Пас аз мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС ин мавзӯъ доғ шуд ва ҳамакнун масъулони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон талош доранд то дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон дар ин росто иқдомотеро дошта бошанд.
Иқдоми нахустини онҳо баррасии ин мавзӯъ бо ҳузури пеш аз ҳама ҳуқуқдонҳо, вакилони дифоъ, масъулон ва коршиносон аст, ки ба ин манзур ин қишри ҷомеа дар ҳамоише гирди ҳам омадаанд.
Қонун дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба журналист ҳаққи маҳфуз нигоҳ доштани манбаи иттилоъро медиҳад ва танҳо додгоҳ ҳаққи талаби ифшои онро дорад.
Аммо ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, дар банди 144-уми Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти таъқиби ҷиноӣ ҳаққи тақозои фошсозии сарчашмаи хабарро доранд. Яъне, амалан, ҳатто нозири Кумитаи андоз ё корманди Хадамоти оташнишонӣ низ ҳуқуқ дорад, ки журналистро барои махфӣ доштани сарчашмаи хабараш ба додгоҳ бикашад.
Хонум Воҳидова мегӯяд, "агар имрӯз мо аз ин гуна мухолифатҳои қонун ҷилавгирӣ накунем, эҳтимоли ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану таъқиби тамоми журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон вуҷуд дорад."
Ба иддаои хабарнигорон, ҳоло дастрасии онҳо ба иттилоъ, бахусус, дар музофоти Тоҷикистон маҳдуд аст, биноан, онҳо водор мешаванд, ки шарти маҳфуз нигоҳ доштани манобеи хабарро бипазиранд.
Тилав Расулзода, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ борҳо шудааст, ки ӯро мақомоти тафтишотӣ даъват намуда ва талаби ифшои сарчашмаҳои хабари нашркардаашро пеш овардаанд. Агарчӣ ба қавли ӯ, на ҳамеша иттилои зарурӣ ба расонаҳо дода мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, ҷомеаи хабарнигоронро лозим аст, ҷӯёи роҳу чораҳое шаванд, ки ҳокимияти қонунгузорро ба ислоҳи мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар моил кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бархе аз мақомот ба ислоҳи қонуни матбуот ва додани ҳақ барои махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъ ба хабарнигорон манфиатдор нестанд.
Ӯ мегӯяд, "одамони манфиатдори зиёде ҳастанд, аз ҷумла дар мақомоти қудратии кишвар, ки намехоҳанд духӯрагиҳо дар қонунҳои ҷориро ислоҳ кунанд. Зеро ин як механизми ҷазо додани журналистон аст, ки мехоҳанд ҳамеша журналистонро битарсонанд."
Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, бояд ба порлумони кишвар пешниҳод карда шавад, ки дар тарҳи нави қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, масъалаи комилан махфӣ нигаҳ доштани манобеи хабарӣ ворид карда шавад. Зеро, ба иддаои хабарнигорон, бисёре аз сарчашмаҳои ахбор, бахусус, кормандони ниҳодҳои давлатӣ, бинобар тарси ифшо шудани ҳуввияти хеш аз додани иттилои дақиқ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд. Ва ин ба мушкили хабарнигорон дар мавриди ба даст овардани иттилоъ хоҳад афзуд.