Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, таҳрими эҳтимолии Русия зидди тухмӣ ва рустаниҳо асос надорад.
Мумкин аст, себу ноку анор ё пиёзу кашнизи Тоҷикистон аз бозорҳои Русия гум шавад, зеро хадамоти давлатии «Росселхознадзор»-и Русия мегӯяд, ҳамроҳ бо ин меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия тухми ҳашарот ва гиёҳҳои мамнӯъ низ интиқол меёбанд.
Русия, ки гуфтааст, агар Тоҷикистон
маҳсулоти кишоварзии мавриди судури худ ба Русияро ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва русиягии фитосантарӣ мутобиқ накунад, ин маҳсулот дигар ба қаламрави Русия роҳ дода нахоҳад шуд. «Росселхознадзор» гуфтааст, агар Тоҷикистон ба талаби он тан надиҳад, Русия метавонад судури ҳама гуна маҳсулоти рустаниро аз Тоҷикистон манъ кунад. Он ҳамчунин дар хитобае ба Бозрасии давлатии фитосанитарӣ ва карантинии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хостааст, мавридҳои нақзи қоидаҳо баррасӣ ва шахсони масъул муҷозот шаванд.
Аммо сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Назрулло Додобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин масъала ба Вазорати кишоварзӣ дахл надорад ва нома агар ояд ҳам мумкин аст, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо биёяд. Мо танҳо ба истеҳсол машғулем."
Дар ҳамин ҳол намояндаи дигари Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Ворис Мадаминов дар робита ба эътирози ширкати «Росселхознадзор» ба хабаргузории Азия-Плюс гуфт, тарафи Русия то ҳоло ҳеҷ шикояте дар бобати ин маҳсулот надоштааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия то ҳоло маҳсулоти рустании Тоҷикистонро бе ҳеҷ мушкил қабул мекард ва то ҳоло аз нақзи меъёрҳои фитосанитарӣ чизе нагуфта буд.
“Агар чунин мавридҳо буд, чаро пеш онҳо хомӯш буданд ва моро сари вақт дар ҷараён нагузоштанд. Чаро танҳо имрӯз дар ин бора ҳарф мезананд?” – мегӯяд ҷаноби Мадаминов.
Гузашта аз ин вай ишора кард, ки дар ҳолати ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудани маҳсулоти Тоҷикистон онҳо метавонистанд, ин маҳсулотро ақиб фиристанд ё маҳв кунанд.
Дар иттилоияи хадамоти «Росселхознадзор” таъкид шудааст, ки “мавридҳои ба таври мунтазам вайрон шудани талаботи байнулмилалӣ ва руссиягии беҳдошти гиёҳ нигаронии амиқи мақомоти Русияро ба вуҷуд овардааст.” Бино бар маълумоти ин идораи Русия дар нуҳ моҳи аввали соли равон 154 мавриди нақзи ин қоидаҳо муқаррар шудааст. Аз онҳо дар 107 маврид тухми ҳашараи калособрухус ва дар 47 маврид рустании ёбоии зарпечак ба Русия интиқолт дода шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад дар изҳороти «Росселхознадзор”, ин омилҳои хатар дар бағочи дастии мусофирон ва дар ду маврид ҳамроҳ бо маҳсулоти мавриди таъйиди хадамоти марбутаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Изҳороти хадамоти «Росселхознадзор»-и Русия баъд аз баёнияи раиси “Роспотребнадзор” ва сарпизишки санитарии Русия Геннадий Онишенко дувумин даъват ба таҳримҳои зидди Тоҷикистон аст. Онишенко гуфт, бояд вуруди тоҷиконро ба Русия манъ кард, зеро бемориҳои вогир, аз ҷумла сил ва СПИД дар байни онҳо зиёд аст. Ин изҳорот дар авҷи бӯҳрони равобити Тоҷикистону Русия зимни ҳукми 8,5 соли додгоҳ ба ҳавонавардаи рус Владимир Садовничий ва ҳамкори эстони ӯ Алексей Руденко ба миён омад.
Қаблан, дар авҷи бад шудани робитаҳои Русия бо Гурҷистон, Молдова ва Беларус Онишенко ба таҳрими зидди майи гурҷиву молдовӣ ва шири беларусӣ даъват карда буд.
Русия, ки гуфтааст, агар Тоҷикистон
Агар чунин мавридҳо буд, чаро пеш онҳо хомӯш буданд ва моро сари вақт дар ҷараён нагузоштанд...
маҳсулоти кишоварзии мавриди судури худ ба Русияро ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва русиягии фитосантарӣ мутобиқ накунад, ин маҳсулот дигар ба қаламрави Русия роҳ дода нахоҳад шуд. «Росселхознадзор» гуфтааст, агар Тоҷикистон ба талаби он тан надиҳад, Русия метавонад судури ҳама гуна маҳсулоти рустаниро аз Тоҷикистон манъ кунад. Он ҳамчунин дар хитобае ба Бозрасии давлатии фитосанитарӣ ва карантинии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хостааст, мавридҳои нақзи қоидаҳо баррасӣ ва шахсони масъул муҷозот шаванд.
Аммо сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Назрулло Додобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин масъала ба Вазорати кишоварзӣ дахл надорад ва нома агар ояд ҳам мумкин аст, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо биёяд. Мо танҳо ба истеҳсол машғулем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад