Ҷанҷол бо Тоҷикистон “дӯстон”-и Русияро тарсонд

Ҷанҷол бар сари ҳукми халабонҳои рус, ки дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд, раҳбарони кишварҳои дӯст бо Русияро дигарбора ба андеша андохт.
Русия шояд ҳоло барои муҳоҷирони кории Тоҷикистону кишварҳои дигари шӯравии собиқ, мисли оҳанрабост, ки онҳоро ба сӯи худ ҷазб мекунад, аммо барои сиёсатмадорони кишварҳои муҳоҷирфирист қутби манфии оҳанрабост, ки онҳоро аз худ дур мекунад. Ҷанҷоли бесобиқа барои халабонҳои рус ва таҳдиду ғавғои Русия ба Тоҷикистони шарики дар забон стротегӣ ва мизбони бузургтарин пойгоҳи хориҷии низомии Русия, зоҳиран дигарбора “дӯстони” Русияро ба андеша дар мавриди рафтори ин дӯсташон андохт.

ХУРУҶИ "ТОҶИКИСТОН АЗ МАДОРИ РУСИЯ"?

Ба андешаи Виктория Панфилова, хабарнигори нашрияи “Независимая Газета” агар ҷанҷоли Тоҷикистону Русия ҳамингуна идома кунад, “Тоҷикистон аз мадори Русия” хориҷ хоҳад шуд, иттифоқе, ки сиёсатмадорони рус ҳатто дар хоб дидан ҳам намехоҳанд: “Тоҷикистон як кишвари ҳампаймони Русия аст ва Русия ҳам аз ҳузур дар Тоҷикистон манфиатдор аст, зеро дар онҷо пойгоҳи низомии 201- мустақар аст. Аз ин рӯ ҳарф задан ҳам доир ба қатъ шудани равобити дипломатии дуҷониби бисёр ғамангез аст. Аммо ҳодисаҳое, ки миёни ду кишвар иттифоқ меафтад, оҳиста-оҳиста ба ҳамин самт мебарад. Агар сиёсатмадорон муомилае накунанд, эҳтимоли такрори таърихи соли 2008 бо Гурҷистон имконпазир аст.”

Таърихе, ки дигарбора Русияро дар чашми ҷомеаи байналмилал ба ҳайси таҷозузгари бераҳм нишон дод. Виктория Панфилова меафзояд, ҳоло маълум нест, кишварҳои шӯравии собиқ, ки Русия пайваста онҳоро ба ҳамгироӣ ташвиқ мекунад, баъди ин ҷанҷоли бемаънӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна рафтор хоҳанд кард. Аммо мегӯяд, ӯ возеҳ аст, ки равобити Русия бо яке аз ин кишварҳо, ҳоло Тоҷикистон бад шуд.

"РУСИЯ НУФУЗАШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД"

Ба гуфтаи Виктор Мизин, дипломати собиқадор ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав, айби худи сиёсатмадорони кишвараш аст, ки чунин иттифоқот сар мезанад: “Мутаасифона рӯшан аст, ки мавқеъи Русия дар минтақа бадтар мешавад ва ҳеҷ гуна ҳамгироӣ ҳам сурат намегирад, Русия нуфузашро аз даст медиҳад ва нақшу аҳамияти забони русӣ коҳиш меёбад, нуфузи Русия муттаасифона ба элитаҳои маҳаллӣ кам мешавад. Сабаби ин аксаран аз мавқеъи ғайрифаъоли Русия сарчашма мегирад, зеро ман худам консепсияи рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои дар қаламрави пасошӯравиро намебинам. Дар робита ба Тоҷикистон ҳам чунин аст. “

Тайи як даҳаи ахир, Русия аз ҳисоби рафиқонаш дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ, Гурҷистонро аз даст дод, бо Ӯзбакистон аз аввал равобити хуб надошт, ҳамсояҳои ҳамхунаш Украинаву Белорусро бо таҳримҳои иқтисодиву афзудани қимати газ озурдаву аз худ дур кард ва дар Молдова шоҳиди аз ҳукумат афтодани Ҳизби коммунисти вафодор ба Русия шуд. Сабаби ин ҳама ва заъиф шудани мавқеъи Русия дар қаламрави шӯравии собиқ ва фаротар аз он ба гуфтаи Алексей Малашенко, таҳлилгари маркази Карнегӣ дар Маскав “нодонии Русия” аст. Ӯ меафзояд: “Дар маҷмӯъ дигар ин тассавур, ки Русия метавонад, миёнҷӣ, ҳомӣ ва ё амаки хуб бошад, дигар вуҷуд надорад ва ин бешак ба равобити тарафҳо таъсири манфӣ мегузорад.”

"НОПИСАНДӢ"-И РУСИЯ БА КИШВАРҲОИ ХУРД

Ойниҳол Бобоназарова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Русия бо гузашти ду даҳсола аз суқути шӯравӣ ҳанӯз ҳам бо андешаҳои хоми империалистии худ рафтор мекунад ва ба асаби кишварҳои мустақил мерасад: “Русия як бори дигар исбот кард, ки мехоҳад империя шавад ва кишварҳои хурдро “нописанд” медонад, ки ба эътиқоди Русия набояд, шаҳрвандони онро агар ҷиноят ҳам карда бошанд, зиндонӣ кунад.”

Ба эътиқоди Виктор Мизин, ҳамин нишон додани истиқлоли хеш аз тарафи Тоҷикистон буд, ки давлати Русияро ба хашм овард. Русияе, ки тамоми пешрафтҳои иқтисодӣ ва субот дар Тоҷикистонро ба шарофати худ медонад. Ҳамингуна бо вуҷуди он, ки Русия барои садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷику ӯзбаку қирғизу арманӣ ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ ҷаззоб боқӣ мемонад, вале барои сиёсатмадорони онҳо дигар ҷаззоб нест.

Зоҳиран ин хостаи ҷомеаи Русия ҳам ҳаст, ки дар як назархоҳии тоза, фақат як дарсади онҳо Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимоди Русия хондаанд. Бар асоси ҳамин назархоҳии саросарии Маркази таҳқиқоти афкори умуми Русия, дар зеҳни аксарияти мардуми Русия ба истиснои Қазоқистону Украинаву Белорус, бақияи шӯравиҳои собиқ ба мисли Тоҷикистону Озарбойҷону, Арманистон, Молдова, Ӯзбакистону Қирғизистон, Гурҷистон сазовори эътимод ва шоистаи дӯстӣ нестанд. Кишварҳое, ки бадбахтона барои сиёсатмадорони рус, раҳбаронаш бар тибқи ҳамин хостаи ҷомеаи Русия рафтор мекунанд.