Ду бозии охирини даври 41-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Дастаи «Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.
Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Парвоз”-и Бобоҷон
Ғафуров бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали даври 41-уми мусобиқот дар варзишгоҳи “Политехникум”-и шаҳри Душанбе дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Инчунин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии даври 41-умро дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бо тими меҳмон - Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буд.
Дар бозии дигари даври 41-ум дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба иллати аз мусобиқот даст кашидани рақибаш - “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуда буд.
Даври 42-юми мусобиқот рӯзи 20-уми ноябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бо бозии дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш” шурӯъ шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Назиршо Ризомов, капитан ва ҳамлагари “Вахш”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро аз ҷаримаи 11-метра бозигари мизбонон Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.
Се бозии дигари даври 42-юм имрӯз, 21-уми ноябр, баргузор мешавад. Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе дастаи мизбон - “Истиқлол” бо “Парвоз”, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Регар-ТадАЗ” бо “Гвардия” ва дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и Ҳисор “Шодмон” бо “Хуҷанд” бозӣ мекунанд. Оғози бозиҳо – соати 14.00.
Дар бозии даври 42-юм дастаи меҳмон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани рақибаш - “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 26 бозӣ кардааст, бо 68 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 18 гол, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) 16 гол ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 15 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1. |
"Равшан" |
37 |
28 |
2 |
7 |
76-31 |
86 |
2. |
"Регар-ТадАЗ" |
31 |
23 |
4 |
4 |
81-24 |
73 |
3. |
“Истиқлол” |
26 |
22 |
2 |
2 |
69-15 |
68 |
4. |
"Энергетик |
33 |
18 |
3 |
12 |
67-48 |
57 |
5. |
“Хайр” |
33 |
17 |
3 |
13 |
61-38 |
54 |
6. |
ССКА “Помир” |
35 |
15 |
3 |
17 |
60-59 |
48 |
7. |
"Вахш" |
35 |
14 |
4 |
17 |
40-42 |
46 |
8. |
"Хуҷанд" |
35 |
12 |
6 |
17 |
47-64 |
42 |
9. |
“Парвоз” |
35 |
10 |
4 |
21 |
41-66 |
34 |
10. |
“Шодмон” |
37 |
7 |
2 |
28 |
41-101 |
23 |
11. |
"Гвардия" |
36 |
3 |
3 |
30 |
32-123 |
12 |