Вақте дар зоишгоҳ барқ нест...

Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистон гоҳо зоишгоҳҳои кишварро ҳам “бенасиб” намегузорад.
Маҳмуд, як сокини пойтахти Тоҷикистон, мегӯяд, шаби 9-уми ноябр дар ҳоле ҳамсарашро ба зоишгоҳ ё таваллудхона овард, ки дар он ҷо низ барқро “хомӯш” кардаанд. Вай афзуд, дар он лаҳзаҳо ин фикр бисёр азияташ медод, ки фарзанди нахустини ӯ чӣ гуна ба дунё хоҳад омад. Зеро он шаб ғайричашмдошт барф мебориду ҳаво низ хеле сард шуда буд.

ТАВАЛЛУД ДАР ТОРИКӢ...

Ин сокини пойтахти Тоҷикистон гуфт: “Соати яки шаб ба зоишгоҳ расидем. Пас аз якуним соати расидани мо барқ хомӯш шуд. Ба идораи барқи шаҳр занг задем, аммо касе посух надод. Соати панҷуними саҳар барқ омад. То омадани барқ бинои шашошёнаи зоишгоҳ торик буд.”

Маҳмуд танҳо як рӯз ҳамсару тифли навзодашро дар таваллудхона нигоҳ дошта, бо пардохти 400 сомонӣ онҳоро ба манзилаш бурдааст.

Бо фарорсаии фасли сармо мушкили рақами аввали Тоҷикистон -- норасоии барқу гармӣ ва лимит низ дубора фаро мерасад. Ширкати “Барқи тоҷик” тамоми тобистон ваъда медод, ки ба зимистон омодагии хуб гирифтаст. Аммо, зимистон боз ҳамон бебарқӣ ва боз ҳамон лимит.

Ин рафтори “Барқи тоҷик” тамсили Крилов дар бораи сӯзанак (стрекоза)–ро ба ёд меорад, ки тамоми тобистон бе фикри фардо мерақсаду механдад, вале бо расидани сармо бечораву музтар мешавад.

ЛАҲЗАИ "ХОТИРМОН"...

Моҳира низ бачаашро дар яке аз зоишгоҳҳои пойтахт, дар рӯшноии шамъ таваллуд кардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ин вазъиятро аз ёд намебарад. Аз ёд барад ҳам, захме, ки табибон бо шамъ ба пояш гузоштаанд, ҳамеша он шабро ба ёдаш меорад: “Вақте маро дард гирифт, бегоҳ буд. Соати 4 ба таваллудхона бурданд. Соати 6 буд, ки барқро қатъ карданд. Табибон ночор ду шамъро фурӯзон карданд. Шамъ сӯхта ба поям рехт, поям сӯхт. Занҳои дигар ҳам буданд, онҳо ҳам дар равшании чароғ ва шамъ таваллуд карданд. Он ҳолатамро худам ва Худо медонад. Хеле шаби вазнин буд...”

Моҳира мегӯяд, ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ дар манзили модараш “чиҳил пур мекунад”. Дар дар паҳлӯи хонаи падараш зоишгоҳе аст, ки баробар бо маҳаллаҳои атроф як моҳ боз аз рӯи лимит барқ мегирад: “Печка мешинонанд, гарм мекунанд. Баъд шамъу чароғро истифода мекунанд. Шаб ҳама торик аст. Дигар чӣ кор кунанд. Боз ҳезум, шамъ ва чароғро аз худашон занон меоранд...”

МАҚОМОТ: "ДАР ЗОИШГОҲҲО БАРҚ АСТ"

Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол дар бораи зарару зиён ё пайомадҳои қатъ шудани барқ дар зоишгоҳҳо маълумоте ироа накардаст. Ҳарчанд ин вазорат ҳолатҳои қатъ шудани барқ дар зоишгоҳҳои марказии пойтахтро таъйид мекунад. Чанд соли пеш бар асари сардии шадид ва қатъ шудани барқ даҳҳо бачаи навзод дар зоишгоҳҳо ва бемористону хонаи волидон нобуд шуданд.

Шамсиддин Қурбонов, раҳбари Маркази репродуктивии солимии модару кӯдаки назди Вазорати тандурустӣ, қатъ шудани барқро дар зоишгоҳи 1-и зертобеаш рад накард, вале гуфт, барқ ҳамагӣ як соат қатъ шуд ва талафоти ҷиддӣ дар пай надошт. Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, дар сурати қатъ шудани нерӯи барқ, онҳо аз “генератор” истифода мекунанд.

Ӯ афзуд: “Дар мо ҳамагӣ як рӯз як соат барқ набуд. Дар хатҳои барқ садама рух дод. Мо дар зудтарин фурсат аз генераторҳои махсус истифода кардем, мо ду генератор дорем, истифода мекунем. Он давоми панҷ дақиқа ба кор медарояд.”

Бо ин вуҷуд, Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, рӯзҳои сарди аввали моҳи ҷорӣ фавти панҷ модару кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки сабабаш бебарқӣ набудааст.

БАРҚ ҲАНӮЗ ҚАТЪ МЕШАВАД...

Ин дар ҳолест, ки холаи Мунира, як сокини маркази пойтахт, мегӯяд, аз 9-уми ноябр барқи маҳаллаи онҳо қатъ мешавад. Ӯ мегӯяд, рӯзҳои аввал сабаби қатъ шудани барқро садамаи ногаҳонӣ шарҳ медоданд, вале ҳоло чизе намегӯянд. Вақте холаи Мунира бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, ҳанӯз ҳам дар манзилашон барқ надоранд: “Ҳамон вақт, рӯзҳои барфӣ, барқамон «мурд». Гуфтанд, ки сим сӯхтааст. Баъд барқ омад. Имрӯз (11 ноябр) аз саҳар инҷониб аз «движок» истифода мекунем.”

Усулан барқ бояд дар муассисаҳои муҳиме ҳамчун зоишгоҳ ва утоқҳои ҷарроҳӣ қатъ нашавад, то ҷони модару кӯдак ва маризҳо ба хатар рӯ ба рӯ нагардад. Аммо дар асл ин тавр нест ва ин мусассисаҳо низ ба камбуди барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Солҳои ахир бисёре аз бемористонҳо “генератор” харидаанд, ки то ҷойе ин мушкилро рафъ мекунад, аммо ин дастгоҳҳо, ки нерӯи кофӣ надоранд, наметавонанд ҷойи барқро бигиранд.