Сабти номи номзадҳо дар интихоботи Шоҳмансур

Барои сабқат дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур, чаҳор номзад сабти ном шудаанд.
Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, ки чаҳор номзад- Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Сӯҳроб Оймаҳмадов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва довталаби мустақил Абдуқаҳҳор Турсунов, проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ҳам рақобат хоҳанд кард

Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов рӯзи 18-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

КМИР мегӯяд, интихобкунандагон дар ҳавзаю кумиссюни интихоботӣ рӯзи 18 декабри соли 2011 аз соати 6-и субҳ то ҳашти шом раъй медиҳанд. Натиҷаҳои ибтидоии интихобот рӯзи 19 декабри соли 2011 эълон хоҳанд шуд.

Коршиносон мегӯянд, интихоботи соли гузаштаи порлумонӣ ва интихоботи панҷ моҳи пеши миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино, ки мухолифон ва номзадҳои мустақилро ба шиддат норозӣ гузошт, дили аҳзоб ва шахсиятҳоии мустақил аз рафтан ба корзори интихоботиро сард кардааст. Ва аксари аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ рафтан ва ширкат дар интихоботро зоеи вақт ва беҳуда медонанд.

Ҳамин аст, ки қаблан Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз азҳоби сиёсӣ ва мардуми кишвар хоста буд, ки интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансурро таҳрим кунанд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дигар аз аҳзоби умдаи сиёсии кишвар низ номзади худро пешниҳод накардааст.

Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии парлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.

Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.