Кристина Лагард, мудири Сандуқи Байнулмилалии Пул мегӯяд, бӯҳрони қарзии Аврупо, иқтисоди ҷаҳониро ба хатари “даҳаи аздастрафта” рӯ ба рӯ кардааст.
Хонум Лагард аз Чин ва кишварҳои дигар хост, кӯмак кунанд, то бӯҳрони қарзии Аврупо ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон густариш наёбад.
Дар суханронӣ дар як ҳамоиши байнулмилалии молӣ дар шаҳри Пекин Кристин Лагард гуфт, ҳоло навбати кишварҳои мутараққӣ аст, ки рушди
иқтисодӣ ва эътимод дар бозорҳоро эҳё кунанд: "Агар мо ҷасурона ва ҳамроҳ иқдом накунем, иқтисоди ҷаҳонӣ ба гирдоби номуаянӣ, бесуботии молӣ ва суқути эҳтимолии тақозои саросарӣ хоҳад афтод. Дар ниҳоят ба гуфтаи баъзе аз шореҳон мо ба хатари “даҳаи аздастрафта” рӯ ба рӯ хоҳем шуд."
Кристин Лагард афзуд, иқтисоди ҷаҳонӣ ҳоло ба як марҳилаи хатарноке ворид шудааст, ки низоми заифи молӣ ва рукуди иқтисодӣ дар бадтар шудани ҳамдигар мусоидат мекунанд. Ин тамоюл аз он назар хатарбор аст, ки дар замони бӯҳрони молӣ, тавлиди маҳсулот ва ироаи хадамот кам мешавад, рукуди иқтисодиро бадтар мекунад. Баъди чунин рукуд эҳёи иқтисодӣ кундтару сахттар назар ба эҳёи баъди рукудҳои маъмулии иқтисодист. Чунин ҳолат дар замони рукуди иқтисодии соли 2008 мушоҳида шуд.
Мудири Сандуқи Байнулмилалии Пул ба хотири он ба Чин сафар кардааст, то бидонад, ки ин кишвар барои коҳиши сирояти бӯҳрони дар ҳоли амиқрафти қарзии Аврупо ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон чӣ кор карда метавонад. Интизор меравад, ӯ аз мақомоти Чин бихоҳад дар тақвияти Хазинаи кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо саҳм гузорад, ки ҳадафи он хазина берун кашидани кишварҳои бӯҳронзадаи ҳавзаи евро аст.
Хонум Лагард ҳамчунин ба Чин ҳушдор дод, ки арзиши пули миллии худ дар баробари доллар ва евроро боло барад: "Ислоҳот дар низоми молӣ ҳамчунон муҳим хоҳад буд ва онгуна ки пештар ҳам гуфтаем, Чин ба пули қавитаре ниёз дорад, ки воқеияти иқтисодӣ талаб мекунад. Аммо дар ин ҷабҳа низ пешрафт ҳаст."
Сафари Кристин Лагард ба Пекин дар ҳоле сурат мегирад, ки нигарониҳо аз амиқрафти бӯҳрони қарзӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро ба мисли Юнону Итолиё авҷ мегиранд. Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё рӯзи сешанбе ваъда дод, ки баъди қабули барномаи дардноки коҳиши хароҷот ва ҳамингуна қарзҳои давлатӣ аз мақомаш истеъфо медиҳад. Аммо ин ваъда таъсири мусбате ба бозорҳои молӣ надошт. Дар натиҷа дирӯз баҳраи қарзҳои пешниҳодӣ ба давлати Итолиё ба 7 дар сад расид, ки баҳои бисёр баланд маҳсуб мешавад ва дар ин ҳол сармоягузорон аз додани қарз ба кишвар парҳез мекунанд.
Вақте бо Юнону Ирландия ва Португалия чунин шуд, онҳо ба Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмаки молӣ муроҷиат карданд. Аммо бо назардошти иқтисоди азими Итолиё ва нотавонии Аврупо дар наҷоти он кишвар аз бӯҳрон ҳоло Юнон ба масъалаи дуввумдараҷае табдил шудааст. Оллӣ Рейн, масъули умури иқтисодӣ ва молии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, вазъи иқтисодиву молии Итолиё “бисёр изтиробовар” аст.
Айни замон гурӯҳи нозирони Иттиҳодияи Аврупо вориди Итолиё шуданд, то бубинанд, ки оё давлати ин кишвар ба ислоҳоти иқтисодие, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни нишасти Гурӯҳи 20 ваъда дод, оғоз кардааст, ё хайр. Дар Юнони бӯҳронзада ҳанӯз ҳам музокирот барои таъсиси ҳукумати муваққат идома дорад, ки ин ҳукумат бояд як барномаи дардноки коҳиши имтиёзу хароҷоти давлатиро то охири сол қабул кунад, дар акси ҳол аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул кӯмаки молӣ нахоҳад гирифт, ки паёмади ин варшикастагии фалокатбор барои Юнон ва сирояти ин бӯҳрон ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо аст.

Ислоҳот дар низоми молӣ ҳамчунон муҳим хоҳад буд ва онгуна ки пештар ҳам гуфтаем, Чин ба пули қавитаре ниёз дорад...