Чаҳор медали гуштигирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ чаҳор медал ба даст оварданд.
Ҷоми ҷаҳонӣ ва мусобиқоти байналмилалии “Гран-при” ба хотираи Риф Гайнанов, аввалин раиси Созмони байналмилалии гуштии камарбандӣ, дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия бо ширкати беш аз 100 варзишгар аз 16 кишвар баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот, ки аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо сурат гирифт, паҳлавонон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон аз рӯи тарзи озод ва “Гран-при” аз рӯи тарзи классикӣ қувва озмуданд.

Ба иттилои Сафар Тошмуродов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии камарбандии кишвар, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт варзишгар намояндагӣ карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориш дар бораи гуштии камарбандӣ



Маҳмад Миров, аз ноҳияи Мастчоҳ, дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ва Хуршед Шарифов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар вазни то 90 килограмм барандагони медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон шуданд.

Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 килограмм ва Ҳусниддин Тошмуродов дар вазни то 90 килограмм (ҳарду аз шаҳри Истаравшан) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ёдовар мешавем, Маҳмад Миров дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, барои Тоҷикистон аввалин медали тилло овардааст.

Ҳусниддин Тошмуродов бошад, дар сабқати ҷаҳонӣ барандаи медали биринҷӣ гашта буд.