Тарма ҷони ду сокини Кӯҳистони Масчоро гирифт

Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ҷасади ду чӯпони зери тармамонда дар ағбаи Оббурдонро берун оварда, ба ноҳияи Масчо интиқол додаанд.
Ҳоҷӣ Музайянов, аз масъулони ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду чӯпони масчоҳӣ-Исмоил Назирови 48 сола ва Мирзошариф Давлатови 46-сола, сокинони деҳоти Резгиф ва Даштак шоми 5-уми ноябр дар зери тарма монда, ҳалок шуданд. Вай афзуд, ҳамчунин 400 сар рамаи гӯсфандони чӯпонҳо зери барф мондааст.

Дар ҳамин ҳол ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд мегӯяд, роҳи ағбаи Шаҳристон баста нест, аммо боришоти барф убуру мурури нақлиёт аз онро хеле душвор кардааст. Бино бар хабарҳои расида аз гарданаи Шаҳристон, аз роҳи гардана танҳо мошинҳои "Камаз" ва "ҷип" убур карда, автомобилҳои оддӣ дар роҳ дармондаанд.

Як корманди бозрасии давлатии автомобилии Суғд аз гарданаи Шаҳристон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар гардана барф меборад, вале ҳаво мулоим аст.

Имсол бар хилофи бебарфиҳои зимистони гузашта, барфи аввал дар моҳи ноябр борид. Масъулони маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳанӯз се рӯз қабл тавассути телевизион ба мардум ҳушдор дода буданд, ки рӯзҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми ноябр аз сафар ба минтақаҳои кишвар худдорӣ бикунанд. Зеро ба қавли онҳо, дар ин рӯзҳо дар баландкӯҳҳо барфи зиёд борида, резиши баҳман ё тарма низ дар назар аст. Ҳарчанд тӯли рӯзи ҳафтуми ноябр ҳаво мӯътадил буд, вале шоми ин рӯз борон борид ва баъдан ба барф табдил ёфт.

Дар ҳамин ҳол ба маълумоти маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои номувофиқ барои сафар то рӯзи 13 - уми ноябр дар ҳудуди ағбаҳои Анзобу Шаҳристон боқӣ хоҳад монд. Светлана Сидоренко, навбатдори маркази мазкур дар суҳбат бо РО дар ин бора гуфт, ки дар ағбаҳои Анзобу Шаҳристон дар панҷ рӯзи оянда ҳавои туманолуд ва боришот дар назар аст. Аммо ба сурати умум ҳаво дар ин минтақа нарм, аз сифр то 5 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ронандагон, ки мусофиронро аз Душанбе ба минтақаи шимоли кишвар мебаранд, дар тамосҳои телефонӣ ба мо гуфтанд, ки дар баландкӯҳҳо барфи зиёде боридааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, барфи зиёд убуру мурур аз гарданаи Шаҳристонро мушкил кардааст.

Бархе аз ин ронандаҳо мегӯянд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо, онҳо бо тақозои мусофирон роҳ пеш гирифтанд ва дар роҳи барфзадаи ағбаи Шаҳристон дармонда, соатҳоро дар сардиву торикӣ паси сар кардаанд:

-«Роҳ барфу ях. Ҷойе банд монед, тез ба мададатон намерасанд. То техника ҷамъ мекунанд, то меоранд, ки …»

-«Аввал аз ронандаҳо пули сӯзишворӣ ҷамъ мекунанд. Ман худам дар ағбаи Шаҳристон 25 сомонӣ додам. Аз ҳама ҷамъ карданд. Барои тракторҳои роҳтозакунанда.»

Дар ҳамин ҳол аз ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки гурӯҳи кормандони ин ниҳод дар қитъаи роҳи ағбаи Шаҳристон фаъолият мебаранд, аммо аз шарҳи чӣ имконоти техникӣ дар ихтиёр доштани онҳо худдорӣ варзиданд.

Роҳи гарданаи Шаҳристон тангу ноҳамвор аст ва бо техникаи барфтозакуниву берункашии нақлиёти дармонда хуб таъмин нест. Ин роҳ аз замони шӯравӣ бозсозӣ ва мумфарш нашуда боқӣ мондааст. Давлати Тоҷикистон аз соли 2006 ин мушкилро бо сохтани нақби беш аз 5 километрӣ аз гарданаи Шаҳристон мехоҳад бартараф кунад. Қарор буд ду моҳ қабл ин нақб мавриди истифода қарор гирад, аммо то моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шуд.

БАРФИ НАХУСТИНИ ЗИМИСТОНИ ИМСОЛА ДАР ДУШАНБЕ:

Барфи нахустини зимистони имсола