Сокинони Тоҷикистон дар идомаи ин ҷумла ба роҳҳои гуногуни пешрафти кишвари худ таъкид мекунанд.
Яке мегӯяд, дар интихоби вазирону раисон аз ирода ва раъйи халқ истифода мекардам ва дигаре меафзояд, бо тағйири қонуни интихобот ва ҳайати кумиссюнҳо роҳеро ба интихоботи ҳақиқӣ ва одилона боз менамудам. Мазмуни ҳарду, аёнан, ноқаноатмандӣ аз тарзи кори ниҳодҳои давлатист.
Ҳамсӯҳбатони дигар ба рӯйи муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистон ва ҳамчунин бунёди бечунучарои нерӯгоҳи Роғун ангушт мегузоранд. Ва ҳамчунон рӯйи таваҷҷӯҳ ба вазъи камбағалон, маъюбон ва беморон.
Иттифоқан, ҳудуди як сол пеш кам касон ба ин пурсиш посух медоданд ва мегуфтанд, президент кори худро хуб медонад. Имрӯз ҳатто тифлон ва пирони солдида мегӯянд: “Агар ман президент мебудам...” – чӣ кардани онҳоро дар ин видео бубинед:
Ин назари чанде аз сокинони шаҳри Душанбе буд. Вале агар ин суол ба Шумо дода шавад, шумо ҷумларо чӣ гуна идома медодед? Биёед ба ин гуфтугӯ ва ҷумларо давом диҳед: "Агар ман президент мебудам..."
Навбати сухан ба Шумо дар гӯшаи назар ва посух. Лутфан, бинависед...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад