Э.Раҳмон пас аз танишҳо бо Русия аз Роғун гуфт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш роҳи дигаре ҷуз бунёди нерӯгоҳи Роғун надорад.
Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо аҳли илм ва рӯшанфикрони кишвар, ки ба муносибати 60-умин солгарди Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон баргузор гардид, баён доштааст.

Ба навиштаи сомонаи расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон роҳи дигар ҷуз бунёди нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳҳои дигар надорад.

Бунёди нерӯгоҳи Роғун ба мухолифатҳои иддае аз кишварҳо аз ҷумла Узбакистон рӯбарӯ шудааст ва ин ҳамсоякишвар аз оқибатҳои зистмуҳитии он изҳорӣ нигаронӣ мекунад.

Ҷаноби Раҳмон аз ҷумла баён доштааст, ки бар асоси ҳама қавонини байнулмилалӣ, мардуми Тоҷикистон ҳаққи истифодаи захоири табии кишвари худро доранд. Ба эътиқоди ҷаноби Раҳмон, дастрасӣ ба нерӯи барқ омили муҳими ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мушкилоти бекорӣ ва ҳамчунон мусоидат ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

"Мо захираҳои нафтӣ надорем ва тақрибан 20 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон хусусан дар фасли зимистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебаранд",-баён доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ин амр ба тамоми масъулият амал мекунад. Вай гуфтааст, ки рушди Тоҷикистон ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд.

Ин аввалин суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маҳзари ом пас аз оғози танишҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар атрофи қазияи маҳкумияти ду халабони як ширкати русӣ буд. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 12-уми ноябр ду халабони ширкати «Ролкан»-ро ба 8,5 сол маҳкум кард, ки ин амр мунҷар ба танишҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Маскав шуд. Ба дунбол ҷониби Русия ба боздошти муҳоҷирони кории тоҷик оғоз кард ва тибқи иттилои расмӣ, то ба имрӯз ҳудуди 60 тан шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд. Аммо тибқи гуфтаи манобеи ғайрирасмӣ, ин рақам ба маротиб бештар аст.

Тибқи охирин гузоришҳои расида, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки қазия ба таври мусбат ҳал шавад. Дар ин бора вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки дар Алмаато ба сар мебарад, хабар додааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҷониби Русия ин қазияи сирф ҳуқуқиро тобиши сиёсӣ додаанд.