Гуфтугӯ бо рӯзноманигор ва таҳлилгари Wall Street Journal Садананд Дҳуме пиромуни тундгароии исломӣ.
Садананд Дҳуме дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба авомиле, ки тундгароии исломиро доман мезанад ва дар бораи самтгириҳои чунин тундгароӣ дар ҷаҳони Ислом андешаҳои худро баён дошт.
Вай ба суоле дар ин бора, ки тундгароии исломиро чӣ тарз арзёбӣ мекунад, чунин посух дод: “Он гуна, ки мушоҳида мекунам, дини Ислом яке аз динҳои бузурги ҷаҳон аст ва аз он як миллиарду як миллион одам пайравӣ мекунанд. Вале Исломи тундрав бар ақоиди сиёсӣ устувор аст ва шумораи ками мусулмонон дунболи ин ақидаҳо мераванд. Пайравони он мехоҳанд, ки ақоиди худро дар ҳар бахши умури давлативу ҷомеа таҳмил кунанд. Он аз фароизи фарогир иборат аст ва тундравони исломӣ бовар доранд, ки он аз ҷониби Худо нозил шудааст ва барои идораи умури иҷтимоиву давлатӣ дар ҳар замина онро бояд сарчашма қарор дод. Ҳамин аст тафовути миёни мусулмонони маъмулӣ, ки ба дини худ эътиқод доранд, зиндагии худро мисли дигарон мегузаронанд ва миёни тундравҳо, ки барои бозсозии ҷаҳон ба ваъдагароӣ такя мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Дар кадом бахшҳои ҷомеа Исломи тундрав ё радикал бештар нуфуз пайдо кардааст?
Садананд Дҳуме: “Исломи тундгаро бештар дар миёни одамони таҳсилдида маъруфият пайдо кардааст. Ба фикри ман, чизе, ки мардумро ба худ мекашад, содда будани ҷавоб ба пурсишҳо ва табиати фарогири ҷавобҳоест, ки аз он бармеояд. Аксар вақт ин одамони таҳсилдида раҳбарони аввали хонаводаҳо дониста мешаванд. Бештари онҳо дар бахшҳои фаннӣ таҳсил гирифтаанд, мисли муҳандисӣ, тиб ва риёзиёт.”
Радиои Озодӣ: Дар кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб кадоме аз онҳо дар ҷаҳони Ислом бартарӣ доранд?
Садананд Дҳуме: “Кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб роҳи тӯлониро тай мекунад. Ман фикр мекунам, ки исломи ислоҳталаб бартарӣ дорад. Онҳо мисли диндорони маъмулии динҳои дигар ҳастанд. Вале ба фикри ман, исломи тундгарову хеле хуб созмонёфта ақоиди қавӣ дорад ва, албатта, дар бисёр ҷойҳо онҳо дар марҳилаҳое комёб мешаванд. Вале он чӣ ба бартарӣ иртибот дорад, ман ҳамоно мегӯям, ки ислоҳталабон бартарӣ доранд. Вале кӣ ба комёбиҳои муваққатӣ ноил мешавад? Ман бояд эътироф кунам, ки дар бисёре аз ҷойҳо тундгароён.”
Радиои Озодӣ: Чӣ омилҳо метавонад нерӯи савқдиҳандаи ислом бошад ва ба кадом самт исломро мебарад?
Садананд Дҳуме: “Фикр мекунам, мо бояд чанд омилро дар назар бигирем. Ба андешаи ман, мо бояд бубинем, ки масалан, сарнавишти Баҳори Араб чӣ хоҳад шуд. Оё демократия дар он ҷо реша хоҳад гирифт. Мо бояд бубинем, ки чӣ ҷомеаҳое бо иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ хоҳанд шуд, зеро собит шудааст, ки ин ягона роҳи муносиби пешрафт аст. Ба ҳамин далел, фикр мекунам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ нақши демократия ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нақши бозор муҳим аст. Ин ду ҷонибест, ки барои самтёбӣ нақши муҳим хоҳанд дошт.”