Бо ҳукми Додгоҳи олии Покистон тақрибан 500 ҳазор узви ҷомеаи ҳиҷро соҳиби ҳаққи интихоб шудаанд.
Рӯзи 14-уми ноябр Додгоҳи олии Покистон ба ниҳодҳои нозири интихоботи Покистон дастур дод, ки дар бораи аъзои ҷомеаи ҳиҷро маълумоти дақиқ ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ҳамчун раъйдиҳанда сабт кунанд.
Дар Покистон тибқи омори ғайрирасмӣ тақрибан 500 ҳазор узви ҷомеаи ҳиҷро зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз нуқтаи назари физиологӣ мард, вале аз нуқтаи назари фикрӣ худро зан мешуморанд. Аъзои ин ҷомеа, ки дар байни мардум бо номи “нар-мода” ҳам маъруф мебошанд, одатан либоси занона пӯшида, намуди зоҳирии худро мисли занон рангу бор медиҳанд.
Бо ҳукми Додгоҳи олии Покистон сар аз интихоботи соли оянда аъзои табақаи ҳиҷро дар баробари ҳаққи интихоб намудан, соҳиби панҷ курсии ихтисосӣ дар порлумони ин кишвар низ хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки чанд сол қабл касе гумон надошт, ки ақаллияти ҳиҷро соҳиби чунин ҳақ мешаванд.
Дар кишвари муҳофизакори Покистон аъзои ҳиҷро ба монанди дигар ақаллиятҳои ҷинсӣ ва мазҳабиву қавмӣ мавриди таъқибу хушунат қарор гирифта буданд. Алмос Бобӣ, раҳбари яке аз ҷамоаҳои ҳомии ҳуқуқи ҳиҷрои Покистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аъзои ҷамоаи ҳиҷро аз ин ҳукми додгоҳ хеле хушҳоланд. Баъди 63 соли ҷудоиандозӣ ин аввалин қарори ҳомии ваҳдат аст. Ба шарофати раиси додгоҳ ифтихор Муҳаммад Чодурӣ, ки моро инсон номид, моро ба чунин ҳақ сазовор донистанд. Акнун мо сазовори муомилаи инсонӣ шуда, моро инсони радди маърака нахоҳанд шумурд.”
Ҳангоми арзёбии парванда дар Додгоҳи олии Покистон доктор Муҳаммад Аслам Хокӣ ҳуқуқшиноси маъруфи умури исломӣ аз ҳуқуқи ҳиҷро дифоъ намуд. Ӯ мегӯяд, сарфи назар аз пирӯзӣ дар додгоҳ дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи ҳиҷро вақт ва талоши зиёд мехоҳад: “Онҳо ба тадриҷ мақоми баробарҳуқуқи шаҳрванди Покистонро соҳиб мешаванд. Ҳоло созмонҳои шаҳрвандӣ бояд ташаббусро ба даст гирифта, бо онҳо ҳамчун шаҳрванди барбарҳуқуқ муомила кунанд. Набояд имкон дод, ки онҳо ба як масхараву маркази истеҳзои мардум қарор гиранд.”
Ба қавли Хокӣ Додгоҳи олӣ бар пояи Қонуни асосии Покистон табақаи ҳиҷроро ҳамчун ҷинси сеюм, яъне на зан ва на мард эътироф кард. Онҳо ҳаққи гирифтани мерос, кор ва интихобшавӣ дарёфт намуданд.
Вақти ошкор шудани асрори бисёре аз аъзои табақаи ҳиҷро, онҳо дар синни наврасӣ ба тарки оилаҳояшон маҷбур шуда, барои иқомат ба назди пиронашон мекӯчанд. Пирҳо ба ин наврасони ҳиҷро паноҳгоҳу ғизо дода, дар ҷавоб аз онҳо садоқати комил ба ҷомеаро талаб мекунанд. Аъзои табақаи ҳиҷро одатан гурӯҳҳои ҳунарӣ ташкил намуда, дар тӯйу сур ба ҳайси овозхону раққоса ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар даврони ҳукмронии муғулҳо аъзои ҳиҷро ҳамчун наздиктарин афроди ҳокимон ва нозирони ҳарамҳои шоҳӣ ба шумор мерафтанд. Баъд аз фурӯпошии ҳукми муғулҳо ва мустамликадории Бритониё ҳиҷро ба табақаи беэътибор ва радди маърака табдил ёфта буд.