Попов: "Равобити ду кишвар беҳбуд хоҳад ёфт"

Cафири Русия Юрий Попов ва халабони раҳошуда Владимир Садовничий зимни нишасти матбуотӣ

Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, озодии халабонҳо аз зарбаи ҷонкоҳ ба равобити ду кишвар пешгирӣ кард.
Юрий Попов гуфт, аз ин ба баъд равобити ду кишвар бо ҳамон маҷрое равон хоҳад шуд, ки дар гузашта буд: «Ду ҳадаф ва ду вазифаи аслӣ ҳал шуданд. Яке, шаҳрванди мо озод шуд, ки дар пайи хатои додгоҳ бояд зиндонӣ мешуд. Ва ҳам акнун мо метавонем бо умедворӣ ва эътимод ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари бародар назар андозем, ки шарики стратегиву муттаҳид ва узви созмонҳои байнулмилалӣ ҳастанд ва ҳам таърихан бояд якҷо бошанд.»

Сафири Русия дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар нишасти матбуотие сӯҳбат мекард, ки бо ширкати Владимир Садовничий, халабони раҳошудаи рус баргузор шуд. Ахирӣ ва ҳамтои эстониаш Алексей Руденко, ки ҳоло Тоҷикистонро тарк кардааст, шаш моҳ ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба сар мебурданд.

Додгоҳи вилояти Хатлон онҳоро аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард, аммо мақомоти Русия ин ҳукми додгоҳи Тоҷикистон хеле дардовар қабул карданд ва шурӯъ аз расонаҳову шахсиятҳои сиёсӣ то раисҷумҳури ин кишвар дар ин маврид эътирозҳои худро пинҳон надоштанд.

Раисҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи посухҳои «ассиметрӣ» ё «номутаносиб» сӯҳбат кард, ки дар пайи ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ садҳо муҳоҷири кории тоҷикро аз Русия ихроҷ карданд ва иддаеро ҳам ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ андохтанд.

Геннадий Онишенко, раиси "Роспотребнадзор"-и Русия ҳатто муҳоҷирони кории тоҷикро барандагони амрози сироятӣ унвон кард. Коршиносон бар ин буданд, ки бо ишораи Кремл дар Русия маъракаи густардаи фишор ба муҳоҷирини тоҷик оғоз шудааст.

"МАСЪАЛА ТАРҲРЕЗИШУДА НАБУД"

Аммо Юрий Попов гуфт, ин як маъракаи тарҳрезишуда набуд: «Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ҳеҷ як дастуре аз боло барои ташдид бахшидани низоми будубоши муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия вуҷуд надошт. Ин пеш аз ҳама нишонаи беназмӣ дар маҳалҳо аст. Агар дастур мебуд, теъдоди ихроҷшудагон ҳам зиёд мебуд. Ин ҳодиса рух надод. Вазъ он қадар тағйир нахӯрдааст. Пасманзари эҳсосӣ тағйир хӯрд. Мефаҳмам, ки муҳоҷирини тоҷик пас аз ин қазия худро ноҳинҷортар ҳис мекарданд. Бо итминон мегӯям, ки вазъи онҳо хароб нахоҳад шуд.»

Юрий Попов ҳамчунин арқоми расонаҳо дар бораи ихроҷ шудани аз 300 то 500 муҳоҷири кориро нодуруст унвон карда, гуфт, аз Русия ҳамагӣ 67 нафар ихроҷ шудаанд, ки дар қиёс бо солҳои пеш хеле кам аст.

Владимир Садовничий зимни нишасти матбуотӣ

Владимир Садовничий ҳам аз ташдид ёфтани равобити Тоҷикистону Русия изҳори таассуф кард. Вай афзуд, ин қазияи сирф иқтисодӣ буд ва иддае дар Тоҷикистон мехостанд тайёраҳои онҳоро аз худ кунанд: «Аз ҳамчунин як қазияи иқтисодӣ вазъи равобити сиёсии ду кишвар воқеан ташдид ёфт. Медонед, ки Русия дар арафаи интихобот аст. Нерӯҳое ҳам мехостанд ин қазияро ба нафъи худ истифода кунанд. Аммо саҳми онҳо дар раҳоии мо нест. Хуш ҳастам, ки қазия ҳалли мусбати худро ёфт ва садҳо нафар аз ихроҷшавӣ раҳо ёфтанду эътирозҳо алайҳи Русия ҳам коҳиш ёфтанд. Дар ҳарду кишвар нерӯҳое буданд, ки ба нафъи худ аз қазияи мо истифода карданд, ҳам дар Русия ва ҳам Тоҷикистон.»

Додгоҳи вилояти Хатлон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои ширкати «Ролкан» - ро ба дувунимсолӣ маҳкум ва пас бар пояи Қонуни авф озод кард. Аммо тайёраҳои онҳо ҳамчун далели шайъӣ баргардонида нашуданд.

"РОЛКАН" ДАЪВО ДОРАД...

Юрий Попов гуфт, ширкати «Ролкан» тасмим дорад, ки дар ин маврид бо мақомоти Тоҷикистон вориди баҳси додгоҳӣ шавад ва тайёраҳояшро баргардонад. Ҳамчунин халабонҳо мехоҳанд тавассути вакили дифоъи худ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз қарори додгоҳи вилояти Хатлон шикоят баранд ва худро пурра сафед кунанд. Худи Владимир Садовничий фардо Тоҷикистонро тарк хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти хабарии Садовничий