Намояндагони ҲНИТ аз мавқеи мақомоти Русия дар робита ба ҳукми зиндони ду халабон изҳори ташвиш кардаанд.
Як гурӯҳ аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ба Русия рафтаанд, то бо вазъи муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно бишаванд. Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси ҲНИТ, гуфтааст, сафари ин гурӯҳ дар ҳоле анҷом мегирад, ки пешниҳоди онҳо барои сафари ҳайати вакилон ба Русия рад шудааст.
“Талоши зиёде ҳам ба харҷ дода шуд, то аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ё рӯзноманигорону созмонҳои иҷтимоӣ ҳайатҳое барои дидору мулоқот бо Шумо (муҳоҷирон) сафарбар карда шаванд, вале, мутаассифона, ин пешниҳод нодида гирифта шуд”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон эълом дошта буд, ки як гурӯҳ аз вакилони мардумиро барои расидагӣ ба мушклии муҳоҷирони тоҷик ба Русия хоҳад фиристод. Вале ончуноне Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, дар як нишасти хабарии худ гуфт, дар Маҷлиси намояндагон ба ӯ гуфтаанд, ки бояд ба ин сафар вакилоне бираванд, ки кам сафар кардаанд.
“Довталабона хоҳиш кардам, ки ин ҳайати порлумонӣ ташкил шавад ва дар ҳайати он худам низ бошам. Аммо бароям вокуниши яке аз раҳбарони маҷлис аҷиб буд, ки гуфт, “Шумо тоза аз сафар баргаштед ва ба ин сафар бояд касе равад, ки кам сафар кардааст ва ё то ҳол нарафтааст.” Ман воқеан худамро дошта натавонистам ва гуфтам, ки ин навбати пода нест, ки ҳар кас ба навбат биравад. Ин ҷо масъалаи муҳоҷирон аст. Гӯиё ки он ҷо тамошо асту онҳо Кремлу Майдони Сурхро мебинанду бармегарданд. Ин далолат аз он мекунад, ки то ҳанӯз ба моҳияти масъала сарфаҳм нарафтаанд”,-гуфта буд Муҳиддин Кабирӣ.
Бо ин ҳол, намояндагон Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷараёни сафари худ ба Русия бо сафири Тоҷикистон дар Маскав Адбдулмаҷид Досттиев дидору гуфтугӯ анҷом дода ва аз мавзеъгирии мақомоти Русия дар робита ба ҳукми зиндони ду халабон изҳори ташвиш кардаанд.
Ҳамчунин, мулоқоти ҳайати ҲНИТ бо муҳоҷирини тоҷик дар "Проспект Мир" баргузор шудааст, ки дар он гурӯҳи бузурги муҳоҷирони тоҷик иштирок кардаанд. Як манбаъ аз ҲНИТ мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар ин сӯҳбати худ нороҳатияшон аз амалкардҳои ахири мақомоти Русияву Тоҷикистон иброз дошта ва худро "қурбонии сиёсатҳои нодуруст" номидаанд.
Ба дунболи эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”, ки яке аз онҳо шаҳрванди Русия мебошад, Маскав ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави ин кишвар оғоз кард. Бино ба хабарҳо садҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик ҳоло дар боздошт ба сар мебаранд, ки эҳтимоли ихроҷ шудан ба ҳар кадоме аз онҳо таҳдид мекунад.
Мақомҳои Русия ҳарчанд мегӯянд, ки боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба қазияи халабонҳо рабте надорад, вале соҳибназарон мутмаинанд, ки Русия мехоҳад аз ин роҳ интиқоми халабони маҳкумшудаашро аз мақомоти Тоҷикистон биситонад.
Ҳоло дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, ки зиндагии орому осудаи шаш миллион тоҷикистонии дигар низ ба кору маблағи онҳо вобаста аст. Ин аст, ки ҳар вақте равобити Душанбе Маскав ба сардӣ гароид, Русия ҳатман аз гиребони муҳоҷирон мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад