МН пешниҳоди бархе вакилон дар бораи барраси ин вазъиятро зарур надонист.

Аммо акнун Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН баёнияи хосе дар ин маврид содир мекунад. Ӯ мегӯяд: «Мо ин ҳодисаро шадидан маҳкум мекунем. Ваҳшоният то ҷоест, ки тани бе сари шаҳрванди Тоҷикистон оташ зада шуд. Аз прокурори генералии ФР қотеъона талаб мекунем, ки сабаби ин куштори ваҳшиёнаро дар наздиктарин муддат муайян карда, қотилон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин ҳодисаи нахустин нест, ки гуруҳҳои ҷиноятпеша нисбат ба шаҳрвандони тоҷик дар Русия раво мебинанд. Мо талаб мекунем, ки пеши роҳи чунин амалҳои зишт гирифта шавад.»

Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН

Баёнияи раиси МН роҷеъ ба вазъи муҳоҷирон ҳамзамон бо эҳзори сафири Русия Юрий Попов ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, ҳарду иқдом ҳам бо ҳидояти раҳбарияти сиёсии кишвар анҷом мешавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия гуфтааст, ки идомаи куштори шаҳрвандони Тоҷикистон метавонад муносибатҳои ду кишварро хадшадор кунад. Мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон имкон дорад паёмади таблиғоти зидди муҳоҷирони кории тоҷик бошад, ки зарфи се ҳафтаи ахир идома дорад. Ҷониби Тоҷикистон хостори қатъи нашри матолибу баёнияҳои зидди муҳоҷирони тоҷик дар расонаҳои Русия шудааст.

АНГЕЗАИ ИН ҲАМА ВОКУНИШҲО ЧИСТ?

Аммо ангезаи вокуниши ҳамзамони мақомоти расмии Тоҷикистон, МН ва вазорати умури хориҷӣ ба ин қазия муҳоҷирон чист? Ба назари таҳлилгарон, ҷониби Тоҷикистон зимни озодии халабонони маҳкумшуда умедвор буд, ки вазъи муҳоҷирон беҳбуд меёбад. Аз сӯи дигар мақомоти сиёсии Тоҷикистон интизори гармии бештаре дар равобити худ бо мақомоти сиёсии Русия низ буданд. Аммо феълан на ин ҳосил шудааст ва на он.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокуниши мақомот-бозгӯи равобит миёни Душанбе ва Маскав?-гузориши Раҳматкарими Давлат



Ба бовари таҳлилгарон, амалкарди баъдии ҷониби Русия дар нисбати Тоҷикистон дар қазияи халабонҳо навъе номуносиб будааст ва акнун мо шоҳиди вокуниши мисл ба мисли ё ба ифодаи раиси ҷумҳури Русия асиметрии Тоҷикистон ҳастем.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд: «Дар воқеъ тарафи Русия камтар гузаронд. Сабри ин тараф ҳам шояд тамом шуда бошад. Ва мисли тарафи Русия амал карда истода бошанд, ки барои як шаҳрвандаш чи кореро анҷом дод. Иқдомҳои худи Русия ин тарафро ба чунин вокунишҳое водор кардааст».

ОЁ РУСИЯ ТОҶИКИСТОНРО "КИДАТ" КАРД?

Аммо ҳатто расонаҳои Маскав, аз ҷумла рӯзномаи бонуфузи «Комерсант» навишт, ки Русия дар ҳалли қазияи халабонҳо Тоҷикистонро дур андохт, ё ба истилоҳ «кидат» кард. Ин рӯзнома навишт, бар асоси урфи пазируфташуда, вақте муомила анҷом мешавад, бояд ҳарду тараф гаравгонҳоро раҳо кунанд. Тоҷикистон ду халабони як ширкати русиро озод намуд, аммо Русия ҳамоно ҳудуди 500 тоҷикеро, ки зимни як компанияи зидди тоҷикӣ амалан ба гарав гирифта буд, ҳамчунон дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медорад ва ихроҷ хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд чунин маълум мешавад, ки қазияи халабонҳо зоҳиран ба суди Русия ҳал шудааст. Аммо дар воқеъ ин иттифоқе буд, ки фосилаи Душанбе аз Маскавро дар дарозмуддат як қадам дуртар мекунад. Ба ибораи дигар, вокуниши ахири мақомот рӯиҳамрафта бозгӯкунандаи ҳарорати муносибатҳо миёни Душанбе ва Маскав аст.