Барканории се маъмури пулис дар робита ба марги Шодиев

Баҳромиддин Шодиев

Се маъмури ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур дар робита ба марги Баҳромиддин Шодиев аз симати худ барканор шудаанд.
Баҳромиддин Шодиев, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуд, баъди бозпурсӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳоли вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва дар бахши эҳёи Маркази миллии беҳдошт аз дунё даргузашт.

Ҳоло дар заминаи ин ҳодиса як бозрас, ки Шодиевро бозпурсӣ кардааст ва ду ходими идораи пулис, ки дар боздошти ӯ иштирок доштанд, аз кор сабукдӯш шуданд. Ному насаби кормандони пулис то ҳол ошкор нашудааст.

Ходимони пулис иддао доранд, ки Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дуввуми идораи пулис ба берун афканда ва шадидан ҷароҳат бардошта, аммо асосан аз бемории сил фавтидааст. Хешу табори Шодиев ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, дар бадани ӯ нақши латту кӯбро мушоҳида кардаанд.


Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи худ гуфтаанд, марги Баҳромиддин Шодиев, ки ба қавли пайвандонаш дар пайи шиканҷаи маъмурони пулис иттифоқ уфтодааст, ба обрӯи Тоҷикистон латма дар сатҳи байнулмилалӣ хоҳад зад.

Бори аввал нест, ки боздоштшудаҳо дар идораи пулис ҷароҳат мебардоранд ва дар ҳоли бехудӣ аз дунё мегузаранд. Чанд моҳ пеш Сафаралӣ Сангов, як сокини дигари Душанбе, ки ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам шуда буд, дар бинои пулис ҷароҳат бардошт ва дар ҳоли беҳушӣ вафот кард.

Паравандаи ҳалокати Сангов ҳанӯз ба охир нарасидааст, вале кам касоне бовар доранд, ки ҳам дар қазияи Сангов ва ҳам дар қазияи Шодиев ходимони пулис аз рӯи адолат ҷазо бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳангоми муаррифии гузориши ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар рӯзи севуми октябр, Шерхон Салимзода гуфт, ки дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст.