Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми худро алайҳи халабонҳои як ширкати русӣ рӯзи 8-уми ноябр эълом хоҳад кард.
Ба Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, 13 соли зиндон таҳдид мекунад.
САФОРАТИ РУСИЯ АЗ ШАҲРВАНДИ ХУД ДИФОЪ КАРД
Дар рӯзи охирини мурофиаи додгоҳӣ, бо дархости расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон, ба Дмитрий Кабаев, мушовири намояндагии дипломатии Русия дар масоили сиёсӣ, иҷоза дода шуд, ки мавқеи кишвари худро оид ба парвандаи мазкур баён кунад. Ҷаноби Кабаев гуфт:
«Сафорати Русия бо ҷузъиёти ҳуқуқии парвандаи мазкур хуб ошно нест. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи гуманистии масъала бояд бигӯем, ки мо ба сарнавишти шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва ҳамчунин ҳамзабони мо аз Эстония Алексей Руденко бефарқ нестем.
Аз нигоҳи ақли солим, маълум аст, ки судшавандаҳои имрӯза ҷинояткори ашаддӣ нестанд. Гуноҳашон танҳо ин аст, ки онҳо супориши кордеҳони худро иҷро мекарданд. Ҳатто агар қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон поймол шуда бошад ҳам, ин ду халабон танҳо қурбони нофаҳмиҳо шудаанд. Мо мутмаинем, ки ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистон ба тақдири афроди судшаванда бархӯрди башардӯстона хоҳад дошт. Мо ҳамчунин намехоҳем, ки дар муносиботи бародаронаи кишварҳои мо ва мардуми мо ихлол ворид шавад. Сафорат ин парвандаро ҷиддан думболагирӣ намуда, дар сарнавишти минбаъдаи шаҳрванди кишвари мо ва шаҳрванди Эстония иштирок хоҳад дошт.»
Баёнияи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба қазияи додгоҳии халабонҳои рус дар ҳоле садо медиҳад, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз намояндагиҳои дипломатии кишвари худ барои бетафовутӣ ба сарнавишташон шикоят мекарданд. Дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамчунин намояндаи сафорати Эстония дар Қазоқистон ҳузур дошт, аммо аз шарҳи мавқеъи кишвараш доир ба ин парванда худдорӣ кард.
13 СОЛ ДАРХОСТИ МАҲКУМИЯТ БА ЗИНДОН
Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии Хатлон, дар поёни мурофиаи додгоҳӣ гуфт, даст доштани Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз собит шудааст. Вай аз додгоҳ хост, ин ду полковники мустафъии русро барои 13 сол аз озодӣ маҳрум карда, ду ҳавопаймои навъи АН-72-ро, ки зери идораи онҳо ғайриқонунӣ дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омадааст, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кунад.
Додситон Холов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ мавқеъи худро чунин шарҳ дод: "Ҳавопаймоҳое, ки Садовничий ва Руденко идора мекарданд, умуман бояд аз замин боло намешуданд. Зеро ду санади муҳим: яке сертификати мӯҳлати истифодаи ҳавопаймо ва дигаре маълумотнома оид ба муоинаи техникиро надоштанд. Ҳамчунин ин ҳавопаймоҳо дар ҳеҷ куҷо ба қайд гирифта нашудаанд, соҳибмулкаш маълум нест. Барои ҳамин парвоз кардани инҳо хеле хатарнок аст, ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози амниятӣ. Бори охир соли 2008-ум ҳавопаймоҳо аз қайди Гурҷистон бароварда шуда, дигар дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд."
ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕ ҲУВИЯТ?
- Магар то соли 2008 ин ҳавопаймоҳо моли давлати Гурҷистон буданд?
"Моли ҳеҷ кас нест ҳоло. Азбаски дар Русия ҳавопаймоҳои ширкатҳои хусусиро ба қайд намегиранд, онҳоро дар дигар кишварҳо бурда ба қайд мемонанд, зеро танҳо дар ҳамон вақт ҳуқуқи парвозро пайдо мекунанд. Ҳоло бояд ин ҳавопаймоҳо ҳамчун олоти ҷиноят мусодира карда шаванд. Зеро агар ҳамин ҳавопаймоҳои номаълум намебуданд, ҷиноят ҳам намебуд."
Ҳамчунин ин масъала, ки ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД», яъне молики ҳавопаймоҳои АН-72, дар минтақаи оффшори Вирҷинияи Бритониёи Кабир сабти ном шуда, молики аслии он маълум нест, шубҳаи мақомоти амниятиро ба бор овардааст.
Валерий Пфефер, намояндаи ширкати мазкур, мегӯяд, Садовничий ва Руденко аз соли 2008 ба ин сӯ, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» дар Афғонистон танҳо маводи ғизоии мансуб ба НАТО-ро ҳамлу нақл намуда, дар ҳеҷ амалиёти низомӣ ширкат накардаанд. Вай афзуд, дар сурати аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудани халабонҳо, ширкат омода аст, аз баҳри ин ду ҳавопаймои мавриди баҳс барояд.
ХАЛАБОНОН ХУДРО БЕГУНОҲ МЕҲИСОБАНД
Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, дар нутқи қариб яксоатаи худ тамоми иттиҳомоти эълоншударо рад кард ва худро комилан бегуноҳ номид: «Хулосаи айбдоркунии додситонро душвор аст як санади ҳуқуқӣ номид. Санадҳои тафтишотӣ низ аз лиҳози ҳуқуқшиносӣ носаҳеҳ буданд. Тарҷумаи русии протоколи мурофиаи додгоҳӣ ғайриҳирфаӣ ва бароям норӯшан буд. Умедворам, ки нусхаи тоҷикии он беиштибоҳ асту нишондодҳои мо ва шоҳидон дуруст дарҷ шудааст. Мо танҳо аз рӯйи зарурат ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омадем, зеро захираи маводи сӯхти ҳавопаймоҳо барои бозгашт ба Кобул кифоят намекард ва ҳавопаймо бо хатари садама рӯ ба рӯ буд. Дар ҳавопаймо ягон ашёи ғайриқонунӣ кашф нашуд. Инро шоҳидон-намояндагони хадамоти гумрук тасдиқ карданд. Аз додгоҳ мехоҳам, ки моро сафед кунад ва ба инобат гирад, ки бо фуруд омадани ҳавопаймоҳои мо на ба амният, на ба муҳити зист ва на ба мардуми Тоҷикистон зараре нарасидааст.»
Бо хатми нутқи охирини афроди муттаҳам додраси мурофиа Темур Боев гуфт, чаҳор рӯзи оянда ҳама далелҳои муфаттишони парванда, адвокат ва айбдоршавандаҳоро мавриди баррасии одилона қарор дода, сешанбеи 8-уми ноябр ҳукми додгоҳро эълом хоҳад кард.
Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, шаҳрвандони Русия ва Эстония, ки ҳавопаймоҳои навъи АН-72, мансуб ба ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД»-ро халабонӣ мекарданд, 12-уми марти соли ҷорӣ бидуни иҷозаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, яке паси ҳам, бо фосилаи 20 дақиқа, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд. Ин ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ба ҳаракат даромада будаанд.
Онҳо аз сӯйи кормандони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт гардида, дар беш аз ним соли ахир дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қурғонтеппа нигоҳ дошта мешаванд.