Масъули САҲА дар умури матбуот аз хатари афзоянда ба озодии интернет дар Осиёи Миёна ҳушдор дод.
Дуня Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури матбуот ин нуктаро рӯзи сешанбе дар нишасти минтақавии "13-умин конфронси Осиёи миёнагии ВАО" дар Душанбе баён дошт.
Хонум Миятович аз ҳукуматҳои минтақа хост, дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунанд. Вай аз ҷумла афзуд, бастани торнамоҳо, полудани иттилоот, таъқиби хабарнигорон ва муқаррароти сахтгирона ва зербунёдҳои номуносиб мисли як сирояте барои Интернет аст.“
Дуня Миятович, гуфтааст, агарчӣ ҳукуматҳо ҳақ доранд барои муқобила бо ҷиноятҳои интернетӣ иқдом кунанд, аммо дар ин зимн озодии сухан набояд осеб бинад. Дуня Миятович дар ҷараёни сафараш қарор аст, бо Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мулоқот кунад.
Аз ҷониби дигар Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки сензура дар Тоҷикистон манъ аст, вале интернет бояд ба навъе идора шавад.
Ин суханони масъули САҲА дар ҳоле садо медиҳад, ки дар тобистони соли ҷорӣ як гузориши ин созмон аз маҳдудиятҳои ҳар чи бештари кишварҳои узви ин созмон дар истифодаи интернет ҳикоят мекард.
Созмони мустақар дар Вена бо нашри гузориши худ навишта буд, ки кишварҳое ҳастанд, ки даст ба масдуд ва ё филтркунии интернет зада, бо ин амали худ қариб ба таври доимӣ принсипҳои озодии баён ва матбуотро поймол кардаанд.
Дар ин гузориш инчунин гуфта мешуд, ки маводи масдудшаванда асосан марбут ба порнографияи кӯдакона аст, ки бар асоси машварати байни мақомот ва провайдерҳо ба чашм мехӯрад. САҲА мегӯяд, ки чунин корҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои мушаххас анҷом шавад. Ин гузориш мегуфт, ки дар 20 кишварҳои аврупоиву Осиёи Марказӣ аз пахши матнҳои шадидлаҳни танқидкунандаи ҳукумат ҷилавгирӣ мекунанд.