Шаш медали гуштигирони тоҷик дар Юнон

Гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо миёни собиқадорон дар Юнон шаш медал ба даст оварданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 24 кишвар ширкат доштанд.

Вай афзуд, Карим Мерганов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило дар гурӯҳи устодони синнашон аз 35 то 39-сола бар рақибонаш Вячеслав Богданов ва Семён Кочеров ( ҳарду аз Русия) пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Аббос Аббосови русиягӣ ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Гуштигирони дигари тоҷик - Шамс Расулов, Хуршед Норов, Ҳақназар Ҳақназаров (ҳарсе дар вазни 68 кг), Раҷабалӣ Холов (82 кг) ва Бозоралӣ Маҳмудов (90 кг) мувофиқи синнашон ҷойҳои саввумро касб карданд ва бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Маҳмуди Абдулло

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ гуштигирони тоҷик ҳоло ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии самбо миёни бузургсолон , ки аз 11-ум то 13-уми ноябр дар пойтахти Литва – шаҳри Вилнюс баргузор мешавад, таҳти раҳбарии Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, омодагӣ мебинанд.

Дар ин мусобиқа ширкати паҳлавонони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов (52 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Фурқатҷон Назриев (90 кг) ва дигарон дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки пас аз пирӯзии Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, ягон гуштигири дигари Тоҷикистон то имрӯз дар риштаи самбо миёни бузургсолон медали тилло ба даст наовардааст.