"Ихроҷи муҳоҷирон ба ҳукми халабонҳо рабт надорад"

Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, баъди 9 ноябри соли равон шумори муҳоҷирони тоҷике, ки бо ҷурми нақзи муқаррароти Русия боздошт шудаанд, дувуним баробар афзудааст.
Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷират, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 245 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ дар боздоштгоҳҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба қавли ӯ, ин афрод дар интизори ихроҷ аз Русия бар сар мебаранд: “То рӯзи 8 ноябр ҳамагӣ 84 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуд. Ин рақам дар 12 ноябр ба 135 нафар ва дар рӯзи 14 ноябр ба 205 нафар расид. Имрӯз, 15 ноябр, ба ин теъдод 40 нафар илова шуда, ҷамъи шаҳрвандони боздоштшудаи мо дар Русия 245 нафарро ташкил медиҳад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, "муҳоҷирони қонунҳои Русияро нақз мекунанд"



Ба гуфтаи оқои Девонаев, 12 муҳоҷири тоҷике, ки дар се рӯзи пеш аз Русия ихроҷ ва вориди Душанбе шуданд, қабл аз рӯзи нуҳуми ноябр қарори радди марз шудани онҳо содир шуда буд ва ба ҳодисаи ахири маҳкумияти халабонҳо рабт надорад.

Бино ба омори Хадамоти муҳоҷират дар даҳ моҳи соли равон 674 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафта ва аз 456 ҳазор нафар баргаштааст. Ба гуфтаи мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли равон танҳо 560 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар қайди Хадамоти муҳоҷирати Русия қарор доранд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон изҳороти Геннадий Онишенко, сардухтури беҳдоштии Русия, дар бораи мубтало будани аксари муҳоҷирони тоҷик ба касалиҳои вогир, назири сил ва СПИД-ро таъйид ё рад накард ва гуфт, ки бо Вазорти тандурустӣ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Геннадий Онишенко гуфта буд, ба далели мубтало будани муҳоҷирони тоҷик бояд аз истифодаи кори онҳо куллан сарфи назар кард. Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамчунин дар аксар маврид боздошт ва радди марз шудани муҳоҷирони тоҷикро дар нақзи муқаррароти Русия аз сӯи ин муҳоҷирон медонанд ва мегӯянд, ки аксари онҳо дар воқеъ ноқизи қавонини Русия мебошанд.

Сафиалло Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия рабте ба қазияи маҳкумияти халабонҳои ширкати русӣ дар Тоҷикистон надорад. Ӯ мегӯяд, дар соли гузашта бештар аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуда буд ва дар соли равон то кунун бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст.