Панҷ тан аз ширкаткунандагони як тазоҳуроти зидди ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав боздошт шудаанд.
Онҳо дар либоси бинокорону кӯчарӯбон бо шиорҳои “Ман тоҷикам, маро депорт кунед” дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, онҳо асосан намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои дастичапӣ ба пайравони тамоюлоти анархистӣ будаанд.
Пулис замоне ба боздошти тазоҳуркунандагон даст зад, ки онҳо ба рӯфтани кӯчаву раҳрав ва шустани шишаи тирезаҳои Хадамоти федеролии муҳоҷират пардохтанд.
Боздоштшудагон ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Басманное интиқол дода шуданд. Дар ин ҷо онҳо барои баргузории тазоҳурот бидуни ризоияти мақомоти давлатӣ огаҳӣ гирифтанд ва озод шуданд. Қарор аст, иқдоми онҳо дар додгоҳ муҳокима шавад.
Пас аз эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар оғози моҳи ноябр садҳо муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд. Ҳарчанд додгоҳи Тоҷикистон ин ду халабонро озод намуд, вале гуфта мешавад, ки ҳамчунон тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик ва боздошти онҳо дар Русия идома дорад.
http://www.youtube.com/embed/BuHdsHnzW9k?rel=0