Шӯрои порлумони Тоҷикистон ҳайатеро барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон, ки ба дунболи ҳукми ду халабони рус дар ростои “депортатсия” қарор гирифтаанд, ба Маскав мефиристад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо нигаронӣ аз таъқиби муҳоҷирони корӣ дар Русия гуфтааст, ташаннуҷи ахир дар байни Маскаву Душанбе бояд аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад, на бо ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, мегӯяд, оқои Зуҳуров аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки дар давоми чанд ҳафтаи ахир расонаҳои хабарии Русия дар бораи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бар зидди халабонони рус матолиби бардурӯғ ба чоп мерасонанд. Шукурҷон Зуҳуров афзудааст, “мурофиаи додгоҳии ин халабонон бо риояти дақиқи қонунҳои Тоҷикистон анҷом гирифтааст”. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки масъалаи пешомада аз роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.
Мағфират Хидирова, вакил ва раиси фраксиюни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар гуфт: “Вобаста ба ин масъала раиси Маҷлиси намояндагон чандин супоришҳо доданд, аз он ҷумла ташкили як гӯрӯҳи вакилон барои сафар ба Русия. Ба Кумитаи иҷтимоӣ супориш дода шуд, ки ахбори Хадамоти муҳоҷиратро дастрас карда, маълумот пешниҳод кунанд. Ҳамзамон раиси Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки дар сурати зарурат ягон муроҷиатнома қабул мекунем ва корҳои амалӣ бояд, ки дар ин масъалаи муҳим сурат бигирад. Умуман, имрӯз порлумон бетараф нест, дар ин масъала.”
Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар заминаи таҳаввулоти ахир, ки ба рӯи муҳоҷирони корӣ таъсир гузоштааст, гуфт, “ин ки Русия дар ҷавоб ба ҳукми зиндони як шаҳрванди худ муҳоҷиронро бармегардонад, дақиқан мақоли гирифтани “алами Мӯсо аз Исо”-ро мемонад.
Оқои Шабдолов гуфт, “ин қазия ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Русия рабт дорад ва ҳар яке мехоҳад, ки ватандӯстии худро дар назари ҷомеа ба намоиш гузорад. Барои ҳамин, баҳсҳо тунд шуданд. Бубинед, аслан муҳоҷирони корӣ гуноҳ надоранд ва онҳо бо ягон ҳавопаймо нараванд, ки вазъи сиёсӣ ва қонунро вайрон кунанд. Онҳо аз ҷои корашон боздошт карда, бармегардонанд. Ин нодуруст аст.”
Акрамшо Феълалиев, вакили мардумӣ мегӯяд, мавқеи порлумон ҳамон мавқеи додситони кулли Тоҷикистон аст, ки бояд ин масъала дар доираи қонун ҳал шавад, на ин ки ба он ҷомаи “сиёсӣ” бипӯшонанд. Ба қавли ӯ, ин масъаларо, ки бевосита раисиҷумҳур таҳти назорат гирифтааст, пас, бояд тарафҳо интизори натиҷаи таҳқиқи иловагӣ бимонанд.
”Додситони кул ҳамаи тарафҳои ҳуқуқиро гуфта дод. Фикр мекунам, ин ҷанбаи сиёсӣ надорад ва роҳбари давлат, ки ин қазияро зери назорати худ гирифтааст, албатта, бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро меёёбад”,-илова кард ӯ.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, мегӯяд, оқои Зуҳуров аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки дар давоми чанд ҳафтаи ахир расонаҳои хабарии Русия дар бораи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бар зидди халабонони рус матолиби бардурӯғ ба чоп мерасонанд. Шукурҷон Зуҳуров афзудааст, “мурофиаи додгоҳии ин халабонон бо риояти дақиқи қонунҳои Тоҷикистон анҷом гирифтааст”. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки масъалаи пешомада аз роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад