Ширкате, ки дар замони Шӯравӣ 100 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистонро анҷом медод, ҳоло гирифтори бӯҳрон аст.
Вақте як ширкати навтаъсис дар кӯтоҳтарин фурсат комёб гаштаву 70 дарсади бозорро ба даст мегирад, бисёриҳо хостори омӯхтани асрори муваффақияти он мешаванд.
Манзара боз аз он ҷиҳат ҷолиб намудор мегардад, ки ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" то чанд сол пеш як монополияи ягона буд ва ширкати хусусии "Сомон Эйр" ҳамагӣ се сол пеш таъсис ёфт. Чӣ омилҳое якеро ба рукуду таназзул рӯбарӯ карданд ва дигареро ба шукуфоӣ ва баландпарвозӣ расонданд?
Ба гуфтаи Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр", асоси комёбиҳои ин ширкатро такия задани он ба ҳавопаймоҳои нав ва густариши парк аст: "Ба ҳамин наздикӣ тайи моҳи оянда ба парки мо боз як Боинги 737-300 ворид мешавад. Аммо ширкат боз паркашро вусъат хоҳад дод. Тайи панҷ соли дигар боз чанд ҳавопаймо аз «хонадони Боинг» ворид хоҳад шуд."
Роҳ ба сӯи қуллаҳои пешрафтро ин ширкати ҷавон дар ҳоле ба содагӣ мепаймояд, ки фаъолияти «Тоҷик Эйр», ширкати давлатии қариб садсолаи Тоҷикистон дар мазҳари ом камранг мешавад. Тайи солҳои ахир ин ширкат бар иловаи тайёраҳои шӯрависохти АН-у Ту ва Яку Ил се Боинги кӯҳнасохт дастрас кардааст.
Бино бар омори расмӣ, 38 дарсади парвозҳои Тоҷикистон ба «Тоҷик Эйр», ҳудуди 30 дарсад ба ширкатҳои хориҷӣ ва бақия ба «Сомон Эйр» рост меояд. Ҳоло «Тоҷик Эйр» дар як ҳафта 50 парвоз анҷом медиҳад, аммо аксаран парвозҳои дохилианд, ки бар зиёни ширкат тамом мешаванд.
Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкат мегӯяд, бо он вуҷуд ки дар дохили кишвар дигар ширкатҳо амал мекунанд, бори иҷтимоии Тоҷикистонро дар ин соҳа ҳамоно «Тоҷик Эйр» мекашад: "Бо назардошти нархи кунунии сӯзишворӣ ва хадамоти навигатсиониву фурудгоҳ, масалан, қимати чиптаи АН - 28 бо пуршавии 80 фоиз на 78, балки 188 ва агар Як — 40 бошад, 223 доллар бояд бошад. Ё чиптаи Душанбе - Хуҷанд на 78, балки бо АН-28 206 доллар бояд бошад. Аммо «Тоҷик Эйр» бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ соли чорум аст, ки қимати чиптаҳоро тағйир намедиҳад."
Зоҳиран ин воқеият суолангез аст, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон баробари ба кор шурӯъ кардани «Сомон Эйр» бо пуштибонии эҳтимолии афроди соҳибнуфузи кишвар дар соли 2008 «Тоҷик Эйр» - ро фаромӯш кард? Балки барои аввалӣ тамоми имкониятҳои руш фароҳам омаданд, аммо дигарӣ рӯз ба рӯз ба вартаи муфлисӣ тела дода мешуд?
Як корманди собиқи «Тоҷик Эйр», ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ҳангоми раванди хусусигардонӣ ширкатҳои кунунии «Фурудгоҳи Душанбе», «Ширкати нафтрасон» ва «Тоҷикаэронавигатсия», ки ҳамагӣ дар тобеияти «Тоҷик Эйр» буданд, аз ширкат ҷудо карда шуданд ва азбаски «Тоҷик Эйр» мушкилоти зиёд дошт, афроди соҳибнуфуз паси эҷоди «Сомон Эйр» шуданд. Ҳоло вазъ нишон медиҳад, ки ин тарҳ хеле муваффақона идома дорад, аз ҷумла хатсайрҳо миёни ду ширкат тақсим шуда, барои «Сомон Эйр» ҳам майдон боз шудааст.
Зафар Абдуллоев, рӯзноманигоре, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кардаст, мегӯяд, то соли гузашта воқеан мавзӯъи муфлис кардани «Тоҷик Эйр» матраҳ буд, зеро рӯз ба рӯз вазъи молии ин ширкат бад мешуд, аммо баъди ба ихтиёри Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амвол гузаштани он маълум шуд, ки акнун доираҳои наздик ба ҳукумат мехоҳанд онро худкифо карда, пас хусусӣ кунанд: "Ширкатро ба ҳар навҳа сохторҳои наздик ба «Ориёнбонк» идора мекунанд. Дар гузашта ҳам раҳбарони «Тоҷик Эйр» афроди мустақил набуданд. Раҳбари имрӯзаи он Музаффар Исҳоқов нафари наздик ба Ҳасан Асадуллозода аст, ки дар гузашта раҳбари дастгоҳи ӯ буд ва ҳам «Сомон Эйр» - ро сарварӣ мекард."
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта хадамоти фурудгоҳии «Тоҷик Эйр» ба 60 дарсад коҳиш дод ва ҳам мӯҳлати пардохти қархҳояшро то 7 сол тамдид кард. Бо ин вуҷуд, Лола Кенҷаева мегӯяд, ширкат аз ҳукумат тахфифи садсарсада дар хатҳои дохилӣ ва лағви андозу молиёт ба таҷҳизоти вурудӣ аз хориҷи кишварро тақозо кардааст.
Иқтисодшинос Давлати Усмон, мегӯяд, шояд ҳусни тафоҳум миёни доираҳои болоӣ сари хусусӣ кардани «Тоҷик Эйр» вуҷуд дорад. Вай афзуд, маҳз бо кӯшиши онҳо як гуна сабукиҳо барои ширкат дода мешаванд, аммо он ки вазъи ширкат беҳбуд намеёбад, далолат бар он мекунад, ки миёни ҳамон доираҳо ҳам ихтилоф сари ин бозор вуҷуд дорад:
"Бозор аст, дар бозор рақобат сахту хеле бераҳмона аст. Алъон дар Тоҷикистон боз дигар ширкатҳои ҳавоӣ фаъолият мекунанд. Дуввум, шояд афроде ҳастанд, ки мехоҳанд аввал ин ширкатро муфлис кунанд, сипас амволашро харидорӣ кунанд. Ва онҳое, ки мехоҳанд ин ширкатро аз худ кунанд, дар худи болоҳо кам нестанд. Дар сохтори бозаргонӣ ҳамин ду роҳ истисно нестанд. Роҳи саввум ба қарзҳои Тоҷик Эйр марбут аст, ки кам нестанд",-гуфт ӯ.
Тибқи барномаи хусусигардонии ҳукумати Тоҷикистон, соли 2015 «Тоҷик Эйр», ки яке аз бузургтарин корхонаҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бояд хусусӣ карда шавад. Коршиносон мегӯянд, ҳукумат мекӯшад, ки «Тоҷик Эйр» то замони хусусишавӣ ҳам ҷаззобияти худро аз даст надиҳад.
Манзара боз аз он ҷиҳат ҷолиб намудор мегардад, ки ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" то чанд сол пеш як монополияи ягона буд ва ширкати хусусии "Сомон Эйр" ҳамагӣ се сол пеш таъсис ёфт. Чӣ омилҳое якеро ба рукуду таназзул рӯбарӯ карданд ва дигареро ба шукуфоӣ ва баландпарвозӣ расонданд?
Роҳ ба сӯи қуллаҳои пешрафтро ин ширкати ҷавон дар ҳоле ба содагӣ мепаймояд, ки фаъолияти «Тоҷик Эйр», ширкати давлатии қариб садсолаи Тоҷикистон дар мазҳари ом камранг мешавад. Тайи солҳои ахир ин ширкат бар иловаи тайёраҳои шӯрависохти АН-у Ту ва Яку Ил се Боинги кӯҳнасохт дастрас кардааст.
Бино бар омори расмӣ, 38 дарсади парвозҳои Тоҷикистон ба «Тоҷик Эйр», ҳудуди 30 дарсад ба ширкатҳои хориҷӣ ва бақия ба «Сомон Эйр» рост меояд. Ҳоло «Тоҷик Эйр» дар як ҳафта 50 парвоз анҷом медиҳад, аммо аксаран парвозҳои дохилианд, ки бар зиёни ширкат тамом мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад