Дашноми тоҷикӣ дар Маскав. Баъди хондани намоз

Дар акс: Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик ва муаллифи ин матлаб

Субҳи пурфайзу футӯҳе буд. Кӯчаҳои Маскав пур аз муҳоҷир ва ҳар сари қадам корманди пулису ОМОН. Аммо аҷибаш дар он буд, ки касе аз муҳоҷирон аснод намепурсид.
Роҳҳои атрофи Масҷиди марказии Маскав баста буду мардум аз худравҳо поин шуда, пиёда сӯи намозгоҳ мешитофтанд. Аз растаҳое, ки ашёи мақбули мусалмононро ба фурӯш гузоштаанд, бӯи мушки анбари Мадина меомад. Аксари фурӯшандагони ин ҷо тоҷикони мо буданд. Аксари харидорон ҳам тоҷикон буданд!

Як лаҳза чашмамро пӯшида ба гуфтугузори фурӯшандаву харидорон гӯш додам. Қариб бовар намудам, ки дар кадом растаи атфурӯшии шаҳри Душанбе ҳастам. Торикӣ мавқеи худро бар шафақ медод.

Пас аз чанд лаҳзаи интизорӣ дари масҷидро кушоданду намозгузорон “Аллоҳу акбар”-гуён ба дохили масҷид давиданд. Ман ҳам ҳамроҳашон давидам.

Пушти дари бинои асосии масҷид, ки он ҷо имом менишаст, он қадар одам ҷамъ омад, ки беҳисоб! Ҳама мехостанд, ки ба бинои асосӣ ворид шаванд, агарчӣ дар толори дигар ва дар ҳавлии масҷид ҷой хеле зиёд буд. Маъмурони интизомӣ омаданд ва ба ҷамъомадагон фаҷмониданд, ки ҳамаро наметавон дар бинои асосӣ ҷой дод, панҷнафарӣ бонавбат даромада, ҷойҳои худро ишғол намоед. Боқимонда ба толори дигар, таҳхона, ҳавлии масҷид ва кӯча ҷой гиред.

Як гурӯҳ намозгузорон пароканда шуданду гурӯҳе навбати вуруд ба бинои асосиро интизор буданд. Аммо дар ин миён як гурӯҳи муқтадире ҳамдигарро теле дода мехостанд, ки бидуни навбат вориди бино шаванд. Аксарияти ин гурӯҳро (забонам намегардад, ки гӯям) ТОҶИКОНИ МО ташкил медоданд. Як нозире, ки дар дасташ микрофон дошт, бо ЗАБОНИ ХУДАМОН мефаҳмонд, ки тартиботро риоя намоем, аммо хамватанони мо гӯиё инро намешуниданд ва ё шунидан намехостанд.

ТОҶИКОНИ МО бошанд, тела медоданду тела медоданд. Кашокаш анқариб як соат идома кард. Ман аз сокиноне, ки дар пешайвонҳо истода, чунин бенизомиро тамошо доштанд, шарм доштам. Аз мусулмонони бомаданияти тотор, ки ба бенизомии “земляк”-ҳои ман афcӯс мехӯрданд, шарм доштам. Аз Худованд шарм доштам…

Инҳо обрӯи миллати тоҷикро дар назди мусалмонони Маскав, обрӯи мусалмонро дар назди сокинони ғайримусулмони Маскав резониданд. Хотирам озурда шуд. Намози ид анҷом ёфту кӯчаҳои Маскав дигарбора пурғалоғула гардид. Баъди намоз ҳар кас ҳамроҳи худро меҷуст.

Садои як нафар ҳамсоламро шунидам, ки бо забони ХУДАМОН тавассути телефон ба ҳамсӯҳбаташ чунин мегуфт: “Холаата…(дашноми қабеҳ) дар куҷоӣ? Намеёвумут!”

Оё намози идонаи ҷавони ҳақоратгӯву намози идонаи шунавандаи ӯ қабул шуда бошад?

Ҳамсолони азиз! Биёед, пеш аз намозу ибодат аввал маданияти Исломро омӯзем. Биёед миллату дини худро байни дигарон шарманда накунем. Чи гуфтед?