Отунбоева канор меравад. Дигар кӣ чун ӯ чунин мекунад?

Роза Отунбоева, ки ҳудуди ду сол раисиҷумҳури Қирғизистон буд, рӯзи 1 декабр тарки мақом мекунад.
Хонум Отунбоева, ки дар моҳи апрели соли 2010 дар натиҷаи ошӯби мардум алайҳи ҳукумати раҳбари вақти ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба қудрат расид, нахустин раҳбари зан дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ буд, ки нахустин шуда дар минтақа низоми порлумонии раёсаташро дар Қирғизистон таҷруба кард. Ва ҳам нахустин раҳбари кишвар дар Осиёи Марказӣ, ки ихтиёран аз мақом меравад, низ Роза Отунбоева хоҳад шуд.

Аскар Акаев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон

Аз соли 1992 ба ин сӯ, ин чорумин таҷрубаи табдили раҳбар дар ин қаламрав аст, ки дар ду маврид дар Қирғизистон Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи ошӯби мардум барканор шуда ва аз тарси таъқиби ҷиноӣ тарки кишвар карданд. Мавриди севвум дар Туркманистон ба қудрат расидани Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов буд, ки баъди даргузашти раҳбари собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзов муяссараш шуд.

Роза Отунбоева ҳанӯз чанд моҳ қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон, ки 30 октябр сурат гирифт ва бо пирӯзиии сарвазири кунунӣ Алмосбек Ҳотамбоев анҷом ёфт, гуфта буд, ки ба интихобот нахоҳад рафт, балки мехоҳад нахустин таҷрубаи ихтиёран аз қудрат рафтанро дар Осиёи Марказӣ намоиш диҳад.

ҚАНОАТМАНД АЗ КОРИ ХУД

Роза Отунбоева рӯзи 1 декабр аз мақом меравад. Аммо оё ӯ бо ҳамин комилан аз саҳна ҳам хоҳад рафт ё чӣ? Ӯ рӯзи 29 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, баъди 1 соли 8 моҳи раҳбарӣ бо як ҳисси қаноатмандӣ канор меравад: "Эҳсоси қаноатмандӣ мекунам. Қаноатмандӣ аз коре, ки анҷом шуд. Мо дар ин 1 солу 8 моҳ тавонистем хеле масоилро ҳал ва тамоми ниҳодҳои давлатиро барқарор кунем. Хушатон меояд ё на, вале мо порлумоне дорем, ки ба қадри тавонаш кор мекунад ва мунъакискунандаи иродаи ҳама ақшори ҷомеаи мост. Дар ин муддат 3 интихоб доир кардем, ки ҳарсеяш аз ҷониби ҷомиаи байналмилалӣ эътироф шуд."

ТАҶРИБАИ НОДИР ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Дар воқеъ, интихоботҳои Қирғизистон нахустин раъйгириҳо дар таърихи пасошӯравии Осиёи Марказист, ки нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи интихоботи озоду демократӣ эътироф кардаанд. Дигар ҳеҷ як кишвари ин минтақа наметавонад бо чунин дастовард биболад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Отунбоева канорагирӣ мекунад. Кӣ чун ӯ чунин мекунад?-гузориши Мирзои Салимпур



Дар ин нишасти ниҳоии хабариаш аз Роза Отунбоева пурсиданд, ки ӯро рӯзи 2 декабр, яъне баъди ба Алмосбек Ҳотамбоев супурдани қудрат, аз куҷо метавон пайдо кард. Як ишораи хабарнигорон ба сарнавишти ду раҳбари дигари пасошӯравии Қирғизистон –Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – ҳам бармегашт, ки ҳарду таҳти фишори эътирозгарон барканор шуда, аз кишвар ҳам фирор карданд.

ОТУНБОЕВА БУНЁДИ ХУДРО ТАШКИЛ МЕКУНАД

Роза Отунбоева гуфт, дар Қирғизистон мемонад ва қасд дорад, ба гунаи раҳбарони кишварҳои мутамаддин, ки баъди тарки мақом ҳам дар ҷомеа фаъол боқӣ мемонанд, як бунёди вижаеро ба номи худ ташкил диҳад: "Ман дар маркази Бишкек як манзили сеҳуҷраӣ дорам. Аммо тибқи қонун, ба ман иҷозат шуд, ки дар қароргоҳи давлатӣ ба сар барам. Ин кадом кӯшки мӯҳташам нест, балки сохтмони назарногирест, ки ҳанӯз дар
солҳои 60 сохта шудааст. Ба ҳар сурат, ин қароргоҳ бо кӯшкҳои чандқабатае, ки дар атрофи Бишкек қад афрохтаанд, ягон зарра қобили қиёс нест. Аммо инки маро рӯзи 2-юми декабр аз куҷо мешавад пайдо кард? Ман мехостам барои Бунёде, ки ташкил мекунам, ягон бинои муносиб бароям диҳанд. На ҳатман ягон бинои бузурги муҳташам, балки ягон бинои хоксоронае, ки ман кор карда тавонам. Албатта, мо наметавонем бо кишварҳои бою пешрафта, ки ба президентҳои собиқи худ беҳтарин сохтмонҳоро ҷудо мекунанд, сабқат кунем. Ҳар кас бояд пояшро чени кӯрпааш дароз кунад."

"ВЕЛОСИПЕД ХОҲАМ РОНД Ё ПИЁДА ХОҲАМ ГАШТ"

Роза Отунбоева дар ин нишасти хабарӣ аз давлат ва мардуми Қирғизистон изҳори сипос кард, ки ба ӯ чунин имтиёзҳое фароҳам меоранд. Аммо ҳамзамон нӯги риштаи баҳсеро ҳам кушод, ки дар масъалаи додан ё надодани мошини хидматӣ ба ӯ бархостааст.

Роза Отунбоева гуфт: "Инҷо баҳсе ҳам шуд, ки ба ман мошини хидмативу ронанда бидиҳанд ё на. Ман иқрор кардам, ки муттаассифона, рондани мошинро ҳеҷ ёд нагирифтам. Вале агар мошинам надиҳанд, боз ҳам боке нест, мисли сарвазири Дания, велосипед хоҳам ронд ё пиёда хоҳам гашт."

Аммо қатъи назар аз он, ки ба Роза Отунбоева баъди пиёда шуданаш аз аспи қудрат мошине хоҳанд дод ё пои пиёда хоҳад монд, ин хонум бо як сари баланд пой ба саҳрои таърихи Осиёи Марказӣ мегузорад - ҳамчун нахустин раҳбари зан дар ин қаламрав ва ҳам нахустин ҳокиме, ки алорағми ҳокимони дигари худкома ва ба курсиҳои раёсат маҳкам часпидаи минтақа ба қудрат чунин дил набаст ва ин курсиро довталабона месупорад.