Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии самбо дар пойтахти Литва – шаҳри Вилнюс ноком шуданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат гирифт.
Вай афзуд, гуштигирони тоҷик дар сабқати мардон дар риштаи самбои варзишӣ қувваозмоӣ карданд.
Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 52 килограмм аз даври аввал озод буд. Вале ӯ дар даври дуввум аз рақибаш Валерий Соронокови русиягӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.
Дар ин вазн миёни 11 нафар Автандил Тсипатзадзеи гурҷӣ ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Медет Ундаганови қазоқистонӣ барандаи медали нуқра гардид. Андрей Курлипа (Булғористон) ва Валерий Сороноков (Русия) соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Паҳлавони дигари тоҷик Фурқатҷон Назриев дар вазни то 90 килограмм бар се рақибаш – Денни Робертс (Бритониёи Кабир), Вои Аббоуд Рйерре (Либиё) ва Морган Эндикотт-Девиес (Австрия) пирӯзӣ ба даст овард, вале дар даври чаҳорум аз Иван Василчуки укроин, ки баъдан мақоми аввалро касб кард, мағлуб шуд.
Фурқатҷон дар байни 22 нафар, ки дар ин вазн рақобат карданд, дар ҷои панҷум қарор гирифт.
Иван Василчук (Укроин) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Алсим Черноскулов (Русия) бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ариун-ердене Ватбаяар (Муғулистон) ва Эркин Дониёров (Узбакистон) барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Мунтахаби Русия дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 25 медал (14 тилло, 8 нуқра ва 3 биринҷӣ) ғолиб шуд.
Дар сабқати мардон дар риштаи самбои варзишӣ низ дастаи Русия бо касби 8 медал (5+2+1) дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаҳои мардонаи Белорус (1+3+1) ҷои дуввум ва Гурҷистон (1+2+2) ҷои саввумро азони худ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз пирӯзии Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, ягон гуштигири дигари Тоҷикистон то имрӯз дар риштаи самбо миёни бузургсолон медали тилло ба даст наовардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад