Ин матлаб посух ба дархости гурӯҳе аз хонандагони торнамои “Озодӣ” аст, ки мехостанд бидонанд, оё боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома дорад ё на.
Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, зарфи се рӯзи охир шиддати бархӯрд, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия коҳиш пайдо кардааст.
Сайидғуфрони Абдулло, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, тайи рӯзҳои охир ягон шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ нашудааст. Ӯ гуфт, “ба ҷуз ҳамон 21 нафаре, ки қаблан ихроҷ шуда буданд, дигар мавриди депортатсия ба қайд гирифта нашудааст. Яъне, шиддати ҳамин кор пас аз рӯзҳои 20-уми ноябр коҳиш пайдо кардааст.”
Қаблан мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буданд, ки сар аз 10-уми ноябр мавридҳои боздошти муҳоҷирони тоҷик шиддат гирифта ва камобеш ҳудуди сесад нафар муҳоҷири тоҷик барои нақзи муқаррароти истиқомат дар Русия дар боздоштгоҳҳои муввақат ба сар мебаранд.
Аммо бо вуҷуди ин, раҳбарони ҷамъиятҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегӯянд, мушкил аст ба ин зудӣ зеҳнияти баде, ки нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ба вуҷуд омадааст, шуста шавад.
Азизи Хошок, сардабири нашрияи муҳоҷирони тоҷики муқими Макскав бо номи “Ҳамватан” мегӯяд, ахиран ҷаласаи муштараки Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Маскав ва дружинаҳои ихтиёрии танзими муҳоҷират доир шуд, ки мавзӯи аслии он боз ҳам муҳоҷирони Тоҷикистон буданд.
Вай мегӯяд, таъкиди аслӣ дар ин ҷаласа ба унвони муҳоҷирони тоҷик буд ва муҳоҷирон бештар ба нақзи қонунгузории Русия муттаҳам мешуданд: “Дар ин ҷаласа таъкид бар ин буд, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷик ҷиноят содир мекунанд ва дар қонуншиканиҳо даст доранд. Ҳарчанд, ки раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Маскав гуфт, ки дигар муҳоҷирон ҳам ҳам даст доранд дар ин корҳо, аммо баромадҳои зиёд аслан дар бораи тоҷикон буд. Аксар назарҳои нисбати муҳоҷирони мо ба таври манфӣ садо доданд. Ин пайомади ҳамон қазияи халабонҳост.”
Ба гуфтаи Азизи Хошок дар ин ҷаласа як созмони дигари миллатгароҳои рус аз худ дарак додааст. Раҳбарони ин созмон бо номи “Светлая Рус” гуфтаанд, омодаанд, ки дар амри ошкор кардани ҷой ва хобгоҳу нишастгоҳҳои муҳоҷирони корӣ довталабона ширкат кунанд ва муҳоҷиронро таслими мақомоти пулис намоянд.
Гуфтанист, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик пас аз рӯзи 8-уми ноябр, ки ду халабони як ширкати русӣ дар Тоҷикистон маҳкум шуданд, дар шаҳрҳои Русия шиддат пайдо кард. Ва акнун раҳоии ин ду халабон дар рӯзи 22 ноябр, ба назар мерасад, ки ба коҳиши шиддати иқдомҳои зидди муҳоҷирони тоҷик мусоидат кардааст. Аммо ҳаргиз поён наёфтааст.
Сайидғуфрони Абдулло, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, тайи рӯзҳои охир ягон шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ нашудааст. Ӯ гуфт, “ба ҷуз ҳамон 21 нафаре, ки қаблан ихроҷ шуда буданд, дигар мавриди депортатсия ба қайд гирифта нашудааст. Яъне, шиддати ҳамин кор пас аз рӯзҳои 20-уми ноябр коҳиш пайдо кардааст.”
Қаблан мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буданд, ки сар аз 10-уми ноябр мавридҳои боздошти муҳоҷирони тоҷик шиддат гирифта ва камобеш ҳудуди сесад нафар муҳоҷири тоҷик барои нақзи муқаррароти истиқомат дар Русия дар боздоштгоҳҳои муввақат ба сар мебаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад