Садриддин Тошев, як зиндонии тоҷик мулаққаб ба "қорӣ Садриддин", даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Ин узви пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки мебоист бар асоси Қонуни афв ба озодӣ барояд, дар эътироз ба амалӣ нашудани он даст ба ин иқдом задааст.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон низ мегӯянд, аризаи маҳбус Садриддин Тошевро, ки субҳи душанбе (28 ноябр) дар маҳбаси рақами аввали пойтахт, даст ба гуруснанишинӣ задааст, расман дарёфт кардаанд ва ҳоло дар пайи баррасии ин нома ҳастанд.
Усмоналӣ Холиқов, намояндаи дафтари матбуоти Додситонии кулл мегӯяд, ки аризаи Садриддин Тошев субҳи душанбе сабт шуд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки пас аз баррасии масъалаи мазкур Додситонии кулл ба чӣ хулоса хоҳад омад.
"Ин нуқтаи назари Садриддин Тошев аст, ки амнистия дар нисбати вай татбиқ карда шавад, албатта, вай фикри худашро гуфтааст ва ин ҳақро ҳам дорад, вале мо ин масъаларо баррасӣ мекунем ва ба ниҳоди масъул ба амнистия пешниҳод мекунем онҳо қарор хоҳанд баровард, ки Тошевро озод кунанд ё на",-гуфт оқои Холиқов
Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд. Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамакнун ӯ 10 соли ҳукмашро паси сар кардааст, вале Садриддин Тошев дар муддати борҳо аз нодурустии ин ҳукм ба мақомот шикоят карда ва ду сол пеш низ дар маҳбас даст ба як гуруснанишинии эътирозӣ зада буд.
Садриддин Тошев акнун бо ирсоли як нома ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Додситонии кулл, вазири адлия, раиси Маҷлиси намояндагон, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, Созмони Афви байнулмилалӣ ва расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки парвандаи Садриддин Тошев аз моҳи октябр инҷониб дар дасти баррасии Додситонии кулл қарор доштааст.
Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъи Садриддин Тошев мегӯяд, ки борҳо масъалаи афви зерҳимояашро дар Додситонии кулл баррасӣ кардааст, вале намояндагони Додситонӣ ҳар дафъа аз идомаи баҳс худдорӣ мекардаанд: «Ман шахсан чанд маротиба ба Додситонии кулл омадам барои аниқ кардани ҳалли ин масъала, лекин дар ҷавоб мегуфтанд, ки ҳоло мебинем баъд мебинем ва ғайра баҳона меҷустанд. Лекин сухан дар бораи Қонуни афви соли 2001 меравад, ки мувофиқи ҳукмномаи Додгоҳи олӣ мебоист ними бештари гуноҳи Садриддин Тошев бахшида мешуд ва имрӯз мувофиқи Қонуни афви соли 2011, Тошев дар озодӣ мебуд.»
Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, ки ҳамаи ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон санадҳои лозима барои раҳоии Садриддин Тошевро омода кардаанд, вале ин аснод дар Додситонии кулл дармондаанд. Дар ҳоле, ки гуруҳи махсуси ҳукуматӣ дар мавриди афви ӯ борҳо дар раёсати маҳбасҳо бо Садриддин Тошев мулоқот карда ва хабари эҳтимоли раҳоии ӯро низ расонидаанд.
Ба иттилои Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо хоҳиши Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид марказаш дар Женева парвандаи 6 маҳбус, аз ҷумла Садридиин Тошев мавриди бозбинӣ қарор дода шуд. Ва аз инҳо се нафар ба озодӣ баромадааст. Аз ҷумла дар моҳи октябр бародари додарарӯси полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев аз маҳбас раҳо шуд.
Тавре наздикони Садриддин Тошев мегӯянд, вай ҳамчунон ба гуруснанишинӣ дар маҳбаси рақами идома медиҳад ва мунтазири баррасии парвандааш аз ҷониби Додситонии кулли кишвар аст.
Илҳом Маҳкамов, муовини раиси Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳбас тамоми шароити тиббӣ ва беҳдоштӣ барои ҳифзи саломатии Садриддин Тошев фароҳам оварда шудааст: «Хизматрасонии тиббӣ сари вақт расонида мешавад ва ҳеҷ мушкиле нест, мо ҳама мувозиби маҳбус ҳастем.»
Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия мегӯяд, ки субҳи 28 ноябр то ин ки Садриддин Тошев ба гуруснанишинӣ даст занад, намояндагони раёсат бо ӯ ба машаварат нишаста, алайҳи чунин иқдом ҳушдораш додаанд. Ба иттилои раёсати маҳбасҳо, қонуни афв то охири моҳи ноябр амал мекунад ва агар Додситонии кулл масъалаи ҷаноби Тошевро мусбат ҳал кунад, имкони афв шудани ӯ ҳанӯз аз даст нарафтааст.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон низ мегӯянд, аризаи маҳбус Садриддин Тошевро, ки субҳи душанбе (28 ноябр) дар маҳбаси рақами аввали пойтахт, даст ба гуруснанишинӣ задааст, расман дарёфт кардаанд ва ҳоло дар пайи баррасии ин нома ҳастанд.
Усмоналӣ Холиқов, намояндаи дафтари матбуоти Додситонии кулл мегӯяд, ки аризаи Садриддин Тошев субҳи душанбе сабт шуд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки пас аз баррасии масъалаи мазкур Додситонии кулл ба чӣ хулоса хоҳад омад.
"Ин нуқтаи назари Садриддин Тошев аст, ки амнистия дар нисбати вай татбиқ карда шавад, албатта, вай фикри худашро гуфтааст ва ин ҳақро ҳам дорад, вале мо ин масъаларо баррасӣ мекунем ва ба ниҳоди масъул ба амнистия пешниҳод мекунем онҳо қарор хоҳанд баровард, ки Тошевро озод кунанд ё на",-гуфт оқои Холиқов
Садриддин Тошев акнун бо ирсоли як нома ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Додситонии кулл, вазири адлия, раиси Маҷлиси намояндагон, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, Созмони Афви байнулмилалӣ ва расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад