Бастани роҳҳои икмолотии нерӯҳои НАТО аз тариқи Покистон аҳамияти ҳамсояҳои шимолии Афғонистонро барои Амрико ва ин паймони низомӣ бештар кардааст.
Аммо суол ин аст, ки аз иттифоқи пешомада кадом кишвар имкони баҳрабардории бештарро дорад ва таҳаввулот бештар ба нафъи кадоме аз ду ҳамсояи шимолии Афғонистон -- Тоҷикистон ва Узабкистон сайр мекунад?
Қисмати аъзами моли мавриди ниёзи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Покистон интиқол мешуд, аммо чанд соли ахир бахше аз ин мавод, ки таъйиноти низомӣ надорад, аз тариқи Тоҷикистон ва Узбакистон низ мунтақил мешавад.
УЗБАКИСТОН Ё ТОҶИКИСТОН?
Узбакистон бо доштани хатти роҳи оҳан то Мазори Шариф имкони имтиёзи бештаре дар интиқоли маводи мавриди ниёзи НАТО дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, чолиш дар равобити Покистону Амрико ва маҳдуд шудани роҳҳои таъминотии НАТО аз тариқи он кишвар ба сурати табиӣ аҳамияти Узбакистонро бештар карда ва имтиёзи бештаре дар ихтиёри ин кишвар қарор хоҳад дод.
Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти Афғонистон, мегӯяд, аз назари амалӣ имкони Узбакистон барои нуфузи бештар касб кардан дар бозори Афғонистон афзоиш ёфтааст. Зеро хатти роҳи оҳани Узбакистон ахиран то Мазори Шариф кашида шуда ва борҳо мустақиман ба он ҷо мерасад. Вай мегӯяд, “вазъи пешомада дар Покистон ба нафъи Узбакистон аст ва Узбакистон ба ин баҳона метавонад имтиёзталабии бештаре аз Ғарб бикунад ва ба даст биорад ва Ғарб ҳам омодааст ба ин кишвар имтиёз бидиҳад.”
Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсади борҳои НАТО аз масири шимол, тавассути Узбакистон интиқол мешавад ва ба баҳонаи инфиҷор дар роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дар Амузанг имкон дорад, акнун сад дарсади ин борҳо аз тариқи Тирмиз ва Ҳайратон мунтақил шавад. Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин ҳама таҳаввулот ва инфиҷорҳо натиҷаи рақобат барои гирифтани саҳми бештар дар транзити бор ба Афғонистон аст.
"ҚАЛАМРАВИ НУФУЗИ СУННАТИИ РУСИЯ"
Ахиран вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни тамос ба ҳамтои покистонии худ ишора кардааст, ки имкон дорад, агар НАТО нигарониҳои Русия дар мавриди сипари зидди мушакии Амрикоро нодида бигирад, имкон дорад Русия истифода аз қаламрави худро барои интиқоли борҳои НАТО ба Афғонистон мамнӯъ кунад.
Зимнан, бояд дар ёд дошт, ки Русия Тоҷикистон ва Узбакистонро низ ҳамоно қаламрави нуфузи суннатии худ медонад. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия бо чунин бархӯрде бо ин қазияи пешомада ду ҳадафро мушаххасан дунбол мекунад. Яке ин аст, ки Русия аз нуфузи НАТО дар Осиёи Марказӣ ба шиддат нигарон аст ва дигаре ҳам ин ки Маскав ин фурсати пешомадаро барои баробар кардани ҳисоби худ бо Амрико дар мавриди сипари зидди мушакӣ муносиб ҳисоб кардааст.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “ҳар кишвар дар ин вазъият мехоҳад ба нафъи худ истифода кунад. Аз ҷумла, Русия ҳам. Барои Русия ин вазъияти хеле муносиб аст. Пешниҳодҳои Русия аз сӯи НАТО дар мавриди сипари зидди мушакӣ ба инобат гирифта нашуданд ва Русия аз вазъияти ногувори нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳарчӣ имкон дорад, истифода хоҳад кард.”
ҶАНГАФЗОРҲОИ НЕРӮҲОИ НАТО
Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳс дар ин замина қарор гирифтааст, гуфтугӯҳои Винсент Брукс, фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми артиши Амрико дар Осиёи Марказӣ аст, ки гуфта мешавад, зимни он имкони дар ихтиёри артишҳои Тоҷикистон ва Узбакистон боқӣ гузоштани бахше аз ҷангафзорҳои нерӯҳои НАТО баррасӣ шудааст, ки аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.
Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, бидуни шак як қисме аз ин техникаи низомӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон боқӣ хоҳад монд. Зеро имкони бурдани ҳамаи ин ҷангафзор дубора ба Ғарб амалан имкон надорад. Мисле, ки бахше аз ҷангафзорҳои артиши Шӯравӣ низ баъди ихроҷ аз Афғонистон дар Тоҷикистон ва Узбакистон боқӣ монданд. Вале ба назари таҳлилгарон ҳадафи мондани ин васоил метавонад, боз ҳам боиси афзоиши таниши Русия ва Амрико шавад.
Дар ҳар сурат, Тоҷикистон ва Узбакистон роҳи асосии берун рафтани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хоҳанд буд, аммо ҷойи боқӣ мондани силоҳ ва ҷангафзорҳои амрикоӣ низ? Суоле, ки бо наздик шудани соли 2014 бештар садо хоҳад дод.
Қисмати аъзами моли мавриди ниёзи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Покистон интиқол мешуд, аммо чанд соли ахир бахше аз ин мавод, ки таъйиноти низомӣ надорад, аз тариқи Тоҷикистон ва Узбакистон низ мунтақил мешавад.
УЗБАКИСТОН Ё ТОҶИКИСТОН?
Узбакистон бо доштани хатти роҳи оҳан то Мазори Шариф имкони имтиёзи бештаре дар интиқоли маводи мавриди ниёзи НАТО дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, чолиш дар равобити Покистону Амрико ва маҳдуд шудани роҳҳои таъминотии НАТО аз тариқи он кишвар ба сурати табиӣ аҳамияти Узбакистонро бештар карда ва имтиёзи бештаре дар ихтиёри ин кишвар қарор хоҳад дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад