Тибқи иттилои "Эхо Москви", интизор меравад, ки имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон ба Душанбе бозгардад.
Юрий Попов рӯзи 11-уми ноябр ва пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои машварат бо мақомоти кишвараш озими Маскав шуда буд.
Вазорати умури хориҷии Русия пас аз эълони ҳукми халабони рус дар додгоҳи вилояти Хатлон дар рӯзи 7-уми ноябр, Юрий Поповро барои машварати кӯтоҳмуддат ба Маскав фаро хонда буд. Бино ба оинҳои дипломатӣ, ин як нишони эътироз ва қадами аввал дар қатъи равобит аст.
Ҳамзамон имрӯз, 14-уми ноябр, баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва миллатгарои рус нақша доранд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия тазоҳурот ва озодии халабони русро талаб кунанд. Рӯзи 12 ноябр низ афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд.
Ба ин манзур бо қарори сафири Тоҷикистон дар Русия як ситоди махсус барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик таъсис ёфтааст. Тӯрабек Назаров, мушовири сафорати Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, ин ситод ҳамчунин ба кӯмаки муҳоҷироне, ки дар вазъи ногувор қарор доранд, хоҳад шитофт. Ба узвияти ин ситод 22 нафар шомиланд, ки дар садри он Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, қарор дорад.
Баъди пешниҳоди шикояти вакилони дифои халабонҳо, қарор аст, ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад. Дар ҳоле ки бино ба хабри расонаҳои русӣ қазияи халабонҳоро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати худ гирифтааст.
Бо ин вуҷуд, дар тӯли як ҳафтаи ахир Хадамоти муҳоҷирати Русия ба боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик шурӯъ кард. Хадамот мегӯяд, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон ба қазияи халабонҳо бастагӣ надорад ва онҳо муҳоҷиронеро боздошт менамоянд, ки аснод барои будубош ва кор дар қаламрави Русияро надоранд.
Аммо шоми 12-уми ноябр, дувоздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфтанд, ки то панҷ соли дигар ҳуқуқи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт. Ин афрод мегӯянд, бо вуҷуди он, ки асноди лозим барои зиндагӣ ва кор дар қаламрави Русияро доштанд, аммо маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия онҳоро боздошт ва ҳамин тавр ба Тоҷикистон “депортатсия” кардаанд. Аз ин дувоздаҳ муҳоҷири депортшудаи тоҷик ду нафари онҳо фақат як рӯзи пеш ба пойтахти Русия барои кор рафта буданд, вале аз фурудгоҳи “Домодедово” дубора ба кишварашон фиристода шуданд.
Ба гуфтаи як корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, маблағи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳисоби буҷаи Русия сурат мегирад.
Феълан дар шаҳрҳои мухталифи Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд, ки солона ба кишвар беш аз 2 миллиард доллар маблағ интиқол медиҳанд. Маблағе, ки иқтисоди заифи Тоҷикистонро ба чархиш медароварад ва шиками миллионҳои дигарро сер мекунад.