Вазорати умури хориҷӣ ва порлумони Тоҷикистон аз қатли ду муҳоҷири тоҷик дар Русия нигаронӣ кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор ва нигаронии амиқи худро аз қатли Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқулов баён кардааст.
Ин вазорат қатли ду шаҳрванди Тоҷикистонро паёмади ҳангома ва ҳаёҳӯе донистааст, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ карда буданд.
Ҷониби Тоҷикистон хостори қатъи пахш ва нашри матолибу баёнияҳои зидди муҳоҷирони тоҷик шуда, аз мақомоти Русия талаб кардааст, то омили қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва муҷозот бикунанд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар навбати худ гуфтааст, мақомоти кишварашро аз ин раванд огаҳ мекунад ва аз ҷараёни таҳқиқи қазияи қатли ду муҳоҷири тоҷик ба ҷониби Тоҷикистон ҳам иттилоъ хоҳад дод.
Пеш аз ин, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, низ ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов дар Русияро шадидан маҳкум карда буд. Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, ин ҳодисаи аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ба ин хотир, раиси Маҷлиси намояндагон ибрози умедворӣ кард, ки ниҳодҳои зирабти Русия ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои нангин иқдом хоҳанд кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин гуфт, ки рӯзҳои наздик як намояндаи порлумон ба манзури баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик озими Русия хоҳад шуд. Ба эҳтимоли зиёд ин нафар Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумита оид ба қонунгзуорӣ ва ҳуқуқи порлумони Тоҷикистон хоҳад буд.
Ёдрас мешавем, ки як ҳафта қабл дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия сари боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз тан ҷудо кардаанд. Ба қавли наздикони мақтул, Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.
Ба қавли ин манбаъ, қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд. Ҳоло ҷасади Бахтиёрро, ки аз як лунда гӯшт иборат будааст, мақомоти зидахли Русия муоина мекунанд.
Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик оварда мешавад, ки як гурӯҳи онҳо дар пайи ҳамлаи миллатгароёни рус кушта шудаанд. Агарчӣ мақомот бовар доранд, ки бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва ё ҳангоми кор дар сохтмонҳо ба ҳалокат расидаанд.