Ин сана дар ҳоле таҷлил мешавад, ки Тоҷикистон танҳо чаҳор шабакаи телевизионии давлатӣ ва беш аз 20 шабакаи хусусӣ дорад.
Вале аз миёни ин ҳама шабакаҳои хусусӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо 14-тои онҳо фаъолият мекунанд. Бино ба назарсанҷии ахири Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, беш аз 90 дарсади аҳолии ин кишвар шабакаҳои телевизиони давлатиро тамошо мекунанд ва маҳз ҳамин шабакаҳоро манбаи аслии дарёфти иттилоот барои худ меҳисобанд.
ТЕЛЕВИЗИЗОН -ДАСТГОҲИ ҚАВИИ ИДЕОЛОГӢ
Ин назарсанҷӣ ҳокист, ки беш аз 70 дарсади тамошобини телевизион дар русто ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки телевизион аз давраи пайдоиши худ дар Тоҷикистон, ки ба даҳаи 60-уми асри гузашта рост меояд, то ба ин сӯ ҳамчун як дасгоҳи қавии иделогӣ барои ҳукумат хизмат мекунад.
Солҳои шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам бахшҳои муҳими телевизионҳои давлатӣ зери назар ва барномаҳои ҳукуматӣ ба нақша гирифта мешаванд.
Ва аммо дар ҳамин ҳол Акрам Урунов, сарвари телевизиони мустақили СМ-1 -и шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо баробари арзи вуҷуд кардани чанде телевизионҳои хусусӣ, муваффақ бар он шудем, ки мардуми вилоят дигар барномаҳои телевизиони Узбакистонро тамошо намекунанд: «Чуноне ёд доред, солҳои пештар мардуми вилояти мо бештар телевизион Узбакистонро тамошо мекарданд, ки ин моро бисёр ранҷ медод. Чунки ба забони модарӣ ва расму одоти мардум ин бетаъсир намонда буд. Ҳоло мардум тамоман барномаҳои Узбакистонро тамошо намекунанд..»
ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?
Ва аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо гузашти беш аз ним аср аз таъсис ёфтани телевизион дар Тоҷикистон, дар фаъолияти онҳо тарзу шакл ва услуби наву тозаро кам мешавад дид. Ба гуфтаи онҳо, телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба тарғиби фаъолияти сарварони давлат ва ҳукумат машғул ҳастанд ва дар рушд бахшидани завқу салиқа ва донишу ҷаҳонбинии мардум чандон талоше надоранд.
Беҳзод Исмоилов, коршиноси мустақил мегӯяд: «Барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба саргарм кардани мардум машғуланд. Ин як воситаест, ки таваҷҷуҳи одамонро ҷониби дигар баранд ва нагузоранд, ки мардум дар бораи сиёсат ва дигар мушкилоти ҷомеа фикр кунанд ва назар дошта бошанд.»