Модари Б.Шодиев: "Ба додгоҳ шикоят мебарам"

Модари Баҳромиддин Шодиев мегӯяд, аз чораи мақомот нисбати маъмурони пулис розӣ нест ва алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят мебарад.
Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев- 28 сола, ки бар асари латтукӯби милисаҳо дар беморхона ҷон додааст, мегӯяд, аз чораҳое, ки вазири корҳои дохилӣ дар нисбати кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур дидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қонеъ нест.

МОДАР БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ МЕБАРАД

Холаи Ниёзбибӣ меафзояд, ки агар алайҳи ин маъмурони ба додгоҳ шикоят набарад, ин милисаҳои бераҳм боз дар ҷои дигар кор меёбанду зиндагӣ мекунанд, вале вай ҷони фарзанди ҷавонашро ба ҳеҷ баҳое харида наметавонад.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Бо амри Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон пас аз марги Баҳромиддин Шодиев, ки баъди бозпурсӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳоли вазнин ба бемористон оварда шуд ва дар шӯъбаи реаниматсия ҷон дод, чанд кормандони милиса аз ҷумла Алишер Иноятов, Диловар Муродов ва муфаттиши милиса Абдураҳмон Додов аз системаи умури дохила ронда шуданд. Илҳомҷон Каримов, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз вазифааш хориҷ карда шуд.

...ТО ФАРЗАНДОНИ ДИГАРОН БА ИН РӮЗ ДУЧОР НАШАВАНД

Аммо модари Баҳромиддин ба хотири ин, ки фарзандони дигарон низ ба ин рӯз наафтанд мехоҳад милисаҳоеро, ки дар марги фарзандаш даст доранд ва мусоидат кардаанд, дар маҳбас бубинад: «Агар фарзанди ман чанд лаҳза ба худ намеомаду намегуфт, ки дар шуъбаи милисаи

Баҳромиддин Шодиев

ноҳияи Шоҳмансур ба вай чӣ кардаанд, аслан хабар надоштам ва фикр мекардам, ки ҳамин хел аз ошёнаи дуввум афтидаасту ҷон додааст. Вай гуфт, ки Илҳоми милиса, Алишер ва Саид бисёр азобаш додаанд, дар даҳонаш скоч баста дастонашро ба пушт баста дар свет мондаанд. Бо лагаду мушт дар сараш заданд. Чӣ хел ман метавонам қонеъ бошам, бигзор инҳо дар маҳбас шинанду аққалан фикр кунанд, ки бо ин ҷавон чӣ кардаанд. Ман албатта ба додгоҳ шикоят мекунам, ҳоло аслан ҳавосам нест. Инҳоро аз кор озод кардаанд боз зиндагишона меёбанд, вале ман мехоҳам, ки инҳо ҷазои сазовор бинанд.»


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Модари Б.Шодиев: "Ба додгоҳ шикоят мебарам"- гузориши Мирзонабии Холиқзод



ВАҚТЕ ҚОНУНШИКАН ҶАЗО НАМЕГИРАД...

Ҳуқуқдонҳо ва кормандони ситемаи адвокатураи Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ҳушдор додану аз вазифаҳо сабукдӯш кардани милисаҳо ва хусусан кормандони соҳаи зудамале, ки дар боздоштгоҳҳои ин система кор мекунанд, мушкил ҳал ва аз байн бурда ҳам намешавад.

Онҳо аз вазифа мераванд ва боз дар ҷои дигар дар вазифаҳои баландтар ба кор медароянд. Чунин рафтори нокифояи вазорат, як масуният барои чунин милисаҳо эҷод кардааст, ки ҳар тавре хоҳанд ба шахси боздоштшуда муносибат мекунанд.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъ

Ҳуқуқдон Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, ки вақте кормандони милиса барои амали шиканҷаву латтукуб ҷазои мувофиқ намегиранд, фикр мекунанд, ки ин рафтори онҳо дуруст аст. Ба қавле аз кор рондану ҳушдор додан, фақат ба чашми мардум хок задан аст: «Бояд назорати прокурорӣ таҳким бахшида шавад ва нисбати ҳар амал парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, барои сӯистифода аз вазифаи милисагӣ, барои латтукӯбу шиканҷа, ҷазои сазовор дода шавад, он вақт агар ин масъала пурра аз байн наравад ҳам, вале масъулияти милисагиро дар иҷрои ҳар амалаш бештар мекунад.»

ИЗҲОРОТИ ДУХУРАИ МАҚОМОТ?

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила бо маънои духура бо хабаргузориҳо изҳори назар кардааст. Вай аз як тараф мегӯяд, ки вазир дастур додааст, сабаби аслии марги Баҳромиддин Шодиевро таҳқиқ кунанд ва алайҳи дастандаркорон парванда боз кунанд ва аз тарафи дигар мегӯяд, ки Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дуюми шуъбаи умури дохила сарозер андохтааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Аммо вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки вазири умури дохила вақте кормандони худро ҷазои маъмурӣ медиҳад, маънои онро дорад, ки гуноҳи кормандони ситемаи худро эътироф кардааст, яъне ин ба он маъност, ки дар ҳақиқат бар асари латту куб ва азияти милисаҳои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Баҳромиддин Шодиев ҷон додааст: «Вақте ки вазири умури дохила онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекунад, яъне гуноҳи онҳоро ба зимма мегирад. Лекин намебоист, ки онҳо аз вазифа озод мекарданд, бояд зидди онҳо парванда боз карда шуда ва ба онҳо ҷазои баландтарин дода шавад. Даҳҳо хонаводаҳое ҳастанд, ки бар асари латтукӯби милисаҳо дар боздоштгоҳҳо кушта мешаванд ва ё саломатии худро барои ҳамеша аз даст медиҳанд.»

Марги Баҳромиддин Шодиеви 28-сола нахустин ҳодисае нест, ки шахси гумонбар бо ин ва ё дигар ҷурм ба беморхона оварда мешавад ва ба марг рӯ ба рӯ мешавад.

Чанд моҳ пеш Сафаралӣ Сангов, як сокини дигари Душанбе, ки ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам шуда буд, дар бинои пулис ҷароҳат бардошт ва дар ҳоли беҳушӣ дар беморхона ҷон дод.